Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати дифоъ: "Дар садамаи Ишкошим 3 сарбоз ҷароҳат бардоштанд"


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи мошини ин вазоратхона дар ноҳияи Ишкошим се сарбоз ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар айни замон дар бораи маҷрӯҳ шудани 25 сарбоз хабар медиҳанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки дар садамаи мошини қисми ҳарбии 121-уми ин вазоратхона воқеъ дар ноҳияи Ишкошим, ҳамагӣ се сарбоз ҷароҳат бардоштааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои қаблӣ, дар ин садама беш аз 25 сарбоз захмӣ шудаанд.

Ин садама ҳанӯз рӯзи 16 октябр рух додааст, вале тафсилоташ танҳо рӯзи 22 октябр ба дасти расонаҳо расид.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 22 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳодиса ҳамагӣ се нафар ҷароҳат сабук бардошта ва ҳоло дар беморхона қарор доранд ва дигарон ба хизмат идома медиҳанд. Фаридун Маҳмадалиев гуфт, бархе аз сарбозоне, ки дар ин садама ҷароҳат бардоштанд, ба хотири мавриди ташвиш қарор нагирифтани хонаводаҳояшон, ба рухсатӣ фиристода шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки бахши ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ишкошим хабар дод, ки як мошини ҳомили сарбозони қисми 121-и вазорати дифои Тоҷикистон дар Бадахшон рӯзи 16 октябр ҳангоми бозгашт аз маҳалли тирпаронӣ дучори садама шудааст, ки дар натиҷа 9 сарбоз ҷароҳати вазнин ва 13 нафари дигар ҷароҳати сабук бардоштаанд.

Шамшер Хушқадамов, сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ишкошим рӯзи 22 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мошини қисми ҳарбии вазорати дифоъ ҳангоми бозгашт аз маҳалли машқи тирпаронӣ аз ноҳияи Ишкошим дучори садама шудааст, ки 9 сарбоз ҷароҳати сангин бардоштаанд ва ба дунбол тавассути чархбол ба беморхонаи ҳарбии Душанбе интиқол дода шуданд.

Вай афзуд, ки дар мошин ҳамагӣ 37 сарбоз ва як прапоршик буданд ва бар иловаи 9 нафари дигар, боз 18 сарбози дигар ҷароҳати сабук бардоштанд, ки ба беморхонаи Хоруғ оварда шуданд. Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи Ишкошим дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки тормози мошини сохти Чин ҳангоми поин шудан аз баландӣ кор намекунад ва дар натиҷа мошин бероҳа шуда ва сарбозон ба хотири зинда монда худро аз мошин сарозер мекунанд.

Ин барои бори нахуст нест, ки корвони вазорати дифои Тоҷикистон дучори садама мешавад. Ҳудуди як сол қабл қатори Душанбе-Конибодом дар минтақаи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Узбакистон аз роҳаш берун ва 5 вагони он сарнагун шуд, ки бар асари он даҳҳо тан захмӣ шуданд, ки аксари мусофирон наваскароне будаанд, ки барои адои хидмат ба қисмҳои низомии воқеъ дар вилояти Суғд эъзом шуда буданд.

Дар вилояти Бадахшон, ки бо Афғонистон, Чин ва Қирғизистон сарҳади муштарак дорад, ба илова нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунон қисмҳои низомии вазорати дифои кишвар мустақар мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG