Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти тоҷикон барои узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир дар Русия


Дар миёни даҳҳо нафар, ки ба гумони узвият дар созмони Ҳизб-ут-Таҳрир дар шаҳри Маскав боздошт шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд.

Мақомоти интизомии Русия даҳҳо нафарро дар шаҳри Маскав ба иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт кардаанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Бино ба иттилои расонаҳои Русия, бештари афроди боздоштшударо шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, шабакаҳои телевизионии РЕН ТВ шумори тоҷиконе, ки аз ҷониби ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав боздошт шудаанд, 20 нафар гуфтааст.

Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон Сӯҳроб Иронов ва Аҳрор Раҳимов бар асоси қарори додгоҳи Мешанскии шаҳри Маскав бо моддаи “ташкили созмони фаъолияташ дар Русия мамнӯъ”дастгир шуда ва то 12 декабри соли ҷорӣ дар боздошт ба сар хоҳанд бурд. Хабаргузории “ИнтерФакс” аз қавли муфаттишон далели нигаҳдории ин афрод дар боздоштгоҳро “ба имкони фирори гумонбар дар ҷараёни бозрасӣ ва эҳтимоли таҳдиди онҳо ба шоҳидон” арзёбӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Сӯҳроб Иронов аз додгоҳ хостааст, ба далели танҳо саробони ҳамсар ва 3 фарзанд буданаш ӯро ба боздоштгоҳ набаранд. Аммо ин дархост рад шудааст. Ин афрод ба узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир, нигаҳдорӣ ва паҳн кардани адабиёти динӣ муттаҳам шудаанд.

Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои интизомии шаҳри Маскав раҳбарони ин ҳизби тундрав дар Русия бо номи Обидҷон Ҷӯрабоев ва Абдуқаюм Махсудов, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дастгир шудаанд. Рӯшан нашудааст, ки ин афрод аз кадом кишвари Осиёи Марказианд. Ба гуфтаи Елена Алексеева, намояндаи расмии Вазорати умури дохилаи Русия, аз ҷумлаи боздошшудагон танҳо як нафар шаҳрванди ин кишвар буда ва боқимонда сокинони Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Ин барои бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба иттиҳоми узвият дар ин созмони фаъолияташ мамнӯъ боздошт мешаванд. Дар моҳи июни соли ҷорӣ мақомоти ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – дар вилояти Тула Ш.Султонов ном шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи ифротӣ дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Ш.Султонов қаблан ба далели иртиботаш бо созмони Ҳизб-ут-таҳрир, ки фаъолияти он дар қаламрави Русия манъ шудааст, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шуда буд.

Зимнан, Ҳизб-ут-Таҳрир як гурӯҳи пинҳонкори мазҳабист, ки ҳанӯз дар солҳои 50-уми асри гузашта дар сарзаминҳои фаластинӣ таъсис ёфта, барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Дар нимаи дуюми 1990 бахшҳои ин ҳизб нахуст дар Узбакистон ва баъдан дар Тоҷикистону Қирғизистон ба таври махфӣ фаъол шуданд.

Фаъолияти “Ҳизб ут-Таҳрир”, ки ҳадафи ниҳоии худро ташкили Хилофати исломӣ эълом кардааст, дар Русия, Белорус, Украина, Озарбойҷон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумули Тоҷикистон мамнӯъ аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки даҳҳо нафар дар Тоҷикистон барои узвият дар ин созмон боздошт шуда ва дар зиндон ба сар мебаранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG