Пайвандҳои дастрасӣ

Як шаҳрванди Тоҷикистон бо талоши нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Афғонистон аз асорати гурӯҳи ҷиноии афғон раҳо шуд.

Аловиддин Исомиддинов, фарзанди Салоҳиддин Исомиддинов -- собиқ раиси ҷамъияти «Пайванд» аз асорати гурӯҳи мафиёии афғонҳо бо кӯшиши мақомоти амнияти Тоҷикитсону Афғонистон озод ва ба Душанбе оварда шудааст.

Аловиддин Исомидинов рӯзи душанбеи 9 июн ба радиои "Озодӣ" раҳо шудани худ аз асорати гурӯҳи ҷиноии афғон дар дохили хоки Афғонистонро тасдиқ намуд ва гуфт, ки тақрибан 14 рӯз пеш озод карда шудааст. Аловиддин ҷузъиёти ба асорати гурӯҳи афғонҳо афтодани худро шарҳ надод ва фақат гуфт, ки дар онҷо ӯ мавриди латту кӯб ё азият қарор нагирифтааст.

Аммо як манбаи наздик ба мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар натиҷаи як амалиёти вижаи кормандони амниятии Тоҷикистону Афғонистон Аловиддин Исомиддинов озод карда шуд. Аммо ин манбаъ дар робита ба ин, ки Аловиддин кай ва дар куҷо ва чигуна ба гаравгон афтод, аз тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Ин ҳам дар ҳоле, ки гуфта мешавад, гурӯҳи ҷиноие, ки Аловиддин Исомиддиновро ба гарав гирифта буд, умдатан бо асорат гирифтани шаҳрвандони кишварҳои мухталиф машғул буда, дар иваз маблағҳои калон талаб мекардааст.

Раҳоии ин шаҳрванди Тоҷикистон аз асорати гурӯҳҳои ҷиноии афғон дар ҳолест, ки дар гузашта ҳолатҳои ба гарав гирифтани бошандагони манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи афроди мусаллаҳи афғон рух дода буд. Аз ҷумла гурӯҳе аз афғонҳои мусаллаҳ шаби 10-ум ба 11-уми ноябри соли гузашта ҷавони 30-солаи сокини ноҳияи Шӯрообод Мирмад Баротовро ба гарав гирифта, ба самти номаълум рафтанд ва танҳо баъди чандин рӯз ӯро раҳо карданд

Сарраёсати марзбонии Тоҷикистон аз ин пеш гуфта буд, ки 8 сол қабл ҳодисаҳои гаравгонгирии сокинони деҳоти марзнишин аз ҷониби шаҳрвандон ва ба хусус гурӯҳҳои силоҳбадасти афғонӣ зиёд рух медод, вале тайи солҳои ахир камтар шудааст.

Чун дар солҳои пеш иддае аз қочоқбарои маводи мухаддири афғон ба бархе аз сокинони ин минтақаи марзӣ маводи мухаддир дода ва пас аз гузашти замоне омада пули онро талаб мекарданд. Аммо онҳое, ки пули мухадиррро баргардонида наметавонистанд, аз сӯи қочоқбарони афғон ба асорат гирифта мешуданд. Аммо дар чанд соли ахир мавориди ба дасти афғонҳои қочоқбар ба гарав афтодани иддае аз скоинони ноҳияи Шурообод қариб, ки ба мушоҳида нарасида буд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG