Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи шаҳрванди Тоҷикистон ба сафорати Бразилия?!


Шаҳрванди Тоҷикистон ба дарвозаи сафорати Бразилияи дар Маскав санг андохтааст.

Хабаргузориҳои Русия бо такя ба манбаъҳои интизомии Русия иттилоъ медиҳанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон ба тарафи дарвозаи сафорати Бразилияи дар Маскав санг партофта, ба дари сафорат зарар расондааст.

Сабаби сангандозии шаҳрванди Тоҷикистон ба тарафи сафорати Бразилия, ки дар кӯчаи Болшой Никитский қарор дорад, маълум нест.

Ба қавли хабаргузории Интерфакс баъди сангпартоӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон кӯшиш кардааст, аз ҷои ҳодиса фирор кунад, вале ӯро дастгир намудаанд.

Тафтиши ин ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG