Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Тоҷикистон дар Файзобод дубора фаъол шуд


Мулоқоти консули нави Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Умед Назаров бо волии Бадахшон Аҳмад Файсал Бекзод.
Мулоқоти консули нави Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Умед Назаров бо волии Бадахшон Аҳмад Файсал Бекзод.

Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки шаш моҳ қабл бино бар далоили амниятӣ ба таври муваққатӣ фаъолияти худро қатъ карда буд, дубора ба кор оғоз кард.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул рӯзи 10-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бино бар дархостҳои пайдарпайи ҷониби Афғонистон ва пеш овардани вазъи сангини сокинони Бадахшони он кишвар, ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки консулгарии худро дар шаҳри Файзобод дигарбора фаъол намояд.

Ба гуфтаи Шарофиддин Имомов, ин масъала ҳатто зимни сафари ахири раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Душанбе, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, бо мақомоти Тоҷикистон дар миён гузошта шуд.

Сафири Тоҷикистон афзуд, ки дипломатҳои тоҷик ҳоло ба Файзобод расидаанд ва машғули таҳияи шароити корӣ ва ҳамоҳангсозӣ бо сохторҳои Афғонистон дар мавриди таъмини амнияти намояндагӣ ва кормандони он мебошанд.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон.
Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон.

Вай гуфт, ки маъмурияти консули пешини Тоҷикистон дар Файзобод ба поён расидааст ва вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳоло консули нав таъйин кардаву ҷониби Афғонистон ҳам ӯро иҷозаи фаъолият додааст. Консули нави Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон Умед Назаров таъйин шудааст.

Шарофиддин Имомов дар робита ба фаъолияти консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз гуфт, ки вазъи амниятии он вилоят дар ҳоли ҳозир имкон намедиҳад, ки дипломатҳ

ои тоҷик фаъолияти худро дар онҷо дубора оғоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии Бадахшон рӯзи 10-уми июл дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод рӯзи шанбеи 9-уми июл ба таври расмӣ ба фаъолият оғоз кард. Оқои Бедор афзуд, ки "сад дарсад воқеият дорад, консулгарии Тоҷикистон дирӯз расман фаъолияти худро дар Бадахшон оғоз кард."

Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии Бадахшон.
Гулмуҳаммади Бедор, муовини волии Бадахшон.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Бадахшон, Умед Назаров дар мулоқот бо волии Бадахшон Аҳмад Файсал Бекзод гуфтааст, ки пас аз рафъи нигарониҳои амниятӣ ва итминони ҳукумати Афғонистон, омода шудаанд, ки консулгарии Тоҷикистонро дар Файзобод фаъол намоянд. Ба иттилои ин манбаъ, волии Бадахшон аз бозкушоии консулгарии Тоҷикистон истиқбол намуда ва амнияти дипломатҳои тоҷикро итминон додааст.

Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Файзобод ва Кундузи Афғонистон дар авоили соли ҷорӣ ба таври муваққатӣ баста шуда буданд. Ин тасмим ба хотири таъмини амнияти дипломатҳо рӯи даст гирифта шуда буд. Дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти вазорати умури хориҷии Афғонистон гуфтанд, ки "сафорати Тоҷикистон як номаи расмӣ ба вазорати умури хориҷӣ фиристода ва нигоштаааст, ки ба далелҳои кӯчаки амниятӣ, консулгариҳояшро дар вилоятҳои Бадахшон ва Кундуз ба таври муваққатӣ мебандад."

Дар ин хабар гуфта мешуд, ки қарор буд, Тоҷикистон консулгариашро дар вилояти Балх низ бубандад, аммо мақомҳои маҳаллӣ бо ваъдаи таъмини амнияти консулгарӣ монеи ин кор шудаанд. Атомуҳаммад Нур, волии Балх монеи баста шудани консулгарӣ шуда ва ба таъмини амнияти намояндагии Тоҷкистон дар Мазори шариф ваъда супурд.

Консули нави Тоҷикистон дар Файзобод бо волии Бадахшон.
Консули нави Тоҷикистон дар Файзобод бо волии Бадахшон.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 15-уми январ бо пахши як иттилоия, сабабҳои баста шудани консулгариҳои кишвар дар вилоятҳои Кундуз ва Бадахшон дар шимоли Афғонистонро тавзеҳ дод. Дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфта мешуд, ки бинобар вазъи ноором дар шимолӣ Афғонистон, ин ду намояндагии дипломатӣ ба таври муваққатӣ баста шуда ва дар сурати ором шудани вазъият, дубора ба фаъолияти худ оғоз хоҳанд кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро "ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз", рабт дода буд.

Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешуд, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз яке аз аввалин биноҳое буд, ки дар ҳамлаи Толибон дар 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд. Ҳамчунин дар ин иттилоия ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба консули Тоҷикистон дар Бадахшон Рустам Маҳмудӣ ишора шуда буд, ки дар таърихи 16-уми майи соли 2014 мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва захмӣ шуда буд.

Бо баста шудани консулгариҳои Тоҷикистон дар Кундуз ва Бадахшон, шуморе аз тоҷирони афғон шикоят карданд, ки дар самти фаъолиятҳои тиҷоратӣ ва дарёфти визаи Тоҷикистон мушкилоти хеле зиёде ба вуҷуд омадааст ва муомилаҳои тиҷоратиашон бо ҷониби Тоҷикистон дар нимароҳ мондааст. Онҳо аз ҳукумати марказии Афғонистон ва масъулони маҳаллӣ тақозо кардаанд, ки дар мавриди гирифтани виза ва ҳамчунон дубора боз кардани консулгарии Тоҷикистон, бо мақомоти Душанбе сӯҳбат кунанд.

Вилояти Бадахшони Афғонистон яке аз минтақаҳои ноамни он кишвар ба шумор меравад ва аз чанд моҳ ба ин тараф вулусволиҳои Юмгон ва Вардуҷи ин вилоят дар контроли Толибон қарор доранд. Ахиран дар минтақаҳои Роғистон ва Дарвози ин вилояти миёни нерӯҳои давлатӣ ва афроди гурӯҳи Толибон даргириҳои шадид сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG