Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, баъд аз сафари Ҷон Керрӣ ба Тоҷикистон хоҳанд дид, ки омадану рафтани ӯ чӣ суд доштааст. Баъзеи дигар умедворанд, ки ин сафар ба рушди озодии Интернет ёрӣ хоҳад кард.

Бино ба иттилои расмӣ Ҷон Керрӣ -- котиби давлатии Амрико бо мақомоти Тоҷикистон масоили марбут ба терроризм, бунёдгароӣ, маводи мухаддир ва вазъи амнияти минтақаро баррасӣ кардааст. Аммо интизории ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз мулоқоти ин намояндаи воломақоми давлати Амрико бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ буд ва оё ин интизориҳо бароварда шуданд?

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, сафари Ҷон Керрӣ ба минтақа, бахусус Тоҷикистонро бо таваҷҷӯҳ ба давраи ҳассоси ҷаҳон, ки мубориза алайҳи тероризм дар меҳвари ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад, муҳим донист.

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Аммо гуфт, ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин интизорро доштанд, ки сафари мақомҳои баландпояи кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла Амрико ба минтақа, танҳо ба хотири манофеи худӣ сурат мегирад, ё ҳалли ин ё он мушкили мардуми он. Ӯ мегӯяд, аз изҳороти матбуотии Ҷон Керрӣ хулоса кардан мумкин аст, ки ҳамаи масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқи башар ва ҳатто масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бо мақомоти Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуданд, аммо гуфта нашуд, ки асли масъалаи минтақа чӣ аст ва оё минтақа мушкилиҳое дорад ё не?

Таҳлилгари тоҷик афзуд, "танҳо бояд интизор бошем, ки паёмади сафар ва хулосаи он ба Тоҷикистон чӣ хоҳад шуд. Ягона масъалаи асосие, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ин сафар интизор дошта метавонад, ҳамин бошад, ки оё Амрико, ки ҳамеша демократия, озодӣ ва ин арзишҳоро дар авлавият қарор медиҳад, воқеан ҳам барояш арзишҳои муқаддасанд ё танҳо василае барои расидан ба ҳадафҳои геополтикӣ?"

Аммо Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, сафари Ҷон Керрӣ, котиби давлатии ИМА ба Тоҷикистонро барои рияои ҳуқуқу озодиҳои Интернет ва баён муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Атоев, мавқеи Амрико дар масъалаи таъмини демократия, озодиҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти Интернету сомонаҳо ва озодии баён ҳалкунанда аст.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев

Ин аст, ки ба таъкиди Асомиддин Атоев, "сафари котиби давлатии Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон барои баррасии ин масоил ва иҷрои тааҳҳудоти кишварҳо дар ин бахшҳо таъсир хоҳад гузошт."

Зеро ба гуфтаи Атоев, рушди Интернет ва фаъолияти сомонаҳо, ки раванди масдуд кардани онҳо дар Тоҷикистон ба чашм мехӯрад, омили демократия дар ҳар кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Ҳамзамон, Асомиддин Атоев ибрози умедворӣ кард, ки дар пайи баҳсу баррасии ин масоил, Тоҷикистон низ талош кунад, то иқдомоташ дар заминаи озодии Интернет дар чорчӯби қавонин сурат бигирад ва ба нақзи ҳуқуқи истифодабарандагони Интернет ва сомонаҳо ва дар маҷмӯъ озодии баён роҳ надиҳад.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҷон Керрӣ дар "Кохи Миллат"-и шаҳри Душанбе гузашт. Котиби давлатии Амрико ба Тоҷикистон пас аз мулоқоташ бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар Самарқанд дар доираи муколамаи “С5+1” ва дидораш аз Остона омад.

Формати муколамаи “C5+1”, яъне панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар моҳи сентябри соли равон ба вуҷуд омада буд. Нахустин мулоқоти Ҷон Керрӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҳошияи ҷашни 70-солагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню−Йорк доир гардид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG