Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари "духтарфурӯш" ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум шуд


Додгоҳи шаҳри Душанбе Зайнаббибӣ Сафароваро, ки духтарашро дар синни 11-солагӣ ба як шаҳрванди Чин маҷбуран ба шавҳар додааст, ба муддати 29 солу 8 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Зайнаббибӣ Сафарова -- як модари тоҷик, ки духтарашро қабл аз расидан ба синни никоҳ ба як шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шавҳар додааст, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон намуд.

Дар Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 22−уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳамчунин, ҳайати коллегияи ин додгоҳ Зайнабибӣ Сафароваро ба миқдори 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (40 ҳазор сомонӣ) ҷарима кардааст.

Тафтиши пешакии парвандаи Сафароваро Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом дода буд. Бино ба маълумоти муфаттишон, хонум Сафарова моҳи августи соли 2010 дар як хонаи иҷора дар шаҳри Душанбе духтараш Мижгонаи 11-соларо ба шаҳрванди сарватманди Чин Абулажан Абулайтии 35-сола тибқи никоҳи динӣ маҷбуран ба шавҳар додааст.

Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, пас аз муддате Мижгона ҳомиладор мешавад, аммо ба хотири ошкор нашудани ин ҷиноят Зайнаббибӣ Сафарова ҳамроҳ бо Абулажан Абулайтӣ тифли батни Мижгонаро дар таваллудхонаи рақами №1 шаҳри Душанбе исқоти ҳамл мекунанд. Бар иловаи ин, Зайнабибӣ Сафарова аз 6 шаш нафар соҳибкорони тоҷик ва чинӣ беш аз 1 миллион долларро гирифта бар нагардонидааст.

Бо назардошти ин амалҳо, додгоҳ хонум Сафароваро бо моддаҳои 164−и Кодекси ҷиноӣ, яъне, монеъ шудан ба таҳсили фарзанд, 168‑ ба шавҳар додани шахси ба синни никоҳ нарасида, 247−қаллобӣ ба микдори махсусан калон гунаҳкор донистааст. Бар замми ҳабси тӯлонӣ ва ҷаримаи ҳангуфт, бо ҳукми додгоҳ аз Сафарова беш аз 1 миллион доллари аз тоҷирон бо роҳи қаллбӣ ба даст овардааш бояд ситонида шавад.

Дар ҳамин ҳол, додгоҳ “шавҳари” Мижгона -- Абулажан Абулайтӣ, шаҳрванди Чинро, ки худаш соли 2013 ба унвонии Доситонии кул ариза навишта аз ин ҳолат шикоят карда буд, бо моддаи 138−и Кодекси ҷиноӣ−таҷовуз ба номус ва моддаи 169 − бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, гунаҳкор дониста, ба муддати 18 сол равонаи зиндон кардааст.

XS
SM
MD
LG