Пайвандҳои дастрасӣ

Добрининас: Фасод дар Тоҷикистон "одат" шудааст (ВИДЕО)


Бо вуҷуди ташвиқи мардум ба парҳез аз ришва додан, ришвадиҳиву ришвахорӣ ҳамчунон дар Тоҷикистон густурда аст.

Бо вуҷуди ташвиқи мардум ба парҳез аз ришва додан, ришвадиҳиву ришвахорӣ ҳамчунон дар Тоҷикистон густурда аст.

Боздошти теъдоди зиёдтари кормандони ниҳодҳои интизомӣ бо иттиҳоми фасоду ришвахорӣ мақомотро нигарон кардааст.

“Омӯзгори донишгоҳ, раиси ҷамоат, табиби бемористонеро боздошт карданд, зеро аз корафтодае ришва гирифтаанд. Директори мактаб барои истифодаи ғайриҳадафмандона ва аз худ кардани маблағҳои давлатӣ ба зиндон маҳкум шуд.” Аз нигоҳи кӯтоҳе ба хабарҳо ва иттилоияҳои ниҳодҳои ҳомии қонуну тартибот тасаввуре ҳосил мешавад, ки то чанд моҳ пеш фақат кормандони соҳаи маорифу тиб ва ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон ба фасод олуда будаанд.

Аммо манзара дар моҳҳои ахир тағйир кардааст ва ба иттилои мақомот бештар онҳое бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир мешаванд, ки худашон масъули мубориза бо фасоду ришвахорӣ ҳастанд. Ва ин тамоюл ба гуфтаи Ҷамолиддин Муҳаммадзода, сардори Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Хатлон, онҳоро нигарон кардааст.

Дар ним соли гузашта бо иттиҳоми ришвахорӣ ва фасоди молӣ дар ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии вилоят 18 парванда боз кардаанд. Яке аз ин парвандаҳо алайҳи Шамсулло Фатҳуллоев, капитани Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир аст, ҳарчанд ҷузъиёти парвандааш маълум нест. Парвандаи дигарро ба зидди Дилшод Холзода, ёвари додситони ноҳияи Ҷайҳун боз кардаанд, чун ба як гумонбари ҷиноят ваъда додааст, дар ивази 4600 сомонӣ ё тақрибан 600 доллар метавонад ҷазояшро сабук кунад.

Ҳушдорҳо аз хатари ришвахорӣ барои бақои Тоҷикистон

Аммо фасоду ришвахорӣ на танҳо дар Хатлон, балки дар тамоми Тоҷикистон паҳн шудааст ва худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта инро эътироф кард. Ӯ дар як ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ фақат дар бораи хатари фасоду ришвахорӣ барои амнияту бақои Тоҷикистон сӯҳбат кард ва омори такондиҳанда ҳам овард.

Тоҷикистон дар Шохиси байналмилалии фасод дар байни 168 кишвар дар мақоми 136-ум қарор дорад.

Раҳмон гуфт, дар 5 соли ахир нисбати 1200 додрасу муфаттиш ва дигар ва маъмурони амниятиву кормандони милиса ва афсарони дигар ниҳодҳои қудративу интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Як назарсанҷии 5 соли пеш дар Тоҷикистон, ки бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид анҷом шуд, нишон додааст, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар шумори 5 сохтори олудатарин ба фасод дар мақоми аввал ҳастанд ва ба гуфтаи 60 дар сади аҳолӣ ришва мегиранд.

Ҳамин назархоҳиро ҳукумати Тоҷикистон барои он хоста буд, то умқи мушкилотро омӯхта, фасоду ришвахориро, ки мардумро аз давлат дилсард кардааст, решакан кунад. Вале натиҷаҳо ба эътирофи худи мақомот самараи дилхоҳ надодаанд. Александрас Добрининас, профессори Донишгоҳи Вилнюси Литва, дар таҳқиқи решаҳои коррупсия дар Тоҷикистон кӯмак кардааст. Ӯ мегӯяд, дар кишваре, ки 65 дар сади аҳолиаш фикр мекунанд, ки коратон бе ришва иҷро намешавад, аз байн бурдани фасод чӣ дар сохторҳои интизомӣ чӣ дар дигар ниҳодҳо кори осоне нест.

“Шумо агар дар Тоҷикистон бошед, дар ҳар чаҳорроҳаи пойтахти кишвар як манзараи ҷолиберо мебинед. Шумо агар бо фарҳанги маҳал ошно набошед, фикр мекунед, онҷо ҳама хеш ҳастанд. Маъмурони милиса мошинҳоро нигаҳ медоранд, ронандаҳо ба наздашон меоянд, ҳамдигарро оғӯш мегиранд, дӯстона сӯҳбат мекунанд, вале аз онҳо ришва мегиранд.”​

"Одати бад" дар байни мақомоти интизомӣ

Ронандаҳои тоҷик ба профессори литвонӣ гуфтаанд, ба нозири роҳ, ҳаққи хидматашро медиҳанд, то оилаи 9 нафариашро таъмин кунад. Як маъмури милиса, ки 20 сол дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон кор кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, соатҳои дарози корӣ дорад ва на рӯзи таътилу на музди муносиб. “Аз боло хоҳем, касе намедиҳад, барои ҳамин аз поён аз мардум пул тамаъ мекунем, –мегӯяд ӯ.

Аз тарафи дигар, ба қавли профессори литвонӣ, посухгӯ набудан ба ҷомеа ва фаъолияти пӯшидаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки вазифаашон хидмат ба мардум аст, имкон намедиҳад, сафи ин сохторҳоро аз одамони тасодуфӣ пок кунанд. Монеаи дигар ба гуфтаи ӯ, қавмгароӣ ва ё хешутаборчигӣ дар сохторҳои давлатӣ ва аз ҷумла ниҳодҳои қудратӣ аст, ки намегузорад, ин фасодкориро решакан кунанд.

“Вақте хешутарборчигӣ вуҷуд дорад, шумо манфиати хешу наздиконро болотар аз манфиати давлат мегузоред ва ин қавмгароӣ дар Тоҷикистон то ба сатҳи боло мерасад.” – мегӯяд Александрас Добрининас.

Роҳҳои решакан кардани фасод

Рустем Тоҳиров, коршиноси тоҷик, ки дар гузашта дар иҷрои барномаҳои мубориза бо коррупсия кор кардааст, мегӯяд, “ришва додану гирифтан” барои ҳамаи мардум оддӣ шудааст ва бояд худи онҳо дар сафи аввали мубориза бошанд ва ба касе ришва надиҳанд ва ҳаққи худро донанд. "Бе ин кор пок кардани ниҳодҳои қудратӣ ва ҳар ҷойи дигар аз коррупсия мушкил аст. –мегӯяд ӯ.

Тоҷикистон Қонун дар бораи мубориза бо коррупсия ва Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия ва Оҷонси мубориза бо коррупсия дорад.

Бо вуҷуди онки ҳеҷ кишваре аз фасоду ришвахорӣ пок нест, вале як роҳе ҳаст, ки ба гуфтаи профессори литвонӣ, метавонад, ин зуҳуротро кам кунад:

“Мубориза бо коррупсия замоне натиҷа медиҳад, ки дар ҷомеаи шумо равандҳои сиёсӣ ва демократисозӣ идома дошта бошад. Дар ҷомеае, ки аҳзоби сиёсӣ озод рақобат кунанд ва тавонанд, мухолифонашонро танқид кунанд, як таҳкурсии аслӣ барои муқобила бо фасод вуҷуд дорад. Агар шумо озодиҳои сиёсӣ, матбуоти озод, созмонҳои ғайриҳукуматии фаъол надошта бошед, решакан кардани фасод бисёр сахт аст. “

Ба ғайр аз ин ҳар гуна стротегияву барномаву сиёсатҳои зидди коррупсия ба гуфтаи ӯ танҳо вонамуд кардани мубориза бо фасоду ришвахорист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG