Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошкор шудани талоши сӯиқасд ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи корхонаи сементи Ваҳдат. 6 сентябри соли 2015

Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи корхонаи сементи Ваҳдат. 6 сентябри соли 2015

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ду сокини Душанбе қасд доштаанд, моҳи сентябри соли 2015 дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат ба ҷони ӯ сӯиқасд кунанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон ду сокини шаҳри Душанбе - Дилафрӯз Холова ва Иззатулло Фузайловро бо ҷурми ҳамкорӣ бо аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ”, талоши сӯиқасд ба ҷони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қасди тахриби корхонаҳо дар вилояти Суғд ва ноҳияи Ваҳдат ба зиндон маҳкум кардааст.

Фирӯз Султонзод, масъули дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Холова Дилафрӯз, ки ба гуноҳаш пурра иқрор кард, ба муҳлати 8 солу 6 моҳ, ва Фузайлов Иззатулло, ки худро танҳо қисман гунаҳгор эътироф кард, ба 10 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Ба гуфтаи додгоҳ, ин ду сокини Душанбе бар асоси қисми дуюми моддаи 187-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) айбдор дониста шуданд.

Тавре масъулони додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯянд, мурофиаи ин ду нафар таҳти раёсати муовини раиси ин додгоҳ Темур Ҳафиззода, вале бидуни ҷалби вакили мудофеъ сурат гирифтааст, чунки онҳо гуфтаанд, ки ба хидмати адвокат ниёз надоранд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба нақл аз баёнияи маҳкумшудаҳо мегӯяд, Дилафрӯз Холова тавассути Турсунов Абушаҳид Ҳақназарович, як узви фаъоли созмони террористии «Давлати исломӣ», ки бо лақаби «Абӯ Саид» маъруф буда ва дар Сурия қарор доштааст, талош кардааст бо полковники собиқи вазорати корҳои Гулмурод Ҳалимов дар тамос шавад. Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи майи соли 2015 фирор кард ва баъди чанде аз пайвастанаш ба сафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дарак дод.

Рӯзи 2-юми сентябри соли 2015 “ Абӯ-Салоҳ”, як узви дигари ин созмон тавассути алоқаи интернетии «ВатсАпп» ба Холова Дилафрӯз хабар додааст, ки вай бо рафиқонаш, ки шахсияташон ба тафтишот номаълум мебошад, мақсади ғасби қисмҳои ҳарбӣ дар Хуҷандро доранд. Муттаҳамон дар додгоҳ гуфтаанд, ки “Абӯ-Салоҳ” ба ин мақсад дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гуруҳи иборат аз 20 нафар созмон додааст ва Фузайлов Иззатулло низ шомили ин гурӯҳ будааст.

Санаи 1-уми сентябри соли 2015 Турсунов Абӯшаҳид бо Дилафрӯз дар тамос шуда, хабар додааст, ки тарафдорони «Давлати исломӣ» дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 10 адад парчамҳои «Давлати исломӣ»-ро омода намудаанд ва дар вақти лозима онҳо метавонанд барои дар шаҳри Душанбе овезон кардани он парчамҳо ба «Абӯ-Салоҳ», ки шахсияташ ба тафтишот номаълум мебошад, муроҷиат намоянд.

Абӯшаҳид бар иловаи ин хабар додааст, ки «фидоиёни Давлати исломӣ” дар вилояти Суғд омодагӣ мегиранд ва ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба шаҳри Ваҳдат дар таърихи 6 сентябри соли 2015 дар расми ифтитоҳи корхонаи сементбарорӣ таркишро ба амал биёранд.

Қаблан дар моҳи августи соли гузашта, ба гуфтаи додгоҳ, Абӯшаҳид Турсунов тавассути алоқаи интернетии «ВотсАпп» нақшаи тарзу усули омода намудани маводи мунфаҷираро ба Дилафрӯз Холова равон кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон субҳи 6 сентябр, баъди ду рӯзи оғози ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифоъи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода бо сафари корӣ ба Ваҳдат рафта буд.

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, вале Дилафрӯз Холова ва Иззатулло Фузайлов барои иҷрои ин “супориши харобкорона” силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва парчами «Давлати исломӣ»-ро пайдо карда натавонистаанд. Иззатулло Фузайлов рӯзи 12 сентябр ва Дилафрӯз Холова рӯзи 16 сентябри соли 2015 дастгир шуданд.

Ва аммо, ба гуфтаи додгоҳ, волидони ин ду маҳкумшуда аз ҳукми онҳо ба додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи кассатсионх бурдаанд. Дар шӯъбаи умумии додгоҳи шаҳрӣ ба Озодӣ ворид шудани шикоят аз номи шаҳрвандон Дилафрӯз Холова ва Иззатулло Фузайловро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки аризаи онҳо ҳанӯз ба баррасӣ гирифта нашудааст.

Ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, дар гузашта низ талошҳои сӯиқасд сурат гирифтаанд. Аз ҷумла дар соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми вуруди Эмомалӣ Раҳмон ба бинои донишгоҳ таркише ба амал омад, ки бар асари он президент ва чанд тан аз ҳамроҳонаш, бо шумули вазири собиқи умури дохила Ёқуб Салимов ҷароҳат бардоштанд.

Ба ташкили ин сӯиқасд чанд нафар, аз ҷумла Хуршед Абдушукуров, мулаққаб ба "Тайсон" ва Абдулло Абдуллоҷонов, бародари сарвазири собиқи Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов айбдор шуданд. "Тайсон" ҳангоми боздошт кушта шуд, вале додгоҳ бародари Абдуллоҷоновро баъдан ба қатл маҳкум кард. Ёқуб Салимов ҳам соле баъд ба ҳамдастӣ дар ошӯби полковник Маҳмуд Худойбердиев айбдор шуд ва соли 2003 боздошт шуда, ба 15 соли зиндон маҳкум гардид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG