Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири фарҳанг: "Ихтиёри Барзу дар дасти худаш аст"


Вазири фарҳанги Тоҷикистон тарки ватан кардани коргардони маъруфи театри тоҷик Барзу Абдураззоқовро дар ихтиёри худи ӯ донист.

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи душанбеи 27-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, "албатта беҳтар мебуд, ки Барзу Абдураззоқов саҳми худро дар рушди фарҳанги кишвари худ мегузошт, аммо "ихтиёр дар дасти Бахтиёр аст."

Бо ин ҳам ҷаноби Орумбеков афзуд, ки Барзу Абдураззоқов ягон маротиба ба вазорати фарҳанг барои дарёфти кор муроҷиат накардааст. Аммо Маҳмадсаид Пиров, муовини аввали вазири фарҳанг тарки ватан кардани Барзу Абдураззоқовро ба қарордоди ҳамкории вай бо театри русии Қиризистон марбут донист ва гуфт, "ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст ва мо ҳам тарафдорем, ки ҳунармандонеро аз хориҷ даъват кунем ва фарҳангу театрро рушд диҳем."

Ба гуфтаи ҷаноби Пиров, Барзу Абдураззовқ дар ҳеҷ яке аз театрҳои Тоҷикистон кор намекард, аммо ба таври қарордодӣ фаъолият менамуд. Ӯ ибрози умедворӣ кард, ки Барзу рӯзе боз бармегардад ва дар Тоҷикистон фаъолияти ҳунариашро идома медиҳад.

Маҳмадсаид Пиров рафтани Барзу ба яке аз театрҳои Қирғизистонро обрӯи Тоҷикистон донист ва гуфт, ки "бояд аз ин ифтихор кард, ки як ҳунарманди тоҷик дар хориҷ аз кишвар намоишнома мегузорад ва аз номи Тоҷикистон баромад мекунад."

Ба таъкиди ҷаноби Пиров,"дар сӯҳбате, ки бо Барзу доштам, вай гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон намоишномаи мавриди назар дар даст надорам ва бо театри Қирғизистон қарордод дорам, ки бояд равам."

Вай таъкид кард, ки "ҳунарманд паррандаи озод аст ва Барзу низ паррандаи мост ва иншоаллоҳ бармегардад ва якҷо кор мекунем."

Нишасти хабарии Вазорати фарҳанг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00


Барзу Абдураззоқов ҳам тарки Тоҷикистон кард

Коргардони маъруфи театри тоҷик Барзу Абдураззоқов, баъди бекории тӯлонӣ дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 26 январ барои кор ва иқомати доимӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон рафт. Тавре аҳли хонаводаи коргардон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти Қирғизистон Барзу Абдураззоқовро барои кори доимӣ ба ҳайси коргардон ба театри драмавии русии шаҳри Бишкек даъват карда, барояш аллакай манзил ҳам ҷудо кардаанд.

Дар назар аст, ки ин навбат аҳли хонавода ва модари 79-солааш, ҳунарманди шинохта Фотима Ғуломова ҳам ба назди Барзу рафта, Бишкекро макони зисти доимиашон интихоб кунанд, зеро Барзу ҳамеша дар суҳбатҳояш мегуфт, ки ӯ бештар ба хотири модараш наметавонад Тоҷикистонро тарк гӯяд.

Наздикони коргардон мегӯянд, Барзу мехост дар театрҳои Тоҷикистон намоиш ба саҳна гузорад, аммо моҳҳои охир театрҳои Тоҷикистон шартномаҳоеро, ки бо ӯ мебастанд, зуд бекор мекарданд ва масъулон мегуфтанд, ки наметавонанд бо ӯ ҳамкорӣ кунанд. Худи коргардон чунин муносибатро ба мавқеи интиқодиаш нисбат ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва ошкоргӯиҳояш дар робита ба ҳаводиси рӯз рабт медиҳад.

Шоир Зафари Сӯфӣ дар шеъре бо номи "Барзу ҳам рафт", ки билофосила дар рафтани Барзу Абдураззоқов навиштааст, мегӯяд:

Шаҳр холӣ мешавад.
Ошноёнам яке дунболи дигар мераванд.
Вожаҳои хунчакони ғуссаро дигар ба пеши кӣ барам?
Чашмҳоямро куҷо пинҳон кунам,
То набинад вусъати ин даҳшати танҳоиям…



Барзу Абдураззоқов дар Бишкек. Августи 2013
Барзу Абдураззоқов дар Бишкек. Августи 2013
Барзу Абдураззоқов аз аввалин нафароне буд, ки баъди сар шудани фишорҳо ба соҳибкори шинохта Зайд Саидов эълон кард, ки алорағми ин ҳама ба гурӯҳи ташаббускори ҳизби «Тоҷикистони нав» мепайвандад. Ҳамчунин Барзу Абдураззоқов боздошт ва ахиран маҳкум ба 26 соли зиндон шудани Зайд Саидовро амали сангину бераҳмона хонда буд. Дар маъракаҳои интихоботи президентии соли 2013 Барзу Абдураззоқов ошкоро аз номзади мухолифин Ойниҳол Бобоназарова ҳимоя кард ва интизор мерафт, дар сурати сабти ном шудани Бобоназарова дар ин маъракаи сиёсӣ ба ҳайси шахси боэътимоди ӯ ширкат кунад.

Барзу Абдураззоқов, ки чанд сол аст дар Тоҷикистон ҷои кори доимӣ надорад, қаблан низ тариқи шартнома дар театрҳои кишварҳои дигар ва бештар дар ҷумҳурии Қирғизистон намоишҳо рӯи саҳна меовард. Соли гузашта аз моҳи апрел то моҳи июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон буд ва ду намоиш, як намоиш дар саҳнаи театри драмаи русӣ ва намоиши дигар дар театри опера ва балети ин шаҳр ба саҳна гузошт, ки ҳарду аз ҷониби театршиносон ва тамошогарони қирғиз баҳои баланд гирифт. Барзу Абдураззоқов барои таҳияи ин намоишҳо, ки якеаш аз рӯи асари Чингиз Айтматов «Қиёмат» буд, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардони сол»-и Қирғизистон шуд.

Ҳамчунин намоиши дигари ӯ «Муҳоҷирон» аз рӯи асари Словемер Мрожек «Намоиши беҳтарини сол» эълон шуд. Намоиши «Муҳоҷирон» дар Тоҷикистон ҳам рӯи саҳна омада буд, аммо барои намоиши он дар саҳнаи театр иҷозат надоданд ва он танҳо чанд дафъа дар толори Маркази фарҳангии «Бохтар» манзури тамошогарон шуда, баъдан намоишаш пурра манъ гардид.

Намоиши дигари ӯ бо номи "Девонагӣ.Соли 93" низ аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд. Ин асар бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" буд ва ҳарчанд аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронса ҳикоят мекард, мақомоти тоҷик дар он қиёсҳое бо авоили солҳои 90-уми Тоҷикистонро диданд. Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад, вале танҳо чанд маротибаи маъдуд.

Аммо масъулини вазорати фарҳанг ин иддаоро, ки театрҳои Тоҷикистон Барзу Абдураззоқовро ба кор намегиранд, рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо борҳо ба коргардони шинохта кор пешниҳод кардаанд, аммо ӯ рад карда ва гуфтааст, ки фаъолияти озодонаро беҳтар медонад.

Рафтани Барзу Абдураззоқов барои иқомати доимӣ ба хориҷи кишвар дар ҳолест, ки дар солҳои ахир театрҳои Тоҷикистон мақоми худро аз даст додаанд ва тамошогаронро бештар маҷбуран ба тамошои намоишҳои театр ҷалб мекунанд.
XS
SM
MD
LG