Пайвандҳои дастрасӣ

Созмонҳои Ҳизби демократ дар навоҳии Тоҷикистон ба роҳбари худ, Масъуд Собиров изҳори нобоварӣ карда, даъвати анҷумани фавқулодаро зарур хондаанд.

Гурӯҳе аз аъзои Ҳизби демократи Тоҷикистон бо нашри як эъломия хостори баргузории анҷумани фавқулодаи ин ҳизб шуда, зимни чунин даъват ба раҳбари кунунии худ -- Масъуд Собиров, изҳори нобоварӣ кардаанд.

Муаллифони баёния, ки наздик ба 20 нафаранд, мегӯянд, таҳти раҳбарии ҷаноби Собиров ин ҳизб ба парокандагии бештар рӯбарӯ шуд ва эътибори он на танҳо дар саҳнаи сиёсӣ, балки дар миёни сокинони кишвар коҳиш ёфт. Онҳо барои даъвати анҷумани фавқулода Кумитаи тадорукот таъсис додаанд, ки котиби он, Табаралӣ Зиёзода, мегӯяд: "Мутаассифона, умеди демократҳо аз Масъуд Собиров пуч баромад ва ба он арзишҳое, ки аъзои ҳизб мехостанд мувофиқат накард. Масъуд Собиров худаш намедонад бо ки имрӯз ҳамроҳ аст, чун муовинони якум ва дуюмаш аллакай бо ӯ нестанд. Раёсаташ умуман кор намекунад. Мо ба вақти гузарондани Анҷуман тамоми созмонҳои ҳизбро новобаста аз мавқеашон даъват мекунем. Бигзор ҳамин анҷуман ҳал кунад, ки раёсат аз киҳо иборат мешавад, кадом самтро интихоб мекунад ва чи тавр бо созмонҳои маҳаллии худ ин раёсат кор мекунад. Ҳадаф дар асоси оиннома муттаҳид кардани ҳама аъзои ҳизб аст."

Ҷаноби Зиёзода мегӯяд, изҳороти Масъуд Собиров дар робита ба рӯйдодҳои моҳи июли Бадахшон созмонҳои минтақаии ҳизбро норозӣ боқӣ гузошт, зеро ин изҳорот аз номи ҳизб пахш шуд буд, вале бидуни машварат бо аъзои он. Худи Масъуд Собиров аз ҳама гуна шарҳ дар мавриди таъсиси Кумитаи тадорукоти анҷумани фавқулода худдорӣ кард. Вале Ҳайдулло Абдуллоев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, бо ҷонибдорӣ аз мавқеи Собиров гуфт, ҳадафи аслии ин ҳайати 19-нафарии Кумита беобрӯ кардани ҷаноби Собиров дар пешорӯи интихоби раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли оянда аст.

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Чун ба таъкиди Абдуллоев, Масъуд Собиров қасд дорад, дар ин интихобот худро номзад кунад: "Инҳо нафароне ҳастанд, ки аз симмати аъзогии ҳизб, ба хотири рахна андохтан дар фаъолияти ҳизб ду-се бор аз сафи ҳизб хориҷ карда шудаанд. Онҳо мехоҳанд, як слёти говҷӯшҳоро баргузор кунанд чун онҳо худ демократ нестанд. Масъуд Собиров ҳеҷ гоҳ дар танҳоӣ изҳорот надодааст ва ин изҳорот дар мувофиқа бо раёсат ва садорати ҳизб баррасӣ мегарданд."

Ҷаноби Абдуллоев ба он нукта ишора мекунад, ки асли қазия ба бӯҳрони раҳбарӣ дар ҳизб бастагӣ дорад ва ҳар яке аз аъзои кумитаи тадорукот дар алоҳидагӣ мехоҳанд, мақоми раиси ҳизбро ба даст оранд. Дар ҳамин ҳол, Марод Мирасанов, муовини аввали раиси ҲДТ, ки ҳамзамон раиси бахши ин ҳизб дар Бадахшон асту яке аз ташаббускорони таъсиси Кумитаи тадорукот мебошад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳаргиз барои соҳиб шудан ба вазифаи раҳбарии ҳизб талош накардааст ва чунин ҳадаф ҳам надорад.

Ӯ мегӯяд, "соли 2009 ҷонишини Масъуд Собиров таъин шудам ва бори охир ӯро дар ҳамон анҷуман дидаам. Ягон бор дар ягон масъала бо мо маслиҳат намекунад ва боре аз аҳволи мо намепурсад. Ҳизбе ки дар Душанбе дафтари корӣ надорад, мизу курсӣ надорад, мо чӣ тавр метавонем, бигӯем, ки ҳизб фаъолият мекунад? Ба наздикӣ маъракаи пешазинтихоботӣ шурӯъ мешавад, аммо мо оддитарин шароитро надорем. Дар он вақт мошин лозим аст, ки бо мардум вохӯрӣ кунем, овезаҳои таблиғотӣ заруранд, бояд дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ дошта бошем, ки миёни аҳолӣ баромад кунем. Аммо он ки дар утоқ нишаставу коре накарда бигӯянд, ки мо раисем, ин гуна раҳбар ба касе лозим нест."

Ҷаноби Мирасанов мегӯяд, Масъуд Собиров пешниҳоди ширкат дар анҷумани фавқулодда ва посух додан ба суолҳои аъзои ҳизбро рад кардааст. Аммо Ҳайдулло Абдуллоев бо намояндагӣ аз Масъуд Собиров дар ин замина гуфт, "ин бародароне, ки хостори даъвати анҷумани фавқулодаанд, бояд донанд ки дар оинномаи ҳизб танҳо Анҷумани ғайринавбатӣ пешбинӣ шудааст, на фавқуллода. Онҳо ҳарчӣ мегӯянду намегӯянд, дохили ҳизб демократия ҳаст."

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Дар ҳамин ҳол, бархе соҳибназарон бар инанд, ки нақши ҳукумат дар эҷоди ихтилофот миёни аъзои Ҳизби демократ вуҷуд дорад, вале теъдоди дигар мегӯянд, маҳз мансабхоҳӣ миёни фаъолони ҳизб боиси парокандагии он шудааст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, "аслан дар ин ҳизб аз аввали фаъолияташ ҳамеша миёни аъзо ва раҳбарият зиддиятҳо мавҷуд буд. Ҳамин мухолифатҳо намегузошт, ки ҳизб дар ҷомеа мавқеи худро пайдо кунад ва мустаҳкам шавад. Агар ин ҳизб тасмим бигирад, ки ба ҳам меоянд ва аз ин рақобатҳои дохилӣ даст мекашанд, ин ба фоидаи натанҳо мухолифин, балки ба манфитаи давлати Тоҷикистон хоҳад буд."

Дар ҷараёни яке аз чунин муноқишаҳо дар соли 2006 Масъуд Собиров дар як анҷумани ҳизбӣ раис интихоб шуд ва Вазорати адлия қарори ин анҷуманро эътироф кард. Ин дар ҳоле буд, ки раиси ҳизб Муҳаммадрӯзӣ Искандаров зиндонӣ шуда, муовинаш Раҳматулло Валиев аз ҳизб сарпарастӣ мекард ва мехост, Искандаров ба ҳайси раис боқӣ монад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG