Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақ ба ҷониби кист? Идомаи моҷарои таҷҳизоти ТВ форсӣ


Таҷҳизоте, ки барои телевизиони муштараки форсии «Наврӯз» ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба як ширкати хусусӣ тааллуқ доранд.

Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ аз ин таҷҳизот маҳз ба ҳамин хотир аст, аммо сафорати Эрон дар Тоҷикистон мехоҳад ин дастгоҳҳоро ҳамчун моли телевизиони муштарак ба ҳисоб гиранд ва аз онҳо молиёт талаб накунанд.

Созиш бар сари барномаи таъсиси телевизиони муштараки форсӣ ҳанӯз дар соли 2006 дар мулоқоти раҳбарони се кишвари форсизабон – Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон ҳосил шуда буд. Қарор шуд, ки маркази фаъолияти ин телевизион дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон таъсис шавад. Эрону Афғонистон бояд таҷҳизоти фанниро омода мекарданд ва Тоҷикистон бинову дигар расмиётро фароҳам месохт.

Сабаби то ҳол тӯл кашидани иҷрои ин тарҳро расман то ба ҳол касе шарҳ надодааст. Коршиносон як сабаби онро ба ноҳамгунии низомҳои сиёсии кишвар, ки дар Эрон – мазҳабӣ, дар Афғонистон – исломии мӯътадил ва дар Тоҷикистон – дунявӣ аст, рабт доданд. Далели дигар ин буд, ки давлати Ҳомиди Карзай дар барномаҳои ин телевизиони муштарак ҷо додани барномаҳо бо забони паштуро низ тақозо кард. Вале ба ин ҷониби Эрон розӣ нашуд, ки мегуфт, дар қаламрави ин се кишвари форсизабон даҳҳо қавми дигар низ ба сар мебаранд, ки ҳар кадом дар ин сурат метавонад пахши барномаҳои алоҳида бо забонҳои онҳоро низ дархост кунад. Ҷониби Эрон гуфт, асли ин тарҳ таъсиси телевизион барои форсизабонҳост ва он бояд ба форсӣ, аз ҷумла бо гӯишҳои дарӣ ва тоҷикӣ барнома таҳия кунад.

Эрон ба маблағи беш аз 1 миллион евро таҷҳизоти телевизионро ба Душанбе овард ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои ин таҷҳизот 400 ҳазор евро молиёт талаб кард. Тақозои гумрук бархеро ба ин андеша овард, ки Тоҷикистон ба ташкили ин телевизиони муштарак майл надорад ва ҳам тайи ду соли ахир таҳти барномаҳои гуногун ҳукумати ин кишвар алайҳи нерӯҳои расмиву ғайрирасмии исломӣ маъракаҳои фишорро ҳам пиёда кардааст.

Аммо манбаъи радиои Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон барои ташкили ин телевизион мушкиле надорад, танҳо расмиёте ба миён омадааст, ки мақомотро ба андеша водор кардааст, бахусус тариқи як ширкати хусусӣ иҷро шудани ин тарҳ.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо радиои Озодӣ дар сафорати Эрон гуфтанд, ки ба далели таҳримҳо алайҳи Эрон ин кишвар маҷбур буд тариқи ширкати муштараки хусусӣ ин тарҳро иҷро кунад. Вай афзуд, муҳим иҷроиши ин тарҳ аст, на ин ки онро кӣ пиёда мекунад ва ин телевизиони муштарак байни се кишвар аст, на пружае, ки танҳо давлати Эрон хостааст.

Айёми таҷлили Наврӯзи соли равон дар Эрон раисҷумҳурони кишварҳои форсизабон мувофиқа карда буданд, ки 7 сентябр дар остонаи ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон телевизони форсӣ ҳам фаъол мешавад. Аммо бо гузашти беш аз даҳ рӯз дар ин маврид сӯҳбате нест.
XS
SM
MD
LG