Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ аз Русия дар бораи ҷангии тоҷик тавзеҳ хост


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз вазорати умури дохилии Русия хостааст, ки чигунагии бозгашти як сокини шаҳри Нораки Тоҷикистон аз Сурия ба Русияро, шарҳ бидиҳад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо ирсоли як нома ба вазорати корҳои дохилии Русия, тақозо кардаааст, ки ҳолати аз Сурия ба Русия омадани шаҳрванди Тоҷикистон, сокини шаҳри Норак Саидҷаъфар Мирзошоевро мушаххасан шарҳ бидиҳад.

Саидҷаъфар Мирзошоев -- сокини ноҳияи Норак бо моддаи 401 прим 1, (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрвандӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо), айбдор дониста мешавад.

Як манбаъ аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 11 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, раёсати додгоҳ пас аз оғози мурофиаи парвандаи Саидҷаъфар Мирзошоев тасмим гирифт, ки бо чунин нома ба вазорати умури дохилии Русия муроҷиат намояд. Зеро ба гуфтаи додгоҳ, дар мурофиаи нахустини ин парванда, ки рӯзи 9 июн оғоз шуд, айбдоршаванда Саидҷаъфар Мирзошоев гуфтааст, ки “вай дар Сурия хоҳиш кардааст, ки ӯро ба Тоҷикистон баргардонанд ва вазорати корҳои дохилии Русия дар вақти ба Маскав омаданаш, ӯро ба Тоҷикистон фиристодааст.”

Додгоҳи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, ки ин нишондоди Мирзошоев дар мурофиа барои додгоҳ ҳолати нав ба шумор меояд, чунки дар парванда ҳолати мазкур комилан бо дигар мазмун зикр шудааст. Ба иттилои додгоҳи Исмоили Сомонӣ, дар парванда вай дархости аз Сурия бо хоҳиши худаш ба Тоҷикистон оварданашро накардааст ва баръакс, вақте, ки вай аз Сурия ба Маскав бармегардад, аз тарафи кормандони умури дохилаи Русия ба Тоҷикитсон оварда мешавад.

Ҳоло додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба хотири дарёфти посухи Вазорати корҳои дохилии Русия дар мавриди чигунагии аз Сурия ба Маскав омадани шаҳрванди Тоҷикистон Саидҷаъфар Мирзошоев, мурофиаи навбатиро то рӯзи 16 июн ба таъхир гузошт.

Мақомоти тоҷик борҳо эълон карданд, ки афроде дар ҷангҳои Сурия ва дигар кишварҳо ширкат доранд ва бо хоҳиши худ бармегарданд ва аз кардаи худ пушаймонӣ мекунанд, аз ҷавобгарӣ озод мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» дар Сурияву Ироқро беш аз 400 нафар мегӯянд. То имрӯз дар бораи ҳалокати то 60 нафар аз зодагони Тоҷикистон гузориш шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG