Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои Тоҷикистонро ҳам меравонанд?


Як узви ҷавони Ҳизби коммунист нимпайкараи Владимир Ленин, доҳии коммунистонро аз чанг тоза мекунад

Як узви ҷавони Ҳизби коммунист нимпайкараи Владимир Ленин, доҳии коммунистонро аз чанг тоза мекунад

Тайи ду ҳафтаи охир дар расонаҳои давлатӣ як зумра матлабҳо ба нашр расидаанд, ки мазмунашон тақрибан як аст: "Ҳизби коммунисти Тоҷикистон обрӯву эътиборашро аз даст додааст".

Тайи ду ҳафтаи охир дар расонаҳои давлатӣ чандин матлаб ба нашр расид, ки тақрибан як мазмун доранд: "Ҳизби коммунисти Тоҷикистон обрӯву эътиборашро аз даст додааст ва будани чунин як ҳизби дорои "идеологияи барои мардуми тоҷик бегона" зарур нест."

Дар ҳоле ки масъулони Ҳизби коммунист мегӯянд, ҳизби онҳо дар таъсиси давлати мустақили Тоҷикистон нақши инкорнопазир доранд, аммо коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дар фурсатҳои наздик фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон поён меёбад.

Ҳамлаи расонаҳои давлатӣ ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пас аз баста шудани Ҳизби коммунисти Қазоқистон шурӯъ шуд. Хабари аз байн рафтани ҳизби Коммунисти Қазоқистон ғайриинтизор дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон ба таври густурда пӯшиш ёфт. Ба дунболи ин, чанде аз донишмандону пажӯҳишгарон дар мавриди “аз даст рафтани обрӯи коммунистон дар Тоҷикистон” садо баланд карданд.

Маҳбуба Камолова, як масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, аз ҷумлаи нафароне буд, ки дар як мусоҳибаи вижа бо Оҷонсии давлатии иттилоотии “Ховар” вуҷуди Ҳизби коммунистро барои Тоҷикистон нозарур хонд. Камолова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам гуфт, ки дар охири солҳои 90-ум интихобкунандагон бо хотираҳое, ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ доштанд, ба ҳизби коммунист овоз додаанд. Вале баъди имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 мамлакат ба марҳилаи нав ворид шуд ва ва ин тарафдоронашро гум кард.

Маҳбуба Камолова мегӯяд, дар ҳоле ки коммунистҳо дар интихоботи соли 2000 13 курсиро дар парлумон соҳиб шуданд, дар соли 2010 ҳамагӣ 2 курсии парлумонро дар ихтиёр гирифтанд. Дар интихоботи марти соли ҷорӣ бошад, ин ҳизб танҳо ду дарсад раъй ба даст овард ва ҳамон ду курсиро низ аз даст дод. "Даврони ҳизбҳои ба таълимоти бегона такядошта ... ба охир расидааст," -- мегӯяд Маҳбуба Камолова.

Сиёсатшиносон ва нозирони умури сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, нашри матлабҳои зидди Ҳизби коммунист дар расонаҳои давлатӣ аз тағйири назари давлат ба ин ҳизб аломат медиҳад. Аммо Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, матлабҳои “зиддиҳизбӣ” назари шахсони алоҳида аст ва барои баста шудани Ҳизби комунист дар Тоҷикистон баҳонае вуҷуд надорад. "Дар зери ин коса ҳеч нимкоса нест," -- гуфт ӯ.

Талбаков мегӯяд, ки Ҳизби коммунист аз куҳантарин ташаккулҳои сиёсии кишвар буда, таърихи 90 соли охири ҷумҳурӣ бо он сахт печидааст. Таҳлилагрон ин ҳизбро мухолифи давлат намешуморанд, зеро хеле кам иттифоқ афтодааст, ки ин ҳизб аз ташаббусҳои ҳукумат интиқод карда

Парвиз Муллоҷонов

Парвиз Муллоҷонов

бошад. Аммо Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ мегӯяд, авзоъ дар саҳанаи сиёсии ҳизбҳои Тоҷикистон тарзе шакл мегирад, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳизби коммунист низ қурбони ин вазъият хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, дар шароите ки давлат мекӯшад фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро боз дорад, барои бештар кардани машруъияти ин иқдом ба “қурбонии” иловагӣ ниёз дорад.

"Ба эҳтимоли зиёд бо бастани ҲНИТ давлат ҳизби комунистро низ мебандад. Ба қавли русҳо “за компанию”. То наҳзатиҳо ба қавле зиқ нашаванд," -- афзуд ин таҳлилгари тоҷик.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳо буда соли 1918 дар Бухоро таъсис дода шудааст. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд. Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG