Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари шилики тир як сокини ноҳияи Фархор дар соҳили рӯди Панҷ, дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон кушта шудааст.

Як сокини ноҳияи Фархор дар соҳили рӯди Панҷ, дар марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон бар асари шилики тир кушта шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Фархор рӯзи 4 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки “ин ҳодиса ду рӯз қабл зимни моҳигирии ду тан аз сокинони ин ноҳия дар канори рӯди Панҷ рух додааст”.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи шилики тир яке аз моҳигирон кушта шуда ва нафари дигар ба сӯи ноҳияи Фархор фирор кардааст. Аммо ба таъкиди ин манбаъ, то ҳол маълум нашудааст, ки аз кадом самт ба сӯи ин ду сокини ноҳияи Фархор тирандозӣ шудааст.

Ҳоҷӣ Маҳмадқул ва Олим -- ду сокини кӯчаи Фардавсии шаҳраки Фархор, ду рӯз қабл дар соҳили рӯдхонаи дарёи панҷ ҳини моҳидорӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Олим фирор кардааст, аммо Ҳоҷӣ Маҳмадқул кушта шуда ва то ба ҳол нишоне аз ӯ дар даст нест.

Олим Исмоилов, яке аз моҳигироне, ки аз ин тирандозӣ ҷони солим ба дар бурдааст, рӯзи 4 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, қисса қард, ки чигуна гурӯҳи мусаллаҳ ба онҳо аз он сӯи марз ҳамла карданд. Вай гуфт, ки баъд аз зуҳр ҳини моҳидорӣ дар рӯди Панҷ як гурӯҳи мусаллаҳ аз он сӯи марз ба онҳо тир кушоданд. Ӯ мегӯяд, ки тир чунон меомад, ки дигар роҳи гурез набуд.

«Якбора ба сӯи мо тирпаронӣ сурат гирифт. Мо ки бо заврақ дар даруни рӯдхона моҳӣ медоштем, тир ба Ҳоҷӣ Маҳмадқул расид ва ӯ ба ман гуфт, ки тир хӯрдааст. Як тир ба заврақ расид ва он ба дарё ғарқ шудан гирифт ва ман худамро партофта гурехтам. Ҳоҷӣ низ маро гуфт то гурезам. Дигар то ҳол хеҷ чиз ба ёд надорам, аммо баъдан вақте ҳамроҳ бо намояндагони мақомот ба ҷои ҳодиса рафтем, дидем, ки на заврақ ҳасту на Ҳоҷӣ Маҳмадқул Ҷалолов бо асбобҳои моҳидорӣ. Аммо то кунун маълум нест, тиркушоён киҳо буданд»,--гуфт мусоҳиби мо.

Дар ҳамин ҳол як масъули шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари кушта шудани як сокини ноҳия дар марзро тасдиқ карда, аммо гуфт, «аз сабаби он, ки ин кор дар даруни сарҳад рух дод, то кунун ба мо ягон маълумот дода нашудааст, аммо дақиқан ҳардуи он сокинони Фархор буданд. Аммо онҳоро марзбонони тоҷик напаронидаанд».

Ин ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки аз чанд рӯз ба ин тараф амалиётҳои мусаллаҳона дар он сӯи марз, дар манотиқи шимоли Афғонистон миёни нерӯҳои давлатии афғон ва афроди гурӯҳи Толибон идома дорад ва иддае аз сокинони ноҳияи марзии Фархор ҳам тирандозии чархболҳои низомии афғон дар он тарафро мушоҳида кардаанд.

Гурӯҳи Толибон дар рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ вулусволии Дарқади ҳаммарз бо Фархори Тоҷикистонро ба тасарруфи худ даровард ва то ба ҳол ин минтақа дар ихтиёри онҳо қарор дорад. Мақомоти афғон мегӯянд, ки тайи рӯзҳои ахир барои бозпасгирии Дарқад амалиёти густурдаеро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи масъулони маҳаллӣ дар вилояти Тахор, нерӯҳои давлатӣ шуморе аз деҳаҳо дар ноҳияҳои Хоҷа Баҳоуддин ва Хоҷа Ғорро аз чанги Толибон раҳо кардаанд ва задухӯрдҳои мусаллаҳона барои озодсозии Дарқад идома дорад.

Мақомот ар вилояти Тахор мегӯянд, ки вулусволии Дарқад дар ҷое аст, ки дар се тарафаш дарёи Ому қарор гирифтааст ва киштиҳое, ки дар онҷо кор мекард, дар дасти Толибон аст ва ҳеҷ нерӯи наметавонад аз онҷо убур кунад, ҷуз амалиёти ҳавоӣ.

Зимнан, ноҳияи Фархори Тоҷикистон бо улусволии Дарқади шимоли Афғонистон ҳаммарз аст. Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тули 1400 километр марзи муштарак дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG