Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, нирӯҳои давлатии Сурия рӯзи 21 апрел дар вилояти Дайр-уз-Зор 75 ҷангҷӯ, бо шумули як фармондеҳи тоҷики “Давлати исломӣ”-ро ба ҳалокат расондаанд.

Манобеи наздик ба ҳукумати Сурия аз ҳалокати 75 ҷангҷӯи созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) дар як задухӯрди сангин дар вилояти Дайр-уз-Зор хабар медиҳанд. Фармондеҳи ҷангҷӯён, ки низ кушта шуд, аз Тоҷикистон будааст.

Сомонаи хабарии free-news.su, ки бештар таҳаввулоти Сурияву Украинаро пайгирӣ мекунад, рӯзи 22 апрел хабар дод, ки рӯзи 21 апрел нирӯҳои давлатии Сурия ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-оро аз ноҳияи Ас-Синъо берун кардаанд. “Давлати исломӣ” тоза рӯзи 20 апрел ин минтақаро тасарруф карда буд. Сомонаи free-news.su бо такя ба манобеи давлатии Сурия мегӯяд, бригадаи 104-уми нирӯҳои десантии артиши Сурия ҳамроҳ бонирӯҳои ниманизомии қабилаи шайтат дар натиҷаи як шабехун ҷониби душманро ғофилгир карда, 75 ҷангҷӯ, аз ҷумла ффармондеҳи онҳоро, ки зодаи Тоҷикистон будааст, ба ҳалокат расондаанд.

Хабаргузории шиъагарои “Ahlulbayt”, ки аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят мекунад, низ рӯзи 22 апрел аз кушта шудани 75 ҷангҷӯии “Давлати исломӣ”, бо шумули фармондеҳи тоҷики онҳо хабар дод. Манбаи ин хабаргузорӣ дар вилояти Дайр-уз-Зор гуфтааст, шабехуни нирӯҳои давлатӣ ба корвони ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар яке аз кӯчаҳои Ас-Синъо, шаҳраке дар канори шаҳри Дайр-уз-Зор сурат гирифта, бар изофаи 75 кушта даҳҳо захмии дигар ҳам ба ҷо гузоштааст. Хабаргузории нимарасмии “Форснюс”-и Эрон низ менависад, ки дар пайи кушта шудани 75 “террористи такфирӣ”, бо шумули фармондеҳи тоҷики онҳо, нирӯҳои давлатии Сурия тавонистанд Ас-Синъоро таҳти назорати худ бидароранд.

Дайр-уз-Зор, маркази вилояти ҳамном, дар 450-километрии шимолу шарқи Димишқ, пойтахти Сурия, ҷойгир шудааст. Дайр-уз-Зор бо беш аз 200 ҳазор ҷамъияташ яке аз пойгоҳҳои умдаи таҳти назорати нирӯҳои содиқ ба президент Башор Асад боқӣ мемонад. Ин шаҳр аз моҳи майи соли 2015 дар муҳосираи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” қарор дорад. Ҷангҷӯён чандин минтақа дар атрофи шаҳр чандин минтақаро тасарруф кардаанд, вале талоши чандинкаратаи онҳо барои ишғоли маркази вилоят то ҳол натиҷа надодааст.

Тасдиқи хабари марги фармондеҳи тоҷики “Давлати исломӣ” дар шабехуни рӯзи 21 апрел дар канори Дайр-уз-Зор аз сӯи манобеи мустақил ғайримумкин ба назар мерасад. Ҳеҷ кадоме аз ноширони ин хабар исми фармондеҳи кушташуда ваё синни ӯро ҳам нашр накардаанд.

Аммо ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши шумори ҷангҷӯёни тоҷике, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрави назири “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра” меҷанганд, изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, дастикам 1094 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, то моҳи январ алакай 148 нафари онҳо дар он ду кишвари арабӣ кушта шуданд.

Гулмурод Ҳалимов

Гулмурод Ҳалимов

Аз миёни ҷангҷӯёни тоҷики дар байни ҷангҷӯёни Ховари Миёна бештар матраҳ, ба гуфтаи манобеи огоҳ, яке фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов аст, ки баъди рафтанаш ба Ховари Миёна ба яке аз аъзои баландпояи “Давлати исломӣ” табдил ёфтааст. Нафари дигари пурнуфуз, ба гуфтаи як манбаи Озодӣ, Қорӣ Абдуллоҳ ном нафаре аз минтақаи Кӯлоб аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон фирор карда буд, вале баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 барнагашт ва тақрибан ду сол пеш бо ҷамъе аз тарафдоронаш ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” пайваст.

Мақомоти Тоҷикистон барои пешгирӣ аз рафтани шаҳрвандонаш ба ҷангҳои Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигар дар Кодекси ҷиноӣ банди нави 406-умро илова кардаанд, ки барои зархаридӣ ва ширкат дар ҷангҳои бегона то 12 соли зиндон ҷазо таъин кардааст. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне ки ихтиёран бармегарданд, пешниҳоди афв шудааст. Бино ба омори додситони кулл, дар натиҷаи корҳои ташвиқотӣ 147 нафар қисман бевосита аз Сурияву Ироқ ва қисме ҳам аз роҳи сафар ба он кишварҳои ҷангзада ба Тоҷикистон баргардонда шудаанд.

Миллионҳо гуреза - асароти ҷангҳои Сурияву Ироқ

Миллионҳо гуреза - асароти ҷангҳои Сурияву Ироқ

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2015 созмонҳои тундрави “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-Нусра”-ро ба рӯйхати сиёҳи созмонҳои террористӣ дароварда, фаъолияташонро дар ҳудуди ин кишвар расман манъ кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG