Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеди пайвандон ба озодии Шероз


Масҷиди Чоркӯҳ
Масҷиди Чоркӯҳ

Шероз Тулаков, шаҳванди Тоҷикистон бо гузашти қариб ду ҳафта аз маҳбаси Бодканд озод нашудааст, вале пайвандонаш мегӯянд, даъвогари қирғиз аз даъвояш даст кашидааст ва ин имкони раҳо шудани Шерозро бештар мекунад.

Пайвандони Шероз Тулаков, сокини 34-солаи деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ки 12 рӯз боз дар вилояти Бодканди Қирғизистон бо иттиҳоми дуздӣ дар боздошт қарор дорад, мегӯянд, аз даъвояш даст кашидани даъвогари қирғиз умеди онҳо ба раҳоии ӯро бештар кардааст.

Шероз Тулаковро сарҳадбонҳои мусаллаҳи қирғиз рӯзи 8-уми ноябр дар ҳудуди деҳаи ҳамсояи Куктоши ноҳияи Бодканд дар ҳоле дастгир карданд, ки мехост оғили як марди қирғизро аз назар гузаронад. Пайвандони Шероз мегӯянд, ки вай ба деҳаи ҳамсояи қирғизҳо барои ҷустуҷӯи гуспандони гумшудаашон рафта буд, вале пулиси Бодканд алайҳи вай бо иттиҳоми “қасди дуздидани гови қирғизҳо” парванда боз кард ва дар маҳбас медорад.

Нӯъмон Тулаков, бародари Шероз рӯзи 20 уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аммо ахиран марди қирғизи даъвогар, бо номи Исмон ва ҳамсараш ба пулиси Бодканд гуфтаанд, ки ба бегуноҳии Шероз бовар ҳосил карданд ва аз даъвои худ даст мекашанд: “Вай аризаи даъвоии худро аз пулис мегирам гуфт. Аммо вақте ки ҳамсараш ба назди сардори пулиси Бодканд даромада, аризаашро додааст, ки аз даъвояш даст мекашад, сардори пулис онро дарронида партофтааст.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, онҳо барои ҳимояти бародараш вакили дифоъ пешниҳод карданд, аммо пулиси Бодканд рад карда, аз ҷониби худ барои вай вакили дифоъ таъин кард. Аммо ба гуфтаи пайвандони Шероз, ин вакили дифои таъиншуда аз ҷониби Қирғизистон, бо номи Тӯхтахон то ҳол барои исботи бегуноҳиву раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон – Шероз Тулаков иқдоми ҷиддие нишон надодааст.

Бо ин вуҷуд баъди тасмими аз даъвои худ даст кашидани ҷониби даъвогар умеди пайвандони Шероз Тулаков, шаҳрванди Тоҷикистон ба раҳоии вай бештар шудааст.

Шероз Тулаков ҳафтае қабл аз боздошташ аз муҳоҷирати корӣ аз Русия ба Исфара баргашта буд. Сокинон ӯро ҷавони соҳиби саводи исломӣ, қории “Қуръон” ва ҳалолкор ном мебаранд ва мегӯянд, ки аз дасти чунин инсоне аслан дуздӣ намеояд.

Ғиёсиддин Эҳсонов, намояндаи вилояти Суғд дар вилояти Бодканди Қирғизистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин қазия назорат мебарад: “Ман ба маҳбас даромада бо Шероз сӯҳбат кардам, падарашро ҳам наздаш даровардам. Вай мегӯяд, ки барои ҷустуҷӯи гӯспандони гумшудаашон ба деҳаи ҳамсояи Куктош рафта буд ва қасди дуздидани гови қирғизҳоро дар хаёлаш ҳам надошт. Ҳозир аз ин ҳодисаи ба сараш омада афсӯс хӯрда шиштааст.”

Баъди созиши ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябри соли равон сари бунёди ҳамзамони роҳҳои марзии ба ҳар ду ҷониб муҳим, дар минтақаи Ворух, ки сари пайдо кардани роҳҳали он ҷонибҳо 4 сол баҳсу музокираҳо доштанд ва билохира, баъди ҳалли он роҳҳои марзӣ боз шудаву равуои озодона ва муносибатҳои ҳамсоягии сокинони марии Суғду Боканд аз сар гирифта шуд, бори аввал мақомоти Бодканд як шаҳрванди марзии Тоҷикистонро ба қасди дуздӣ дастгир карда дар маҳкама медоранд.

Сокинони марзии Исфара мегӯянд, пештар ҳам ҳодисаҳои дуздӣ ва гум шудани чорпои сокинони марзии тоҷику қирғиз рух дода, соҳибон чорпои худро пайдо карда наметавонистанд. Вале сокинони марзӣ ҳатман якдигарро ба дуздӣ муттаҳам намекарданд ва дар бисёр маворид дар ҷустуҷӯву ёфтани чорпои дуздидашуда бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекарданд.

XS
SM
MD
LG