Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Гунҷишки сафед” ба Қазон меравад


Наворе аз филми "Муаллим"
Наворе аз филми "Муаллим"

“Муаллим” ва “Гунҷишки сафед” – ду филми таҳиягарони тоҷик ба барномаи озмунҳои ҷашнвораи байнулмилалии “Минбари тиллоӣ” дар шаҳри Қазони Русия ворид шудааcт. Ин ҷашнвора 5 сентябр дар пойтахти Тотористон ифтитоҳ мешавад.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ва меҳмони фахрии ҷашнвораи байнулмилалии синамои Қазон, рӯзи 24 август ба Радиои Озодӣ гуфт, филми “Муаллим”-и таҳиягар Носир Саидов аз ин пеш дар чанд ҷашнвораи байнулмилали синамо соҳиби ҷоизаҳо шуд. Дар ҷашнвораи байнулмилалии Инсбруки Австрия, ки аз 2 то 7 июн гузашт, “Муаллим” ҷоизаи "Беҳтарин филм"-ро ба худ ихтисос дод. Марат Орифов, ҳунарманди тоҷик, бошад барои нақши асосӣ дар ин филм дар ҷашнвораи байналмилалии "Фаҷр" дар Эрон, "Беҳтарин бозигар" дониста шуда буд. Барои шоҳҷоизаи озмуни асосии ҷашнвораи Қазон 50 филми таҳиягарони 25 кишвар сабқат хоҳанд кард.

Сафари Ҳақдод
Сафари Ҳақдод

Синамогарони тоҷик ба комёбии филми “Гунҷишки сафед”-и Диловар Султонов дар ҷашнвораи Қазон ҳам умед бастаанд. “Гунҷишки сафед” барои дарёфти ҷоизаи ҷашнвора дар озмуни филмҳои кӯтоҳ мубориза мебарад.

Филмномаи онро таҳиягари маъруфи эронӣ Мӯҳсини Махмалбоф аз рӯи ҳикояи ҳамноми адиби тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ навиштааст ва дар он дунёи пур аз тахайли як тифли тоҷик инъикос шудааст.

“Гунҷишки сафед” нахустин филми ҳунари Диловар Султонов, аз шогирдони Мӯҳсини Махмалбоф, аст, ки дар студияи “Тоҷикфилм” рӯи навор омадааст. Ин дебюти Диловар дар арсаи таҳиягарист, зеро ӯ аз ин пеш ӯ дар монтаж ё бандубасти филмҳои Носир Саидов ширкат дошт, мегӯяд Сафари Ҳақдод.

Диловар Султонов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст ва дар курсҳои бандубасти филм дар Эрон таҳсил кардааст.

Озмуни филмҳои мустанад дар ҷашнвораи Қазон имсол бидуни офаридаҳои синамогарони Тоҷикистон мегузарад, аммо забони тоҷикӣ дар ин озмун ҳам садо хоҳад дод - филми Алексей Суховей “Меҳмонон” (“Гости”) аз ҳаёти муҳоҷирони кории тоҷик дар як рустои дури русӣ қисса мекунад. Ин филм, ки дар тавлиди он синамогарони се кишвар – Русия, Фаронса ва Олмон саҳм гирифтаанд, аз саҳнаи аксгирии як хонаводаи тоҷик қабл аз муҳоҷирати саробони оила ба Русия шурӯъ мешавад ва зиндагии ин мард ва дигар муҳоҷиронро дар як деҳаи дури Русия дар се фасили сол бидуни рангубор ва арзёбӣ инъикос мекунад. Онҳо ҳамроҳ дар шароити сахт ҷангал мебуранд, сӯхторро хомӯш мекунанд ва иқрор мекунанд, ки ин гуна зиндагиро маҳз ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои дар Тоҷикистон мондаашон интихоб кардаанд.

Зимнан, дар чаҳорчӯби озмуни асосии ҷашнвораи Қазон як филми ҳунарӣ аз ҳаёти муоҷирони тоҷик ҳам намоиш дода мешавад - филми коргардон Даря Полторатская бо номи «Фирор аз Маскавобод» дар студияи «Всемирные русские студии» рӯи навор омадааст. Ин филм дар бораи мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, муносибати ғолибан манфии ҷомеа нақл карда, талошест барои андаке ҳам бошад тағйир додани афкори бохусумат нисбати ин хориҷиҳои ҷӯёи кор дар ин кишвар.

XS
SM
MD
LG