Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сабқати шадид барои ҷои кор дар Гумрук ва оҷонсии зидди фасод


Моҳи май оҷонсии зиддифасод шуморае аз коргарони кӯҳансолашро ба нафақа фиристод

Моҳи май оҷонсии зиддифасод шуморае аз коргарони кӯҳансолашро ба нафақа фиристод

Дар Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳое, ки аз 400 то 800 сомонӣ, ё аз 60 то 120 доллари амрикоӣ маош пешниҳод мешавад, то даҳ нафар барои як ҷой довталаб шудаанд.

Маоше, ки Оҷонсии мубориза бар зидди фасод барои 38 нафар ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои 21 нафар коргар бо эълони озмуни ҷои кори холӣ пешниҳод карданд, камтар аз маошест, ки омӯзгорон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон мегиранд. Аммо баръакси макотиби миёна, ки аксаран аз норасоии омӯзгорон мушкил доранд, ин ду ниҳод дар гирифтани кормандон интихоби зиёд доранд.

Сайёд Пулодов, аз ҷумлаи довталабонест, ки дар даври аввали озмун барои кор дар Шӯъбаи назорати аудити гумрукии Хадамоти гумрук нагузашт, аммо ҳоло дубора барои иштирок дар озмуни ҷои кори холӣ ба Оҷонсии мубориза зидди фасод ҳуҷҷат супурдааст. Сайёд мегӯяд, озмун дар Хадамоти гумрук хеле шаффоф гузашт ва аз 18 нафаре, ки барои як ҷой ҳуҷҷат супурда буданд, танҳо як нафар ба кор қабул шуд. Ин ҷавон мегӯяд, медонад, ки маош дар ин ду ниҳод кам аст ва барои зиндагӣ кифоят намекунад, аммо ӯ танҳо “ба хотири оянда ва обрӯ” корманди яке аз ин ду ниҳод шудан мехоҳад.

Ӯ гуфт, ихтисосаш иқтисодчӣ аст ва аз рӯи ин ихтисос омӯзгор шуда наметавонад. Маош паст ҳам бошад, мегӯяд вай, ин ду идора баобрӯ ҳастанд ва ин ҷо ба зинаҳои болои мансаб рафтан мумкин аст. Маошаш кам ҳам бошад, мегӯяд вай, ба хотири оянда сабр кардан мумкин аст. Бовар дорам, ки рӯзе маош дар ин идораҳо ҳам боло меравад, гуфт Сайёд Пулодов.

“Аз ҷавонон пурсед, ки чаро барои кор дар агентӣ таваҷҷӯҳ доранд”

Ҳоло ин ҷавон мегӯяд, бовар дорад, ки дар озмуни Оҷонсии мубориза зидди фасод пирӯз хоҳад шуд, зеро раҳбарияти нави ин ниҳод бидуни воситабозӣ коргар қабул мекунад. Миралӣ Шарифзода, сардори раёсати кадрҳо дар Оҷонсии мубориза зидди фасоди Тоҷикистон 17-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар паи ба нафақа гусел кардани кормандон ба коргарони нав эҳтиёҷ доранд, аз ин рӯ барои ишғоли вазифаҳо озмун эълон кардаанд. Ӯ гуфт, воқеан бо маоше, ки онҳо пешниҳод кардаанд, довталабон зиёданд, аммо сабаби зиёд будани шавқмандони кор дар ин оҷонсиро ӯ намедонад.

Корманди гумрук: “Падарам гуфт, панҷ сол сабр кун”

Аммо аксари онҳое, ки дар озмуни соли гузашта ба кор дар Хадамоти гумрук шурӯъ карданд, мегӯянд, маоше, ки мегиранд, ба роҳкирояшон намерасад. Сиёвуш, исми мустаори як ҷавонест, ки соли гузашта дар Хадамоти гумрук ба кор гузаштааст. Ӯ мегӯяд, 620 сомонӣ маош мегирад ва рӯзе ба ҳисоби миёна то 15 сомонӣ барои рафтуомад аз ҷои кор то хона маблағ сарф мекунад ва агар хӯроки нисфирӯзиеро, ки истеъмол мекунад, ҳисоб кунад, он гаҳ бояд моҳе то 700 сомонии дигар қарз бигирад. Аммо Сиёвуш мегӯяд, падараш мансабдор аст ва бо кӯмаки молии падар ба “хотири оянда” бо ин маош кор мекунад. Падараш ба ӯ насиҳат кардааст, то панҷ сол аз ҳисобаш зиндагӣ кунад ва дар андешаи кам будани маош набошад.

Сиёвуш мегӯяд, падараш инчунин таъмини молии оилаи ӯ - ҳамсар ва як кӯдакашро ба гардан гирифтааст. Вале ӯ умед дорад, ки баъди муддате ин сабру тоқати ӯ натиҷаи хуб ба бор меорад ва ӯ ҳам ба вазифаи хубу маоши шоиста даст меёбад.

Аз сӯи дигар, шаҳодатномаи Оҷонсии зидди фасод ба соҳиби он нуфузеро медиҳад, ки шояд танҳо ходимони пулис ва додситонӣ аз он бархӯрдоранд. Танҳо аз ҷайб берун кардани ин шаҳдатнома кофӣ аст, ки пулиси роҳ ба ронанда “салют” бидиҳад ва ё соҳибкор даст ба рӯи сина гузорад. Ин нерӯ ҷавонҳоро ба худ мекашад.

Маош ё даромади хуб?

Маълум нест, ки падари ин ҷавон бо дарназардошти кадом омил панҷ соли кор бо маоши кам ба фарзандашро насиҳат кардааст, аммо коршиносон мегӯянд, довталабонро барои ширкат дар ин озмун маош неву омилҳои дигар ҷалб мекунанд.

Ҷамшед Қуддусов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, аслан ҳар як нафар ба хотири хубтар кардани сатҳи зиндагиаш кор ҷустуҷӯ мекунад ва довталаби зиёд будан дар оҷонсии зидди фасод ва Хадамоти гумрук аз он шаҳодат медиҳад, ки ин ҷо имкони беҳ кардани зиндагӣ вуҷуд дорад. Вай мегӯяд:

“Гуфта наметавонам, ки дар ин ниҳодҳо маош чӣ қадар ва кадом даромадеро кормандони он меёбанд. Аммо метавонам бигӯям, ки ҷавонон бештар барои он ҷои коре талош мекунанд, ки он ҷо даромади хуб дорад. Ҳоло дар сохтмонҳо ва сохторҳои бонкӣ довталабон зиёд ҳастанд. Хулосаи ман ин аст, ки ҳар ҷое, ки довталаби зиёд дорад, маошаш барои корҷӯён мақбул аст. Онҳо худашон хубтар медонанд, ки дар кадом коргоҳ ё корхона имкони беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ вуҷуд дорад”, гуфт коршинос.

Зиндагии кормандони ниҳодҳои номбурда аз зиндагии маъмулӣ дар кишвар фарқ мекунад. Аксари онҳо мошину хонаҳои гаронбаҳо доранд, ки агар ин ҳамаро бо пули маош харида бошанд, бояд ҳади аққал сад сол дар ин ниҳодҳо кор карда бошанд.

Ду соли пеш Оҷонсии зидди фасод як корманди Хадамоти гумрукро боздошт кард, ки дар шаҳри Душанбе беш аз 20 манзили зист ва дар яке аз хонаҳояш зиёда аз як миллион доллар доштааст. Ҳамчунин соли гузашта, ин Оҷонсӣ сардори гузаргоҳи гумрукии «Терминал»-и хадамот дар шаҳри Душанбе Анвар Ҳоҷиев ва сардори гузаргоҳи гумрукии «Регар»-и хадамот дар шаҳри Турсунзода Шарифхон Носировро барои талаби 15 ҳазор доллар аз як шаҳрванди корафтода ва дар вақти гирифтани ҳамин маблағ боздошт кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG