Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро аз даруни нон меху тугма мебарояд?


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрвандон мегӯянд, сифати нон ва маҳсулоти ордие, ки дар нонвойхона ва бозорҳо фурӯхта мешавад, на ҳамеша зери назорат аст.

Агар аз қабати ноне, ки Шумо аз бозор мехаред, сангу хок, латтапора, тугма, мӯй, мех ё ҳатто занҷираи филизӣ пайдо шавад, чӣ кор мекунед?

Вақте сокини шаҳри Душанбе Моҳсанам Худойбердиева, нонҳои аз бозорчаи назди беморхонаи Қарияи Боло харидаи худро шикаст, дид, ки аз дохили яке аз онҳо латтапора ва як занҷираи зиреҳи либос ё "замочка" баромад. Вай мегӯяд, ҳарчанд кӯдаконаш гурусна буданд, аммо баробари дидани ин оҳанпора дар дохили нон натавонистанд нонро истеъмол кунанд.

Моҳсанам мегӯяд: «Намедонам, ин замоки курткаи ҳамон нонпазу хамирошур буд ё каси дигар. Ҳамин нону замокро гирифта бурдам назди нонфурӯшон. Гуфтам, ки камтар ҳолати санитариро риоя кунед. Ин чизи хурд нест, як оҳани калон аст».

Ин ҳамсӯҳбати мо дар идома афзуд, ки борҳо шоҳиди омода кардани нон дар нонвойхонаҳо шудааст, ки баъзе аз онҳо ҳатто оддитарин усули ошурдани орд ва таҳияи хамирро риоя намекунанд. Суфра, корсони нигаҳдории хамир ва умуман ҳуҷраи таҳияи нон чиркинанд.

Хонуми Моҳсанам меафзояд: «Вақте ки халтаи ордро мекушоянд, ҳамин хел дар ҷойи хамирошурӣ мерезанд ва обро аз болояш рехта онро мешуранд. Онҳо ордро намебезанд. Ин ҳолатро ман дар як нонвойхона дар маҳаллаи 103 пойтахт дидам ва як ҷанҷоли калон ҳам бо онҳо кардам».

Аммо бархе аз сокинон дигар мегӯянд, пайдо шудани ҳаргуна чизҳои нолозими ғайрисанитарӣ дар дохили нон, гуноҳи фурӯшандаҳо набуда, ин аз беаҳамиятии нонпазҳо дарак медиҳад.

Сафаргул Шодиева, сокини дигари пойтахт гуфт борҳо аз дохили нони харидааш мӯйи сару тугмаи пироҳан ва чизҳои дигар пайдо кардааст. Вай гуфт: «Ман инҷо фурӯшандаро гунаҳкор карданӣ нестам, чунки онҳо нонро аз дигар дӯкон мегиранд. Лекин бояд назорат шавад, чизҳое аз даруни ин нон пайдо мекунед, ки кас ҳайрон мешавад, наход дар даруни нон, ки онро инсон истеъмол мекунад, ҳар хел ҷонвар пайдо кунанд».

Аммо Саидаҳмад, як нонпаз дар шаҳри Душанбе, ки рӯзона ду халта ордро нон мекунад, мегӯяд, пайдо шудани мӯй дар дохили нон кори барқасдонаи онҳо нест. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо пеш аз омода кардани хамир ордро бо элак ё парвезан мебезанд ва ҳатман ҳангоми ошурдани хамир дохили онро нигоҳ мекунанд. Аммо ин нонпаз афтодани баъзе ашёро ба хамир рад накард. «Баъзе вақт мешавад ин хел ҳолатҳо. Ягон чиз аз чашм дур мемонад ва бо хамир ҳамроҳ мешавад, ки мо ҳам нодида мемонем».

Ин танҳо мавриде нест, ки мардум аз бад шудани сифати нон ва беэътиноӣ ба шароити беҳдоштии таҳияи ғизои умумӣ шикоят мекунад. Зеро дар ошхонаҳои сарироҳӣ ва назди бозорҳо аксари маврид вазъи бади санитарӣ мушоҳида мешавад. Бисёре аз сокинон мегӯянд, тозагӣ ва ҳолати беҳдоштии дӯконҳои ғизоҳои тезтайёр ё сареъомодашаванда хеле бад аст, вале мардум дидаву дониста аз онҳо ба таври фаровон истифода мекунанд.

Фурӯшандаи чунин ғизоҳо аксаран бо дастони бедастпуш ва бехилъату кулоҳ ғизо омода мекунанд. Ин аст, ки кафолати покизагии ғизои онҳо дода намешавад, вале бо сабабҳои номаълум ин теъдод дӯкону ошхонаҳо аз чашми хадамоти беҳдоштӣ дур мемонанд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати назорати беҳдоштӣ – вогиршиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин маврид таҳрим ё моратория эълон шудааст, ки тибқи он дар як сол чунин дӯконҳо танҳо ду бор санҷида мешаванд. Аз ин рӯ, ниҳоди мазкур наметавонад, ки мунтазам дар бозорҳо санҷиш гузаронида, вазъи санитарии ғизоро зери назорат дошта бошад.

Аммо Ҷаъфаров мегӯяд, онҳо омодаанд, дар пайи шикояти сокинон санҷиши фаврӣ гузаронанд: «Барои мисол, шахсан ягон сокин ба мо муроҷиат кунанд, ҳатман мебинем. Лекин ҳар ҳол тибқи қонунгузории кишвар, дар як сол ду маротиба мо пурра санҷиш мегузаронем».

Нозирони умур таҳти назорати ҷиддӣ қарор нагирифтани чунин мушкилро дар зиёд шудани дӯконҳои нонпазӣ ва ғизои тезтайёр дар пойтахт ва мушаххас набудани теъдоди онҳо арзёбӣ мекунанд. Ҳамчунин нозирони умур вуҷуди фасод дар ин низомро аз дигар далели риоя нашудани қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ арзёбӣ мекунанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон иқдом кардааст, ки бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, 10-уми декабр ба сокинони пойтахт дар чаҳор бозори шаҳри Душнабе ёрии ҳуқуқии ройгон пешниҳод кунад. Тавре гуфта шуд, дар ин рӯз, дар биноҳои маъмурияти бозорҳои "Шоҳмансур", "Ганҷина" (Саховат), ҶДММ "Варзоб" (бозори "Водоносос"), Корхонаи воҳиди давлатии истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе барои ҳамаи шаҳрвандон машварати ҳуқуқии ройгон расонида мешавад.
XS
SM
MD
LG