Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов ҳайати мунтахаби Тоҷикистонро эълон кард


Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов ҳайати дастаро дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон, ки рӯзҳои 9-ум ва 13-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, эълон кард.

Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохил аст. Дар ин бозиҳои дӯстона ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), нимҳимоятгарон Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон) ва Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), инчунин ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо-Брест», Беларус) - даъват шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин бозиҳо бегоҳи 6-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шуруъ кард.

Футболбозони тоҷик рӯзи чоршанбеи 9-уми ноябр бо мунтахаби Туркманистон, ки дар ҳамин ҳол дар раддабандии ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) дар ҷойи 116-ум қарор дорад, рақобат мекунанд. Ин бозӣ соати 17:00 шуруъ мешавад.

Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон рӯзи якшанбеи 13 ноябр соати 16:00 оғоз меёбад. Дар айни ҳол тими миллии Афғонистон дар раддабандии ФИФА нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон панҷ зина поин ҷойгир шуда, мақоми 149-умро касб кардааст.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон ба мисли мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи марти соли оянда шуруъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистонро муқобили тимҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон ҳакамон аз Қазоқистон доварӣ мекунанд. Денис Измайлов ва Александр Алиев бо навбат ба ҳайси сардовар ва довари эҳтиётии ин бозиҳо таъин шудаанд. Ба онҳо Санҷар Исҳоқов ва Самат Тергеусизов ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак мекунанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тимҳои миллии Туркманистон ва Афғонистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Дунав», Булғористон), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Ҳосилот»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев (ҳарсе – «Истиқлол»), Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Дунав», Булғористон), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарифов (ҳама – «Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Барқчӣ»), Мӯҳсинҷон Парпиев («Хайр»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо-Брест», Беларус), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).

Бозиҳои дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон

9 ноябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:00

Тоҷикистон – Туркманистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

13 ноябр (якшанбе)

Оғози бозӣ – соати 16:00

Тоҷикистон – Афғонистон

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

XS
SM
MD
LG