Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи Қонуни асосии Тоҷикистон


6-уми ноябр дар Тоҷикистон нафақат рӯзи интихобот, балки Рӯзи Қонуни асосии ин кишвар низ ҳаст.

Тибқи қонунҳои Тоҷикистон имрӯз дар саросари кишвар таътил аст ва дар шаҳри Душанбе ба ин муносибат “сайру гашти идона”-и сокинон ташкил шудааст. Дар бархе аз нукоти шаҳр, маҳфилҳои идона, ба хусус барномаҳои консертӣ бо ҳузури сокинон, ба хусус ҷавонон доир мешавад.

Аммо бо гузашти қариб ду даҳсола бисёре аз кафолатҳои зикршуда дар Қонуни асосии Тоҷикистон барои мардум як меваи дастнорас боқӣ мемонад. Татбиқ нашудани чандин дастури муҳими ин санад, аз ҷумла тақсими шохаҳои қудрат, табиати иҷтимоии давлатдорӣ, истиқлолияти додгоҳ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳуҷҷати асосии мамлакатро дар чашми мардум камаҳамият кардааст.

Сарқонун ё Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар соли 1994, дар айни ҷӯши ҷанги шаҳрвандӣ қабул шудааст, Тоҷикистонро як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ номида, низоми давлатдориашро иҷтимоӣ медонад. Баъд аз имзои Созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар соли 1997 бо ризоияти ду ҷониб дар соли 1999 ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки бино бар онҳо Тоҷикистон соҳиби парлумони думаҷлиса шуда, аҳзоби динӣ дар кишвар ҳаққи фаъолият пайдо карданд.

Зимни ҳамин ислоҳот мӯҳлати фаъолияти раисиҷумҳур аз ду давраи панҷсола ба як давраи ҳафтсола иваз шуд ва таъкид гашт, ки як нафар наметавонад ду давра президент шавад. Аммо дар пайи тағйири дигарбораи Сарқонуни Тоҷикистон дар соли 2003 мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз як давраи ҳафтсола ба ду давраи ҳафтсола иваз шуд. Ин тағйир ба раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ду ҳаққи дигари талош барои курсии президентиро ба даст биорад.

Дар ин замина, аксари коршиносони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон мегӯянд, ду бастаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон асосан ба нафъи ҳукумат ва президент будаанд. Онҳо меафзоянд, Тоҷикистон низ ба монанди кишварҳое чун Белорус, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон кӯшиш кард, ки дар конститутсия меъёрҳоеро ба вуҷуд орад, ки ба президенти амалкунанда имконият диҳанд, бидуни интиқоли қудрат дар интихоботҳои минбаъда номзад шавад.

Ҳуқуқшинос Шокирҷони Ҳаким мегӯяд, ба ин шева тағйир додани қонуни асосӣ на танҳо ба эътибори байнулмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ дошт, балки шароитеро барои ташаккули низоми худкома фароҳам овард ва арзишҳои демократиро, ки дар сархатти қонуни асосӣ қарор доранд, халалдор намуд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Аммо муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Галия Рабиева, чунин танқидҳоро дуруст намеҳисобад. Вай мегӯяд, Қонуни асосии кишвар бо дарназардошти меъёрҳои байналмилалӣ ва арзишҳои миллӣ таҳия ва аз тариқи раъйпурсӣ пазируфта шудааст. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, ки дар қонуни асосӣ шояд бархе аз камбудиҳо низ ҷой дошта бошанд, вале азбаски ин санад барои дарозмуддат сохта шудааст, норасоиҳои он бо мурури вақт ислоҳ хоҳанд шуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ин тағйиру иловаҳо ба хотири таҳкими сулҳу субот дар Тоҷикистон сурат гирифтанд ва заминаҳои роҳандозии барномаҳои стратегӣ - таъмини истиқлолияти энерживу озуқаворӣ, хуруҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардумро фароҳам оварданд.

Аммо коршиносон мегӯянд, тарҳҳои энерживу коммуникатсионӣ дар кишвар бо вуҷуди сарусадои баланд, амалан камранг ва камтаъсир буда, ба даъвоҳои ҳукумат мувофиқат намекунанд. Онҳо мегӯянд, 14 сол ба ин сӯ дар фасли сармо мардум бебарқ аст ва сатҳи зиндагии аҳолӣ низ ба муҳоҷирати корӣ вобастааст, на ба сиёсатҳои давлат.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба бархе аз дастурҳои Қонуни асосӣ арҷ мегузоранд, вале аз иҷро нашудани онҳо шикоят мекунанд. Густариши холигоҳи миёни меъёрҳои Қонуни асосӣ ва воқеиятҳои имрӯзаи кишварро бархе аз ҳуқуқшиносон низ тасдиқ мекунанд. Ба бовари онҳо, аслу меъёрҳои ин қонун на танҳо бо зиндагии ҳаррӯзаи мардум, балки ҳатто бо қонунҳои соҳавии кишвар зиддиятҳо дорад.

Ҷунайд Ибодов
Ҷунайд Ибодов
Дар ин бобат ҳуқуқшиноси тоҷик, Ҷунайд Ибодов, мегӯяд, «ҳар як моддаи Сарқонунро бингаред, дар охираш навишта шудааст, ки ба ғайр аз лаҳзаҳое, ки қонун муайян кардааст. Албатта, бе ин ҳам намешавад, аммо ин гуна моддаҳо зиёданд ва оҳиста-оҳиста вақте ба ҳаёти муқаррарӣ меравад, қариб ки аз он чизе намемонад. Ҳамин тариқ, Сарқонун санаде шудааст, ки фақат дар рӯзҳои ид ва тантанаҳо ба ёди кас мерасад. Яъне ҳамчун ҳуҷҷати кории тамоми мардуми кишвар, китоби рӯйимизии як миллат нест.»

Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти зидахл тақозо кард, ки муғойирати қавонини кишвар ба Сарқонунро бартараф кунанд, то қавонин воқеан ҳуқуқбунёдии Тоҷикистонро собит намоянд.

Яке аз чунин ихтилофотро коршиносон дар байни Қонуни асосӣ ва қонуни нави дин мебинанд, ки дар соли 2009 тасвиб шуд. Дар ҳоле ки Қонуни асосӣ озодии динро замонат медиҳад, қонуни нав ин озодиро барои наврасону ҷавонон ва ҳамчунин таълиму тадриси диниро маҳдуд мекунад.

Аммо ҷаноби Раҳмон гуфт, ки арзишҳои ислом барои пешрафти ҷомеа ва тарбияи шаҳрвандон аҳамияти бузург дорад, вале “давлат нисбат ба ҳадафҳои воқеӣ ва сиёсии ташкилоти динӣ бетафовут буда наметавонад,” то ки, ба қавли президент, ин ниҳодҳо фаъолияти худро мувофиқи қонун ба роҳ монанд. “Озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф ва дигар арзишҳои башарӣ муайян мешавад,” – гуфт ӯ.

Ҳуқуқшиноси дигари тоҷик Абдуқаюм Юсуфов, мегӯяд, як далели дигари эътибори кам доштани Сарқонун дар Тоҷикистон ин аст, ки мардум аз нақзи ҳуқуқи конститутсионии хеш ба Додгоҳи конститутсионӣ кам муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG