Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ як сокини ноҳияи Ёвонро барои иштирок дар гирдиҳамоиҳои эътирозии алайҳи ҳукумати Сурия ва даъват барои сарнагунии режими Башор Асад муҷрим шинохт.

Додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Толиб Лоиқов, як сокини 26-солаи ноҳияи Ёвонро барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Сурия ва даъват барои сарнагунии ҳукумати Башор Асад айбдор дониста, ба 1 солу 8 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Додгоҳ ин сокини кишварро бар асоси моддаи 187, қисми 2-и қонуни ҷиноии -Тоҷикистон - "иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ" муҷрим шинохтааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Толиб Лоиқов чаҳор сол пеш бо кумаки яке аз хешовандонаш бо номи Нодир Мақсудов аз Истанбул ба Сурия рафта буда, дар донишгоҳи "Маъҳад ад-дували ул-улуми арабӣ"-и Димишқ таҳсил мекард. "Аммо ӯ баъдан ба гурӯҳҳои тундрави "Ҷайши ҳур" ва “Ҷабҳат-ан-Нусра" шомил шуда, дар гирдиҳамоиҳои эътирозии онҳо иштирок кардааст," -- афзуд манбаъ.

Ба иттилои мақомоти додгоҳи Исмоили Сомонӣ, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар гирдиҳамоиҳои эътирозии алайҳи ҳукумати Сурия бо шиорҳои "Нест бод ҳукумати Башор Асад" ва "Мардум шикасти низоми Асадро мехоҳанд" баромад карда, дигар донишҷӯёни тоҷикро низ ба иҷрои чунин корҳо таҳрик додааст.

Худи Толиб Лоиқов низ дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иқрор кардааст, ки тавассути почтаи электронии Loikov_Tolib@mail.ru бо толибилмони тоҷики Донишгоҳи "Маъҳад ад-дували ул-улуми арабӣ"-и Сурия дар бораи вазъияти Сурия сӯҳбат намуда, "назарашро дар бораи ноадолатиҳои ҳукумати Башор Асад баён доштааст".

Аммо наздикони Толиб Лоиқов мегӯянд, ки аз чунин амалҳои фарзанди худ хабар надоштанд. Онҳо мегӯянд, ки фарзандашон асосан барои таҳсил ба Сурия рафта буд ва дар тӯли чор соли гузашта як бор ба Тоҷикистон омадааст. "Вақте ба ватан баргашт, ба хидмати аскарӣ рафт, вале ба далели беморӣ аз хидмат озод шуда, боз ба Сурия барои таҳсил рафта буд,” – гуфтанд онҳо.

Дар тӯли ду соли ахир беш аз 500 тан аз сокинони Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Тибқи омори тоза, ки Радиои Озодӣ дарёфт кардааст, беш аз 300 нафари онҳо дар ҷангҳои Ховари Миёна кушта шуда, 50 нафар ба ватан баргаштанд ва ҳоло камтар аз 200 нафари дигар дар Сурия ва Ироқ боқӣ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG