Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳези мардуми камбизоат аз бонкҳои Тоҷикистон


75 дарсади мардуми фақири дунё, ки дар рӯз аз 2 доллар камтар даромад доранд, ҳисоби бонкӣ ҳам надоштаанд.

Нафақат ба далели камбуди пасандоз, балки ба маҳзи ҳам хароҷоти ҳисоби бонкиву дурӣ аз ниҳодҳои молӣ ва қоғазбозиҳои марбут ба кушодани ҳисоби хусусӣ дар бонк. Ҳамин тавр, бино ба натоиҷи таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, бахши аъзами мардуми фақир барои баровардани ҳоҷат ба ёру ақрабо муроҷиат мекардаанд, то ба ниҳодҳои молӣ. Бонки ҷаҳонӣ ин падидаро ҳатто “бебонкӣ” ё “парҳез аз бонкҳо” унвон мекунад.

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст...

Назруллоҳ Мирзоев, як боғдори оддӣ дар ноҳияи Ҳисор, чанд рӯз пеш фарзанди хурдиашро хонадор кард. Ӯ мегӯяд, қисми асосии хароҷоти тӯйро домодаш, ки дар Маскав кор мекунад, ба ӯҳда гирифт, вале боз ҳам аз як ҳамкораш маблағе чанд қарз кардааст, ки тӯйи фарзандашро ба истилоҳ “бо обрӯ”гузаронад. “Асосан гӯё аз ҳисоби духтарам шуд. Аммо нарасид ва ростӣ, як буққа доштам, фурӯхтамаш. Боз ҳам нарасид ва камтар қарз ҳам кардам. Як рафиқи кӯҳна дорам дар ҷои кор, ки ҳоҷист ва хеле одами хуб. Пешаш рафтам, ки ёрдамам кун, ки каме танқисӣ кашида истодаам. Даррав корамро буд кард”,-гуфт ӯ.

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Дар ҳоли ҳозир, тақрибан нисфи аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебарад ва бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи пурсиши рӯбарӯи 1000 нафар дар Тоҷикистон ба даст омадааст, танҳо 5 дарсад аз ин тоифа барои гирифтани қарз ба бонкҳо муроҷиат мекунанд, вале 29 дарсад ба пасандози худ такя карда, 25 дарсад муроҷиат ба хешу табор ё ёру дӯстонро тарҷеҳ медиҳанд.

Бонкҳо аз нав зинда мешаванд

Бо ин ҳол, бино ба омори расмӣ, ҳаҷми пасандози аҳолӣ дар бонкҳои Тоҷикистон дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 45 дарсад афзуда, ба 3,2 миллиард сомонӣ, яъне ба тақрибан 666 миллион доллар расидааст. Дар маҷмӯъ, дар 10 соли охир ҳаҷми пасандозҳо 45 маротиба ва шумори мизоҷони бонкҳои Тоҷикистон 25 маротиба афзудааст. Ба ақидаи бонкдорон, он беэътимодӣ ба низоми бонкӣ, ки дар пайи суқути Шӯравӣ ва "сӯхтан"-и пасандозҳои мардум дар бонкҳо эҷод шуд ва мардум ин ҳама сол пули худро дар зери болин руст (пинҳон) мекарданд, то дар бонк, ба оҳистагӣ пушти сар мешавад.

Бонкҳои Тоҷикистон дар солҳои охир ба хотири ҷалби муштарӣ тарҳҳои мухталифи кумакҳои молӣ ба мардуми ниёзмандро рӯи даст гирифтаанд, ки як умдааш пешниҳоди қарзҳои хурд ба муҳоҷирони роҳии Русия аст. Хадамоти матбуотии “Тоҷиксодиротбонк” аз ҷумла мегӯяд, фоизи солонаи чунин қарз назар ба қарзи тиҷорӣ камтар буда, тақрибан аз 25 то 28 дарсадро ташкил медиҳад: “Мо тамоми намуди қарзҳоро дорем, аз ҷумла харҷи сафар. Ин қарзҳоро тавассути корти пластикӣ ба онҳо медиҳем, ки саргардон нашуда, аз ҳамон Русия ҳам қарзу ҳам фоизашро пардохт кунанд. Ҳоло мо кортҳои дугона ҷорӣ мекунем, ки як корт дар дасти худи муҳоҷир мешавад дар Русия ва корти дигар – дар дасти хонаводааш. Ва вақте ӯ пулро ба ҳисобаш гузаронд, хонаводааш метавонад дар инҷо тавассути бонкомат он пулро бигирад, яъне бидуни хароҷоти зиёдатӣ барои интиқоли пул.”

“Аз фоизи қарз метарсам”

Иқтисоддонҳо аммо мегӯянд, ду омили аслии аз истифодаи вомҳои бонкӣ парҳез кардани бисёриҳо дар Тоҷикистон яке қоғазбозӣ барои дарёфти қарз аст, ки аксар ба он хуб сарфаҳм намеравад ва ҳам як эҳсоси тарси равонӣ, ки фоизҳои баланди қарз метавонад бори сангине дар гардани онҳо шавад. Назруллоҳ Мирзоев, сокини ноҳияи Ҳисор, дар ин робита гуфт: “Ростӣ, ман ҳам фаҳмидам, ки бонк қарз медиҳад. Лекин тарсидам, ки яке аз ӯҳдааш баромада натавонам. Мо ҳозир 10 нафар шудем дар оила. Фақат ман кор мекунам бо 200 сомонӣ маош. Маҳмадӣ - бекор, Саид, ки 5 сол мактаби олӣ хонд, бекор. Барои ҳамин дилёб нашудам. Равам, қарз кунам, медиҳанд, албатта. Лекин барои он бояд ҳар моҳ фоиз супорам. Агар қуввати ман нарасаду фоиз ҳам зам шудан гирад, пас, куҷо меравам?”

Як бонкдори собиқадори тоҷик, ки бидуни бурдани ном сӯҳбат кард, гуфт, рақобат дар бозори бонкӣ боис шуда, ки бонкҳои Тоҷикистон низ фоизи қарзҳои худро батадриҷ коҳиш диҳанд. Вале ба гуфтаи ӯ, инки аксари мардум ба кумаки бефоизи ёру дӯст тарҷеҳ медиҳанд, як амри табиист: “Вақте ба ниҳодҳои молиявӣ ё созмонҳои қарздиҳӣ муроҷиат мекунанд, хидматгузории онҳо пардохти як фоизи муайянеро дар назар дорад. Дар сурате, ки афрод метавонанд аз наздикони худ маблағ бигиранд, чӣ лозим аст муроҷиат ба бонк? Ҳар нафар барои ҳалли мушкили худ аз сарчашмаҳое истифода мебарад, ки роҳаттару осонтару арзонтар аст.”

Гаравгони гарав

Аммо иқтисоддони тоҷик Аҳтам Рашидов мегӯяд, мардумро ин ҳам метарсонад, ки дар сурати гум кардани манбаи даромад, масалан, ҷои кор дар Русия, қарзи бонкро аз куҷо супоранд? Рашидов мегӯяд, дар чунин сурати мабодо мардуми қарзхоҳ бештар ба инсофи хешу табор ё ёру дӯст умед мебанданд, то ба синаи раҳми бонк, ки бояд ба ҳар василае пули худро баргардонад: “Мушкили асосии мардуми камбизоат гарави бонкист. Онҳо бояд мошин, ё хона, ё заминашонро гарав монанд. Ба бонк даромади худро ҳам бояд нишон дод, ки оё аз ӯҳдаи пардохтани қарз мебароед ё на? Аммо вақте аз хешу табор қарз мегиранд, гарав ҳатмӣ нест ва мӯҳлати қарз ҳам дарозтар буда, фоизи чандоне надорад. Дар ҷануби Тоҷикистон ҳатто фоиз ҳам талаб намекунанд бисёриҳо.”

Феълан фоизи солонаи қарзи бонкӣ дар Тоҷикистон аз 20 то 30 фоиз буда, вале дар Аврупо, барои мисол, аз ҳамагӣ 3 фоиз шурӯъ мешавад ва ҳадди аксараш ҳам 6 ило 7 дарсад аст. Ҳамсӯҳбати бонкдори мо мегӯяд, ин фоизҳои баланд сабабҳои объективӣ ва таърихӣ дошта, аз захираи заифи бонкҳо ва собиқаи кӯтоҳи низоми бонкдории Тоҷикистон об мехӯрад. Вале ӯ мӯътақид аст, ки ин вазъ то чанд соли дигар ислоҳ шуда, дар Тоҷикистон ҳам касе нахоҳад монд, ки пулашро бо дили пур ба бонк насупорад.

Ин хушбинӣ дар ҳолест, ки бар асоси таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, дар ҳоли ҳозир танҳо 14 дарсад аз ҷамъи мардуми калонсоли Тоҷикистон пуле барои пасандоз дорад.
XS
SM
MD
LG