Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия теъдоди гуруҳҳое, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз муҳоҷирони тоҷик «ҳақ», ё худ "доля" меситонанд, афзоиш ёфтааст.

Нуралӣ, як муҳоҷири корӣ, ки солҳои зиёд дар Русия мардикор аст, мегӯяд, чунин гуруҳҳо асосан дар бозорҳо фаъолият мекунанд.

Худи Нуралӣ як сол дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав ҳамчун боркаш кор кардааст ва ба гуфтааш дар бозори мазкур ва маҷмааи тиҷоратӣ дар Люблинои ин шаҳр ҳатто аробакашу боркашҳо барои ба кор даромадан, ба бригадирҳо, ки ҳамаашон тоҷиканду душаҳрвандӣ доранд, пора медиҳанд: «40 ҳазор ин меъёри аз ҳама паст аст. Ҷойҳое, ки сердаромадтар аст, онҷо то 80 ҳазор рубл пардохта мешавад. Ин чил ҳазор "ҳақ" -и бригадири аз ҳама калон аст, боз бригадирҳои хурд низ ҳастанд, ки онҳо ҳиссаи худро мегиранд. Бар замми ин ҳар рӯз панҷсад рубли дигар медиҳем. Рӯзе шуд, ки 500 рубл кор кардам ба онҳо додам, рӯзе шуд, ки ҳазор рубл ёфтам. Рӯзҳое ҳам буданд, ки тамоман кор намекардам, лекин қарз карда, пули бригадирҳоро медодам. Яъне барои ҷайби онҳоро пур кардан, заҳмат мекашидем. Боз ҳамаи онҳо тоҷиканду ба ном ҳоҷианд. Ҳоҷӣ Шоҳназару Ҳоҷӣ кимкии дигару дигар...»

Нуралӣ афзуд аксарияти ин гуруҳҳо аз мақомоти Тоҷикистон пуштибонӣ меёбанд ва ин аст ки ба доди муҳоҷирони корӣ ҳеҷ кас намерасад. Ин муҳоҷири тоҷик ба озору азияти ҳамватанонаш тоб наоварда, аз кори бозор даст кашидааст ва ҳамакнун 5 моҳ аст, дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Маскав ба унвони сохтмончӣ кор мекунад.

Масъулони созмонҳои иҷтимоӣ дар қаламрави Русия низ мегӯянд, шикояти муҳоҷирон аз озору азияти ҳамватанонашон бештар шудааст. Ба гуфтаи Карим Ёров, раиси созмони ҷамъиятии «Этнос», ҳамарӯза дари коргоҳи онҳоро то 50-100 нафар муҳоҷири корӣ бо ҳадафи дарёфти кӯмак мекӯбад ва дар байни онҳо нафарони аз дасти гуруҳҳои ҷиноятпеша ҷабрдида низ зиёданд.

Ҷаноби Ёров афзуд, аз сабаби он ки тибқи оиннома ҷамъияти онҳо танҳо бо мақсади муаррифии фарҳанги тоҷикон дар ин кишвар фаъолият мекунад, на ҳама вақт ба мадади муҳоҷирон расида метавонад: «Онҳо бештар бо масъалаҳои нагирифтани музди меҳнат, ҷабр дидан аз дасти кормандони пулис, зулми бригадирҳо муроҷиат мекунанд. Дар аксари маврид онҳо садо баланд намекунанд, чунки муҳоҷирон аз он ашхосе, ки дар пушти ин бригадирҳо истодаанд, метарсанд. Мо ба онҳо мегӯем, ки ба консулгарӣ муроҷиат кунед, вале онҳо изҳори норозигӣ мекунанд, ки консулгарӣ ва ҳукумат тавони пуштибонӣ аз онҳоро надорад.»

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд, то имрӯз бо гуруҳҳои ҷиноятпешаи "пораситон" рӯ ба рӯ нашудааст, вале аз тарафи муҳоҷирони тоҷик номаҳои шикоятӣ дар ин маврид ба сафорат ворид гардидаанд: «Аслан ин гуруҳҳо дар ҳолатҳое ба ҳамватанонамон бархӯрд мекунанд, агар огоҳ шаванд, ки як гурӯҳ муҳоҷирон маош гирифтаанд. Мутаассифона, ин чиз махсусан дар бозорҳои калон, дар сохтмонҳои калон мавҷуд аст.»

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав сабаби афзоиши ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба зиёд шудани теъдоди онҳо дар қаламрави ин кишвар рабт медиҳад.

Муҳаммади Эгамзод таъкид кард, ки бо назардошти доғтар шудани масъалаи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷик, онҳо ният доранд, кори Шӯрои ҷамъиятии назди сафоратро, ки ба он раҳбарони созмонҳои ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик шомиланд, тақвият бахшанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Каромат Шарифов, раиси созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик”, дар суҳбат бо "Озодӣ" омили асосии "пораситониҳо" - ро дар фаъолияти муассир надоштани намояндагиҳои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва камбуди мутахассисон дар ин ниҳодҳо гуфт: «Онҳо як вазифа доранд, дар куҷое, ки як сӯхтор ва ё куштор шуд, ҳамон вақт бояд тезтар пайдо шаванду муайян кунанд, ки тоҷик ҳаст ё нест. Намояндагиҳои давлати Тоҷикистон бояд бо муҳоҷирон рафтори дуруст ба роҳ монанд. Онҳо бояд дар назди муҳоҷир ғулом бошанд, чунки муҳоҷиронанд, ки зиндагии ҳамаи мо пеш рафта истодааст».

Каромат Шарифов, афзуд, ки роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон низ аксаран даст ба ҷиноят мезананд, зеро баъзеи онҳо ба мисли аксари муҳоҷирони тоҷик савод надоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2012, 88 мавриди куштори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сабт шудааст, ки аксарияташон бо дасти худи тоҷикон сурат гирифтааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG