Пайвандҳои дастрасӣ

Эшони Сироҷиддин: ҲНИТ аз сӯи идораҳои ҷосусӣ сохта шудааст (2 ВИДЕО)


Эшони Сироҷиддин. Акс аз сомонаи faraj.tj

Эшони Сироҷиддин. Акс аз сомонаи faraj.tj

Эшони Сироҷиддин дар як матлаб Саид Абдуллоҳи Нуриро ба ҳамкорӣ бо КГБ айбдор карда, ҳизби наҳзатро низ сохтаи хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ номидааст.

Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, ки қаблан барои пайравиаш аз ҷараёни Салафия маҳкум ба зиндон шудааст, дар як матлаб бо номи “Эшони Сироҷиддин: Асрори махфии ҲНИТ ё чаро Ислом ҳамчун дин дар Тоҷикистон ба ҲНИТ эҳтиёҷ надорад” зарурати вуҷуди ҳизби исломӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистонро зери суол бурда, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро сохтаи мақомоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ номидааст.

Эшони Сироҷиддин дар ин матлаб, ки рӯзи 6 феврал дар сомонаи ҳафтаномаи "Фараж" нашр шудааст, менависад, “дар муддати 1449 соли мавҷудияти дини ислом ягон донишманди ислом ҳизби исломӣ таъсис надодааст ва инчунин оид ба таъсиси ҳизби исломӣ дар ягон сарчашмаи исломӣ, яъне дар Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) ягон хабар наомадааст. Дар Ислом ҳизб вуҷуд надорад.”

Ӯ таъсиси ҳизбҳои исломиро кори дасти “душманони Ислом” мешуморад, ки ба ақидаи вай, барои тафриқа, низоъ ва решакан намудани таълимоти таҳаммулпазири Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) ҳизбҳои исломи сиёсиро роҳандозӣ намуданд.”

Эшони Сироҷиддин қабл аз ҳукми зиндонаш. Соли 2010

Эшони Сироҷиддин қабл аз ҳукми зиндонаш. Соли 2010

Эшони Сироҷиддин ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – танҳои ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар Осиёи Марказиро низ кори дасти хориҷиён мешуморад ва менависад, “раёсатҳои ҷосусӣ ва сервисҳои хориҷӣ дар солҳои 70-уми асри 20-ум барои таъсиси ҳизби исломӣ дар Осиёи Миёна маблағи зиёд сарф намуданд. Баъди омӯзиш ва хулосагириҳои зиёди таҳқиқотии ҷосусӣ, ба хулосае омаданд, ки бояд ҳизби исломӣ дар Тоҷикистон таъсис дода шавад, то битавонанд дар оянда, мақсадҳои худро аз номи ҳизби исломӣ дар Осиёи Миёна амалӣ бисозад.»

Ӯ аз ҷумла аз Амриддин Табаров, ки ҳоло раҳбари созмони ифротии Ансоруллоҳ ёд мекунад, ки дар гузашта узви ҲНИТ буд ва ба навиштаи эшони Сироҷиддин, ҳанӯз дар солҳри 80, ки Шӯравӣ побарҷо буд, бо баҳонаи таълими динӣ ба хориҷ ҷалб шуда буд. Ӯ Муҳиддини Кабирӣ – раҳбари кунунии ҲНИТ-ро аз шогирони яке аз асосгузорони ҳизб Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ба қалам дода, менависад, ки Кабириро билоофосила баъди сохтани ҳизб барои таҳсил ба Яман фиристоданд.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Саид Абдуллоҳи Нурӣ

Эшони Сироҷиддин ҳамин тавр, аз боздошти Саид Абдуллоҳи Нурӣ – раҳбари фақиди ҲНИТ – аз сӯи КГБ Шӯравӣ ёд мекунад ва иддао дорад, ки Нурӣ бо КГБ ҳамкорӣ дошт: “Саид Абдуллои Нурӣ ба зиндонҳои минтақаи Русия интиқол дода шуд ва амнияти ӯ аз ҷониби собиқ «КГБ» таъмин карда мешуд. Дар ин муддат хадамотҳои федоролии СССР бо Саид Абдуллои Нурӣ сӯҳбатҳои маҳрамона намуда, маълумотҳои лозимаро аз ӯ мегирифтанд. Саид Абдуллои Нурӣ ваъда дод, ки ҲНИТ дар оянда барои онҳо дар Осиёи Миёна хидмат хоҳад кард.”

Мулло Ҳайдар Шарифзода

Мулло Ҳайдар Шарифзода

Дар идомаи матлабаш эшони Сироҷиддин аз ихтилофоти мазҳабие, ки байни наҳзатиҳо, ё ба таъбири ин рӯҳонӣ, «ваҳҳобиҳо» ва муллоҳои суннатгарое, чун Мулло Ҳайдар Шарифзода дар минтақаи Кӯлоб бархоста буд, ёдовар мешавад&

Ба навиштаи ӯ, ки дар он ихтилофот, Раҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, устоди кунунии Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ба ҳайси намояндаи наҳзатиҳо ( “ваҳҳобиҳо”) нақши асосиро бозӣ мекард: « Муассисони ҲНИТ барои решакан намудани мавқеи исломии мулло Ҳайдар, дар қисмати поёни шаҳри Кӯлоб масҷиди дигаре дар муқобили масҷиди мулло Ҳайдар бо номи «масҷиди мулло Абдураҳим» бунёд намуданд... Мулло Абдураҳим ҳамчун парчамбардори ҲНИТ дар ин масҷид мисли шер меғурид ва мулло Ҳайдарро мунофиқ ва муллои «ҳукуматӣ» мегуфт. Низоъ ва тафриқа дар байни мусалмонони Кӯлоб ба муҷарради решадавонии ҲНИТ авҷ гирифт.»

Эшони Сироҷиддин дар зиндон. Соли 2011

Эшони Сироҷиддин дар зиндон. Соли 2011

Ба навиштаи эшони Сироҷиддин, наҳзатиҳо, аз ҷумла Мулло Абдураҳимро дар Кӯлоб маҳз Амриддин Табаров, раҳбари кунунии Ансоруллоҳ кумак ва таъмини молӣ мекард: «Мулло Амриддин (Табаров Амриддин) минтақи Кӯлобро бо кӯмаки молию пули сарпарастони хориҷии ҲНИТ зери назорати доимияш қарор дода, барои хоҷагони хориҷии худ маълумотномаҳои муҳим пешкаш менамуд. Аз фитнаи ин наҳзатиҳо мусалмонони асил пайравони Абуҳанифа аслан хабаре надоштанд. Саид Абдуллои Нурӣ, мулло Қиёмиддин, мулло Айёмиддин ва мулло Абдуғафор шабонгоҳ ба дидорбинӣ ва маслиҳати мулло Амриддин ба Кӯлоб ташриф меоварданд.»

Мусоҳибаи видеоии эшони Сироҷиддин бо Радиои Озодӣ дар зиндои рақами яки Душанбе дар соли 2011:​

Эшони Сироҷиддин ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум дар Тоҷикистонро кори дасти «қувваи савум» меномад, вале мегӯяд, ин «яке аз дастгоҳи таъсисдиҳандаи ҲНИТ» буд.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ӯ раҳбари кунунии ҲНИТ Муҳиддин Кабириро ҳам айбдор мекунад, ки бо мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар айни замон аз ҳисоби ҳизби дороии зиёде ҷамъ оварда, дар Туркия соҳиби хонаи заминии гаронбаҳое шудаву зани кӯдакон ва ҳатто «хешовандонашро кӯчонда, ба Туркия бурда истодааст. Наҳзатиҳо аз ин хабардор нестанд, ки Муҳиддин Кабирӣ фурсати муайянро интизорӣ кашида истодааст, ки ҳангоми шарошӯр ба ин мамлакат фирор намояд.»

Эшони Сироҷиддин дар хулосаи матлабаш менависад, ки ба назари ӯ, «сиёсикунонии Ислом аз ҷониби ҲНИТ бузургтарин иштибоҳ ва роҳи ғалати ҲНИТ мебошад…Дар дини муқаддаси ислом ҳизби сиёсӣ вуҷуд надошт ва надорад. Пайғамбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с.а.в.) инро раво надид ба хотире, ки дар байни мусалмонон тафриқаандозӣ ва ҷудоиандозиҳо мешавад.»

Эшони Сироҷиддин аз ҷумлаи нахустин пайравони ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон аст, ки ҳанӯз дар соли 2009 ҳамроҳ бо писараш Киромуддин ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯро дар тобистони соли 2013 пеш аз мӯҳлат бар асоси қонуни афв раҳо карданд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки шояд озодии эшон аз зиндон дар ивази муомилае сурат гирифтааст, ки дар оянда дар сурати истифода шудани қартаи ӯ ба муқобили касе ё нирӯе ин муомила ҳатман рӯ хоҳад зад.

Мусоҳибаи видеоии эшони Сироҷиддин бо Радиои Озодӣ баъди озодиаш аз зиндон дар тобистони соли 2013:

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ

Матлаби эшони Сироҷиддин дар «Фараж» рӯзи 6 феврал ва ду ҳафта пас аз мақолаи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, ки аз раҳбарони аввали Салафия дар Тоҷикистон ном бурда мешавад, чоп шуд. Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ дар ин мақола, ки баъди овозаҳо дар бораи боздошти раҳоии ӯ бо номи “Мардуми Тоҷикистонро чун як мусулмон бояд донист!” низ дар “Фараж” нашр шуд, ба шиддат аз ҲНИТ интиқод карда, навишта буд, ки азбаски 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд, ин кишвар ниёзе ба ягон ҳизби исломӣ надорад.

Зимнан чанд банд аз мақолаи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ дар матлаби эшони Сироҷиддин низ айнан такрор шудааст. Ин гумонҳоеро ба вуҷуд меорад, ки шояд ҳарду матлаб як муаллиф навиштааст ва ин ду нафар зери он танҳо имзо кардаанд.

Талаби ҳазфи сифати исломӣ аз номи ҲНИТ ва роҳ надодан ба фаъолияти ягон ҳизби мазҳабӣ дар Тоҷикистон ба ин далелҳо, ки 99 дарсади мардуми кишвар мусалмон аст ва Ислом ниёз ба ҳизб надорад, тақрибан 2 сол боз дар сутуҳи мухталиф матраҳ мешаванд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ахиран дар як ҷаласаи ҳизбаш бори дигар ба ин мавзӯъ пардохта гуфт, сифати исломӣ дар номи ҲНИТ аз шартҳои созишномаи сулҳ аст ва тағйир дода нахоҳад шуд.

ҲНИТ, ки ба иддаои масъулонаш, қариб 45 000 узв дорад, дар миёнаҳои солҳои 70 ба майдон омада, бори аввал дар соли 1991 сабти ном шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 1993 баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ва фирори раҳбарони аҳзоби мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ ба хориҷ, фаъолияти ин ҳизбро манъ кард. ҲНИТ дигарбора дар соли 1999, бар асоси шароити созишномаи сулҳи соли 1997, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт, сабти ном шуд ва ҳоло, бар асоси натоиҷи интихоботи қаблии порлумонӣ, баъди ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин ҳизби бузурги сиёсии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мақомоти ҲНИТ то ҳол ба иддаоҳои эшони Сироҷиддин ва ҳам ба матлаби қаблии Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ вокунише нишон надодаанд.

Матни пурраи матлаби эшони Сироҷиддин инҷост:

Эшони Сироҷиддин: Асрори махфии ҲНИТ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG