Пайвандҳои дастрасӣ

Коршиносон мегӯяд, ки баргузории ҳамоишҳо ва барномаҳои фарҳангӣ дар фазои муҳоҷират, холигоҳи зиндагии дур аз ватани зодагони Тоҷикистон дар берун аз кишварро то андозае пур мекунад.

Дар ин рӯзҳо дар Маскав маҳфиле бо номи “Базми тоҷикӣ” баргузор мешавад. Давоми як моҳи охир ин севумин ҳамоиш аст, ки бо ширкати муҳоҷирони тоҷики муқими Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия бо номҳои гуногун баргузор мешавад. Ду ҳамоиши пешин бо номҳои “Землячество” (“Ҳамдиёрон”) ва “Базми Қурутоба” баргузор шуд. Ин номҳо рамзианд ва созмондиҳандаи ин ҳамоишҳо Маҳфили ҷавонону донишҷӯёни тоҷики муқими Русия мебошад.

Дар маҳфилҳо ба ҷуз аз ҷавонон шахсиятҳои фарҳангиву илмӣ ширкат мекунанд ва дар бораи таҷрибаи рӯзгори худ дар хориҷ аз ватан сӯҳбат мекунанд. Хусрав Аюбов, сарпарасти ин маҳфил мегӯяд, дар ҳамоишҳо маъмулан овозхонони тоҷик бо дастаҳои рақсӣ ширкат мекунанд ва ҳозирин фазову муҳити ғурбат ё дурӣ аз ватанро фаромӯш мекунанд.

Ба гуфтаи Хусрав Аюбов, “ҳадафи аслии онҳо аз ҷамъ овардани ҳамватанонамон ин аст, ки бо якдигар зуд-зуд вохӯранд ва бо якдигар муттаҳид шаванд: "Ин ҷо ҳамаи мо муҳоҷир ва дур аз ватан ҳастем, касе мехонад, касе кор мекунад ё машғули зиндагии худаш аст. Масалан, мо 27 декабр ҳамоиши “Ҳамдиёрон”-ро барпо кардем. Ҳадафи мо хушҳол кардани ҳамватанон буд. Пас аз он бо номи “Базми Қурутоб” мо талош кардем, ки на танҳо қурутоб, балки таомҳои миллии худро ба дигар миллатҳо муаррифӣ кунем. Дар базми кунунӣ, ки “Базми тоҷикӣ” ном дорад, мехоҳем ходимони фаъоли тоҷикро гирдиҳам орем, то онҳо бо ҷавонони мо мулоқот ва дар бораи дастоварҳои худ дар берун аз ватан сӯҳбат кунанд. Қироати шеър ва иҷрои таронаҳои тоҷикӣ низ дар назар гирифта шудааст”.

Маҳфили ҷавонону донишҷӯён ҳамоишҳои худро дар Маскав дар чойхонаи “Шоҳ” баргузор мекунад. Оқои Аюбов мегӯяд, дар байни шаҳрвандони тоҷики муқими Русия шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки сарпарастии моли чунин ҳамоишҳоро бар дӯш мегиранд. Яке аз чунин шахсон соҳиби чойхонаи “Шоҳ” Раззоқ Латифӣ аст, ки ба таври ройгон барои баргузории маҳфилҳо чойхонаро дар ихтиёри маҳфил мегузорад ва ҳатто ҳозирон аз хадамоти ройгони чойхона бархӯрдор мешаванд. Дар шаҳри Маскав кирояи ҷой барои баргузории чунин ҳамоишҳо гарон аст.

Хуршеда Ҳамроҳқулова, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Маскав мегӯяд, арзиши чунин ҳамоишҳоро бештар ононе эҳсос мекунанд, ки дур

Хуршеда Ҳамроҳқулова

Хуршеда Ҳамроҳқулова

аз ватан ҳастанд ва дар муҳити дигар зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз меҳру шафқати ёру дӯстон ва хешовандон дур мондаанд ва ҳамин холигоҳро дар зиндагии дур аз ватан чунин ҳамоишҳо то андозае пур мекунад. Рӯҳияи онҳо болидатар мешавад ва ҳатто эҳсоси бегонагӣ намекунанд. Ҳатто онҳо барои рафъи душвориҳои зиндагӣ аз якдигар кӯмак мепурсанд.

Хонум Ҳамроҳқулова пешниҳод мекунад, ки бояд ба чунин ҳамоишҳо аъзои хонанишини оилаҳо низ, ба вижа занону кӯдакон ҳам биёянд, то кӯдакони онҳо бо муҳити тоҷикӣ унс бигаранд, аз кӯдакӣ бо якдигар ошно шаванд: “На танҳо ҷавонон, балки кӯдаконро ҳам бояд бо худ оранд. Вале то ҳол ҷои муносиб надорем. Вале агар ҳамин гуна маҳфилҳо мунтазам баргузор шавад, масалан дар ду-се ҳафта ва ё дар як моҳ як бор ташкил кунанд, занони хонанишин ва кӯдаконашонро низ ҷамъ биёрем, бо якдигар ошно мешаванд, дӯст мешаванд. Солҳо мегузарад, кӯдакон калон мешаванд. Онҳоро хонадор кардан даркор, шавҳар ё арӯс пайдо кардан даркор, аз куҷо меёбанд, агар ҳамин гуна шиносоиҳо набошад. Ба фикри ман, ин ҷиҳати зиндагӣ ҳам муҳим аст”.

Хонум Ҳамроҳқулова мегӯяд, Маскав шаҳри бузарг аст ва аксари ҷавонон баъд аз таҳсил барои кор дар ҳамин шаҳр мемонанд, вале барои барпо кардани оила шароити чандон муносиб надорад. Субҳи зуд ба кор мешитобанд ва шом хаста ба хона бармегарданд. Ба ҳамин минвол солҳо сипарӣ мешаванд. Ба гуфтаи вай, ҳатто хешовандон дар шаҳрҳои бузурге чун Маскав наметавонанд ҳар гоҳ бо якдигар биншинанд. Вале агар тоҷикон ҷои муносибе барои баргузории ҳамоишҳо дошта бошанд, дар он сурат ҳамоишҳои бузургтар созмон додан мумкин аст.

Хонум Ҳамроҳқулова мегӯяд, тақрибан се сол пеш ҳукумати Русия омода буд, ки яке аз толорҳои ВДНХ ё Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи замони Шӯравиро ба тоҷикон диҳад. Вале ҳукумати Тоҷикистон ба ин пешниҳод таваҷҷӯҳ накард ва ба сабабҳои номаълум онро нагирифт. Қирғизҳо яке аз чунин толорҳоро бо қарордод барои 49 сол дар ихтиёри худ гирифтанд: “Бисёр афсӯс, ман борҳо таъкид кардам, ҳатто ба сафири пешин гуфта будам, ки агар ба Тоҷикистон даркор набошад, гиред ва ба мо диҳед, мо тоҷикони Маскав онро обод мекунем. Вале ин кор нашуд”.

Дар чунин толор баргузории консертҳо ва ҳамоишҳои бузург имконпазир буд. Гузашта аз ин, дар он ҷо барои кӯдакони тоҷик дарсҳои забономӯзӣ ва маҳфилҳои дигари ҳунарӣ роҳандозӣ кардан мумкин буд. Дар Маскав гурӯҳҳои ҳунарии “Нур”, “Гулчин” ва амсоли он вуҷуд дорад. Вале ҷои муносиб барои ҷамъ овардани дӯстдорони ҳунар мавҷуд нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG