Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон: Ҳашт даста ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт


Ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 муайян шуданд.

Ба даври чаҳорякниҳоӣ дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Энергетик» (Душанбе), «Эсхата» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Равшан» (Кӯлоб), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Истиқлол» (Душанбе) роҳ ёфтанд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Натоиҷи бозиҳои ҷавобӣ

«Хайр» (Ваҳдат) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - 1:2. Аз рӯи пеналтӣ - 3:4
Голҳо: Ҷозеф Боатенг, 27 (0:1). Пол Роллан Бебей Кинг, 76 (1:1). Фурқат Мирҳайдаров, 82 (1:2).

Силсилаи пеналтӣ: Баҳодур Шарифов – 1:0. Умедҷон Шарифов – 1:0 (дарвозабон баргардонд). Маҳмадлоиқ Нуриддинов – 2:0. Фурқат Мирҳайдаров – 2:1. Идибек Ҳабибуллоев – 2:1 (дарвозабон баргардонд ). Алишер Салимов – 2:2. Исроил Идиев – 2:2 (дарвозабон баргардонд). Муборакшо Амонбеков – 2:3. Ҷамшед Исмоилов – 3:3. Абдуҳалим Боронов – 3:4.
Аз майдон ронда шуданд: Ҷозеф Боатенг («Вахш»), 69 – корти дувуми зард. Менсаҳ Даниэл Абан («Хайр»), 115 – барои зарба бо даст ба рақибаш.
Бозии аввал – 2:1.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «Нури Норак» (Норак) - 6:1
Голҳо: Алия Силла, 30 (1:0). Феликс Бафое, 40 (2:0). Феликс Бафое, 49 (3:0). Ҳасан Файзуллоев, 69 (3:1). Фирдавс Қурбонов, 75 (4:1). Шаҳриёр Сангов, 80 (5:1). Бахтиёр Чориев, 85 (6:1).
Бозии аввал – 3:0.

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «Далерон-Ӯротеппа» (Ӯротеппа) - 5:0
Голҳо: Соломон Течи, Ҳасан Рустамов, Сайриддин Ғаффоров, Индус Ҳусейнов, Нуъмонҷон Ҳакимов.
Бозии аввал – 1:1.

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 5:0
Голҳо: Хуршед Маҳмудов, Шодибек Ғаффоров (3), Аҳтам Ҳамроқулов.
Бозии аввал – 0:1.

«ЭСХАТА» (Хуҷанд) - «Зарафшон» (Панҷакент) - 6:2
Голҳо: Абдумалик Шодиев, 17 (1:0). Довуди Зиёвиддин, 25 (2:0). Довуди Зиёвиддин, 31 (3:0). Мансур Қазоқов, 47 – аз пеналтӣ (3:1). Абдумалик Шодиев, 52 (4:1). Нурмаҳмад Бегов, 64 (4:2). Абдумалик Шодиев, 79 (5:2). Шавкат Насруллоев, 86 (6:2).
Бозии аввал – 1:0.

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 4:1
Голҳо: Ҷаҳонгир Алиев, 18 (0:1). Дилшод Восиев, 72 (1:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 79 (2:1). Ҷаҳонгир Эргашев, 82 (3:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 84 (4:1).
Бозии аввал – 5:0.

«Кӯктош+С» (Рӯдакӣ) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - 1:3
Голҳо «Истаравшан»: Илҳом Баротов, Ҷавлон Рустамов, Бӯрихон Шодиёров.
Бозии аввал – 0:3.

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «Бохтар» (Бохтар) - 5:0
Голҳо: Ихтиёр Қобилов, 8 (1:0). Гулзор Бутабеков, 46 (2:0). Саид Эргашев, 60 (3:0). Ихтиёр Қобилов, 71 (4:0). Расиб Мирхолиқов, 90 (5:0).
Бозии аввал – 1:1.

Дар бозиҳои аввали даври чаҳорякниҳоӣ, ки рӯзи 11-уми сентябр баргузор мешавад, ин дастаҳо бо ҳам рақобат мекунанд:
«Регар-ТадАЗ» - «Энергетик»
«Эсхата» - «Вахш»
«Парвоз» - «Равшан»
«Истаравшан» - «Истиқлол»
XS
SM
MD
LG