Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи сафари тоҷикон ба Русия бе шиносномаи хориҷӣ


Мақомоти тоҷик аз шаҳрвандони кишвар хостаанд, ки сар аз 1 январи соли 2015 барои сафар ба Русия аз шиносномаи хориҷӣ истифода кунанд ва дар ғайри он, имкони вуруд ба хоки он кишварро надоранд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал овард, ки барои сафар ба Русия шиноснома (паспорт) хориҷӣ бигиранд, зеро сар аз 1 январи соли 2015 бе шиносномаи хориҷӣ вуруд ба хоки Русия мамнӯъ хоҳад шуд.

Субҳон Шарифов, ходими раёсати консулгарии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 31 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз 1 январи соли 2015 бо шиносномаи дохилӣ сафар ба Русия манъ хоҳад шуд ва аз ин рӯ аз шаҳрвандони кишвар даъват карда мешавад, ки барои сафар ба он кишвар бо худ шиносномаҳои хориҷӣ бигиранд.

Вай афзуд, ки барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ дар дохили Тоҷикистон 101 нуқта ва дар Маскав се нуқтаи омодасозии шиносномаҳо созмон дода шудааст ва дар наздиктарин фурсат нуқтаҳои додани паспорти хориҷӣ афзоиш хоҳанд ёфт.

Хадамати федеролии муҳоҷирати Русия дар соли гузашта эълон карда буд, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва кишварҳои дигари узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил сар аз 1 январи соли 2015 паспорти хориҷӣ талаб карда хоҳад шуд.

Аммо мақомоти ин кишвар бо назардошти шароити равуои шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ба Русия таъкид карда буданд, ки барои шаҳрвандони Қазоқистон ва Белорусия, ки шомили Иттҳоди Гумрукӣ мебошанд, монеа вуҷуд надорад.

Ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ҳамасола аз Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар барои дарёфти кор ва таъмини хонавода озими кишварҳои дигар мешаванд. Русия мизбони аслии муҳоҷирони кории тоҷик шинохта шудааст.

XS
SM
MD
LG