Пайвандҳои дастрасӣ

Сокинони Чоркӯҳ: Моҷаро дар майдончаи футболи деҳа сар зад


Боборизо Ризоеви 18-сола (дар акс аз чап) аз тири марзбонҳои қирғиз кушта шуд

Боборизо Ризоеви 18-сола (дар акс аз чап) аз тири марзбонҳои қирғиз кушта шуд

Дар ҳоле, ки комиссияи босалоҳияти мақомоти қудратии Тоҷикистон муноқишаи марз бо Қирғизистонро таҳқиқ мекунад, сокинони Чоркӯҳ дидаҳои худро бо хабарнигори Озодӣ дар миён гузоштанд.

Шералӣ Хайруллоев муноқишаи марзи Исфара ва Боткандро таҳқиқ мекунад

Як комиссияи босалоҳияти мақомоти қудратии Тоҷикистон бо роҳбарии генерал Шералӣ Хайруллоев барои таҳқиқи муноқишаи марзбонони қирғизу тоҷик, ки як кушта бар ҷой гузошт, ба Исфара рафтааст.

Генерал Шералӣ Хайруллоев, ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар раъси як комиссия барои таҳқиқи муноқишаи марзбонҳои қирғизу тоҷик ба ҷамоати Чоркӯҳи Исфара рафтааст. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара, 7 июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, "комиссия ба таҳқиқи ҳодиса пардохтааст ва ба дунбол мавқеи худро оид ба ин муноқиша баён хоҳад дошт".

Ин муноқиша баъд аз зӯҳри 6 июл дар марзи миёни Исфара ва Бодканд рух дода, дар пайи он аз тири марзбонҳои қирғиз як сокини 18-солаи Исфара ҳалок ва як марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Вале мақомоти марзбонии Қирғизистон рӯзи душанбе бо пахши як изҳорот гуфтанд, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки гӯё шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро ба он айбдор кард, ки барои ҷилавгирӣ аз, ба гуфтаи онҳо, "авбошӣ"-и сокинони Тоҷикистон, амалеро анҷом надодаанд.

Қиссаи сокинони деҳаи Бӯстони Исфара

Дар бораи куштори Боборизо Ризоев Рӯзи сешанбе хабарнигори Радиои Озодӣ Маъсуми Муҳаммадраҷаб ба деҳаи Бӯстони ноҳияи Исфара сафар карда, аз сокинони деҳа ва наздикони Боборизо Ризоев дар бораи қазияи куштори ин юавони ҷавони 18-сола чанд суол кард

ҶАСАДИ БОБОРИЗО БА ХОК СУПУРДА ШУД

Шоми дирӯз ҷасади Боборизо Ризоев -- ҷавони кушташуда аз тири сарҳадбонҳои қирғиз аз маҳаллаи Бӯстони ҷамоати Чоркӯҳ ба хок супурда шудааст. Боборизо Ризоев ҳамин сол мактаби миёнаро хатм карда ва ният доштааст, ба мактаби олии милиса дар шаҳри Душанбе дохил шавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара итттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир вазъ дар ин минтақа ором аст ва комиссияи ҳукуматӣ ба таҳқиқи қазияи тирандозии рӯзи гузашта дар марз шурӯъ кардааст. Ӯ афзуд, масъулони бемористони Исфара гуфтаанд, ки сарбози маҷрӯҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мураххас шудааст. Ба гуфтаи онҳо, сарбоз дар пайи ин тирандозӣ аз ноҳияи дасташ ҷароҳат бардоштааст.

МУНОҚИША ЧИ ГУНА САР ЗАД?

Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ба Радиои Озодӣ гуфт, муноқиша миёни сарҳадбонони тоҷику қирғиз баъд аз зуҳри рӯзи 6 июл дар як мавзеи ҳаммарз бо Қирғизистон, сар задааст. Ба қавли ӯ, марзбонони қирғиз ба тарафи сарҳадбонони тоҷик, ки савори як мошини низомӣ будаанд, тирандозӣ кардаанд, ки бар асари он сокини 18-солаи ҷамоати Чоркӯҳ Боборизо Ризоев ба ҳалокат расида ва як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон захмӣ шудааст.

Неъматбой Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ ба нақл аз ин сарбози маҷрӯҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳодиса ҳангоми ҳаракати онҳо аз деҳаи Лангар ба самти ҷамоати Чоркӯҳ сурат гирифтааст.

Вале ҷониби Қирғизистон ҳодисаи тирпарониро дигаргуна шарҳ дод. Бахши робита бо расонаҳо ва ҷомеаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 6 июл бо пахши як изҳорот гуфт, даргирӣ баъд аз он сар задааст, ки шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз хатти марзи Қирғизистон убур карда ва ба мошинаҳое, ки ба шаҳрвандони он кишвар тааллуқ доштаанд, сангпартоӣ кардаанд.

ТАЪРИХЧАИ МУНОҚИШАҲОИ МАРЗӢ

Барои нахустин бор нест, ки дар марзи ду кишвари ҳамсоя миёни марзбонони ду ҷониб муноқиша сурат мегирад. Ҳудуди як сол қабл, дар моҳи августи соли 2014 дар канори деҳаи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров миёни марзбонҳои ду кишвар муноқиша сар зад, ки дар натиҷа 2 нафар - як сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва як сокини осоишта - кушта шуда, 5 шаҳрванди дигари Тоҷикистон захмӣ гаштанд.

Аз ин пеш, 11 январи соли 2014 дар як тирандозӣ байни марзбонони ду кишвар 8 нафар, аксаран маъмурони интизомиии Қирғизистон захмӣ шуданд.

То имрӯз аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, бар сари хатти сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG