Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Равшан” боз қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб баъди пирӯзӣ бар “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфт.

Ин бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон шоми имрӯз, 13-уми ноябр, дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе ба анҷом расид. Голи ягона ва ҳалкунандаи “Равшан”-ро Дэвид Мауто, лиегионери африқоӣ аз Гана, дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тариқ, “Равшан”, ки бо 45 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад, барои рақибонаш дастнорас шуд ва сарфи назар аз бозии охиринаш дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат дар мусобиқоти имсола низ ғолиб гардид.

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, баъди пирӯзӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:41 0:00
Линки мустақим

Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи “Равшан”, баъди бозии имрӯза бо “Энергетик” дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мусобиқаи имсола барои ман мусобиқаи хуб буд. Ман ҳамчун сармураббии даста хеле хушҳолам, ки дар мусобиқаи имсола низ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудем. Аз ҳамаи онҳое, ки дастаи моро дастгирӣ мекунанд, бахусус, сарпарастонамон Муҳаммадзоҳир ва Зайнулло Соҳибовҳо, инчунин, мухлисони худ хеле миннатдорем. Дар бозии имрӯза, ки ҳалкунанда буд, ва умуман, дар ҳамаи бозиҳои имсола мухлисонамон бо роҳбарии Шӯҳрат Шонов моро хеле хуб дастгирӣ карданд. Ва мо вазифаи дар назди даста гузоштаро бо сарбаландӣ ба ҷо овардем.”




​Бозии дигари даври 21-ум миёни “Хайр”-и Ваҳдат ва тими меҳмон - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт. “Хайр”, ки бо 33 имтиёз дар ҷойи севум аст, барои медалҳои биринҷӣ бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода талош дорад.

“Регар-ТадАЗ” дар бозии имрӯза дар майдони худ бар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Вале ин пирӯзӣ мавқеи футболбозони Турсунзодаро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. “Регар-ТадАЗ” бо 30 имтиёз дар ҷойи чорум мебошад.

“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд. Ин ғалаба ба “Хуҷанд” имкон дод, ки дар байни 5 дастаи беҳтарин ҷойгир шавад.

Инчунин рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бозии мавқуфгузоштаи даври 15-ум миёни ду дастаи Душанбе – ССКА “Помир” ва “Истиқлол” баргузор шуд. Ин бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 3-0 хотима ёфт.

Вале се имтиёзи бадастоварда мавқеи “Истиқлол”-ро дар ҷадвал тағйир надод. “Истиқлол”, ки бо 40 имтиёз дар ҷойи дувум аст, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш дар Қӯрғонтеппа бо “Вахш”, бо медалҳои нуқра сарфароз мешавад. Дарвоқеъ, “Истиқлол” ҳамчун барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2013 ва қаҳрамони кишвар “Равшан” соли оянда дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футбли Осиё) ширкат хоҳанд кард.

Натоиҷи бозиҳои даври 21-ум

«ЭНЕРГЕТИК» - «РАВШАН» - 0:1
Гол: Дэвид Мауто, 44.

«ХАЙР» - «ВАХШ» - 0:0

«ПАРВОЗ» - «ХУҶАНД» - 0:1

Гол: Юсуф Рабиев, 82.

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ИСТАРАВШАН» - 2:1
Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 27 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 75 (2:0). Шӯҳрат Шамсиев, 88 (2:1).

Бозии даври 15-ум
ССКА «ПОМИР» - «ИСТИҚЛОЛ» - 0:3
Голҳо: Александр Кудряшов, 10 (0:1). Нуриддин Давронов, 64 (0:2). Виллер Соуза Оливейра, 84 (0:3).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот



Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 17 14 3 0 26-5 45
2. «Истиқлол» 17 13 1 3 46-8 40
3. «Хайр» 17 9 6 2 26-14 33
4. «Регар-ТадАЗ» 17 9 3 5 23-18 30
5. «Хуҷанд» 17 6 5 6 17-18 23
6. «Парвоз» 17 4 6 7 14-29 18
7. «Вахш» 17 4 4 9 11-16 16
8. «Энергетик» 17 4 4 9 13-22 16
9. ССКА «Помир» 17 2 4 11 10-26 10
10. «Истаравшан» 17 1 2 14 12-42 5

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр” / ”Истиқлол”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб, Ҳасан Рустамов (“Равшан”) ва Александр Кудряшов (“Истиқлол”) – 7-тӯбӣ, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) ва Соломон Течи («Равшан») – 5-тӯбӣ.

То анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳамагӣ 5 бозӣ боқӣ мондааст. Тақдири медалҳои биринҷии мусобиқот дар даври охирин ҳал хоҳад шуд.

Даври охирин - 22-юм
17-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00

«Истаравшан» - «Энергетик». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.
«Равшан» - «Хайр». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
ССКА «Помир» - «Парвоз». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
«Хуҷанд» - «Регар-ТадАЗ». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
«Вахш» - «Истиқлол». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».


XS
SM
MD
LG