Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақси тоҷикии паҳлавони тоҷик Сиёвуш Шарифов баъди пирӯзиаш дар як мусобиқа мавҷи истиқболи мухлисони варзишро дар Интернет ба бор овардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар Интернет як мавзӯи баҳси мухлисони варзиш рақси тоҷикии паҳлавони тоҷик Сиёвуш Шарифов баъди пирӯзиаш дар як мусобиқаи размоишҳои муҳорибавист. Сиёвуш Шарифов, маъруф ба "Таҳамтан", ки аз Лигаи самбои муҳорибавии Тоҷикистон дар Ҷоми Исмоили Сомонӣ ҳунарнамоӣ мекард, дар пайи пирӯзӣ бар Виталий Андрухов аз Беларус тӯли тақрибан ду дақиқа дар майдон рақси тоҷикии мардонаро бо як маҳорати хос иҷро кард.

Ин мусобиқа дар поёни соли 2015 доир шуда буд, вале видеои пирӯзӣ ва рақси Сиёвуш рӯзи 13 апрел дар шабакаи Фейсбук нашр шуд ва билофосила ба истиқболҳои гарм рӯбарӯ гардид. Аксари корбарон рақси Сиёвушро як намунаи ибрат ва пайравӣ ҳам барои варзишкорони дигари тоҷик ва ҳам барои ҷавонони тоҷике, ки бештар ба рақси қафқозии маъруф ба “лезгинка” ҳавас доранд, ном бурдаанд.

Аз ҷумла Айдар Акимов навиштааст, “мана ин дигар гап. Тоҷикон ҳам анъанаҳои худро доранд.” Нуралӣ Хоркашев рақси Сиёвушро “хеле олӣ!” баҳо дода, Эргаш Маҳмадбеков “супер ))” хондааст. Темур Мӯминов бо изҳори ваҷд ба Сиёвуш Шарифов “офарин!” хонда, дуо кардааст, ки “Аллоҳи Бузург ҳамин хел шербачаҳои тоҷики тоҷдорро зиёдтар кунад.” Фарид Наҷмиддинов менависад, “ана ин дигар гап. Баъзе бачаҳои тоҷик, бингаред, ки мо, тоҷикон, рақси миллии худро дорем. Тақлидкории рақси лезгинкаро бас кунед.” Абдулло Қадиров навиштааст, “мефахрем аз ҳамин хел мардбачаҳо.”

Сиёвуш Шарифов дар Душанбе ба воя расида, роҳашро ба варзиш ибтидо аз машқи гимнастика оғоз кардааст. Сиёвуш мегӯяд, гимнастика бадани ӯро кушод ва баъдан, вақте ба самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои тан ба тан гузашт, ин хеле кумакаш кард.

Бузургтарин натиҷаи Сиёвуш то имрӯз пирӯзиаш дар Ҷоми ҷаҳонии самбои муҳорибавист.

Иҷрои рақс баъд аз пирӯзӣ дар мусобиқаҳо хоси гуштии миллии тоҷикист. Паҳлавони пирӯз маъмулан бо рақс майдонро давр мезанад ва дастболо шуданаш бар ҳарифро ҷашн мегирад. Бисёриҳо мегӯянд, рақсе, ки паҳлавонҳо дар майдони гуштӣ иҷро мекунанд, рақси асили мардонаи тоҷикист ва то имрӯз асосан тавассути ҳамин паҳлавонҳои гуштигир ҳифз шудааст.

Ақидае ҳам ҳаст, ки рақси мардонаи тоҷикӣ ба он шакле ки дар солҳои пеш буд ва то ҳол бархе аз гуштигирони собиқадор иҷро мекунанд, дигар дар саҳнаи расмӣ вуҷуд надорад ва рақси муосири мардона дар Тоҷикистон таҳти таъсири рақсҳои ақвоми дигар асолати қаблиашро гум кардааст.

Бисёриҳо умедворанд, ки дар сурати пайравии варзишкорони дигар ба Сиёвуш Шарифов ва аз нав ба ҳукми анъана даромадани иҷрои рақси мардона дар мусобиқаҳои варзишӣ рақси мардонаи тоҷикӣ метавонад асолати пешинашро баргардонад ва майли насли ҷавон ба рақси миллиро бештар кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG