Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия идома дорад


Ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии "Базморо" дар саҳнаи Филармонияи ба номи Рахманинов

Ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии "Базморо" дар саҳнаи Филармонияи ба номи Рахманинов

Шоми 13 август дар Маскав барномаи калони консертӣ бо ширкати овозхонҳои тоҷик барпо мешавад.

Дар Маскав дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия рӯзи 13 август дар толори кинотеатри давлатии Русия барномаи ҳунарие бо иштироки ҳунармандон Хуҷастаи Мирзовалӣ, Миралӣ Достиев, Фотима Машрабова, Фирдавс Ҳошимов, Ҳасани Ҳайдар ва ансамбли мусиқии таҳти раҳбарии Амирбеки Мӯсо баргузор мешавад, ки намунаҳои оҳангҳои мардумиву замонавии тоҷикиро тақдим хоҳанд кард. Рӯзи 14 агуст дар ҷашнвораи байналмилалии “Минтақаи сулҳ” («Территория мира») дар шаҳри Ярославл консерти ҳунарии дастаи рақсии “Базморо” ва гурӯҳи доиранавозон дар назар аст.

Барномаи ниҳоии консертӣ дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар шаҳри Раменско, вилояти Маскав барпо мешавад. Расми кушоиши Рӯзҳои фарҳанги тоҷикон дар Русия шоми 12 август дар кохи консертии Филармонияи 2-и ба номи Сергей Рахманонови Маскав баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Бунафша Одинаева раҳбарӣ карда, аз ҷониби Русия меҳмононро Михаил Бризгалов, сардори раёсати мероси фарҳангии вазорати фарҳанги Русия истиқбол кард. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия рӯзҳои 12 то 15 август баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG