Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонҳои Узбакистон бо тирандозӣ як сокини Конибодомро захмӣ ва якеи дигарро боздошт кардаанд. Дар 4 рӯзи охир дар марзи Узбакистон як нафар кушта ва ду тан захмӣ шудаанд.

Марзбонҳои Узбакистон дар канори деҳаи Патари Конибодоми вилояти Суғд ба сӯи ду ҷавони тоҷик оташ кушода, якеро захмӣ кардаанд. Ҳоло ҳардуи ин ҷавон дар он сӯи марз қарор дошта, Узбакистон онҳоро ба "марзшиканӣ" ва "итоат накардан ба амри сарҳадбонҳо" айбдор менамояд.

Аммо Фарҳод Турсунов, раиси ҷамоати Патари Конибодом, 30 июн дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, марзбонҳои узбак ба сӯи Тулқинбой Усмонов ва Хуршед Қобилов дар ҳоле оташ кушода ва боздошт кардаанд, ки онҳо машғули говчаронӣ будаанд. "Ҷавонҳо гов мечаронидаанд. Як гов ба тарафи Узбакистон мегузарад ва аз паяш мераванд, ки сарҳадбонҳои Узбакистон ба тарафи онҳо тир кушода, дастгир мекунанд," -- гуфт Турсунов.

Ба қавли раиси ҷамоати Патар, Тулқинбеки маҷрӯҳ дар бемористони марказии ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон бистарӣ буда, Хуршед Қобилов ба модараш занг задааст, то шиносномаҳояшонро ба Узбакистон фиристанд. "Баъд аз маълум кардани шахсият моро ба Тоҷикистон "депорт" хоҳанд кард," -- гуфтааст ӯ. Вале бархе аз сокинони ҷамоати Патар мегӯянд, гӯё марзбонҳои Узбакистон ба сӯи ду ҷавони тоҷик ҳангоми дар хоки Тоҷикистон буданашон тир кушода, якеро маҷруҳ кардаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбакистон рӯзи душанбе хабар дод, ки рӯзи 25 июн ҳангоми ҷилавгирӣ аз талоши убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистону Узбакистон марзбонҳои узбак маҷбур ба истифодаи силоҳ шудаанд ва дар натиҷа як сокини 30-солаи Тоҷикистон тир хӯрдааст. Дар иттилоияи Дафтари матбуотии Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти Узбакистон гуфта мешавад, ки 2ҳангоми боздошт сарҳадшиканҳо муқовимат нишон доданд. Ба хотири таъмини амнияти худ ва боздошти маршиканҳо аввал ба ҳаво тир кушода шуд ва баъди идомаи сарпечӣ аз иҷрои амр силоҳро алайҳи марзшиканҳо истифода бурданд. Дар натиҷа сокини ҷамоати Яккатераки Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон Т.Усмонов (соли таваллудаш 1985) тир хӯрд."

Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар Конибодом.

Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар Конибодом.

Усмоновро бо диагнози “ҷароҳат аз қисмати болоии рони рост” («сквозное огнестрельное ранение наружной поверхности верхней трети правого бедра») ба бемористони марказии ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбакистон хобондаанд. Вазъи ин сокини Конибодом дар иттилоияи Кумитаи марзбонии Узбакистон “миёнаи вазнин” хонда шудааст.

Ҷамоати Патари Конибодом бо Узбакистон ҳаммарз аст ва канали обе, ки аз миёни ду кишвар мегузарад, ҳамчун хатти марз хидмат мекунад. Сокинони марзии Конибодом мегӯянд, ҳарчанд миёни сокинони ду тараф мушкил вуҷуд надорад, аммо ба қавли онҳо марзбонҳои Узбакистон дар вақтҳои охир назоратро шиддат бахшидаанд.

Ягона гузаргоҳи марзиву гумрукии байни Тоҷикистону Узбакистон дар Конибодом низ мавсум ба "Патар" дар ҳамин ҷамоати ҳамном воқеӣ аст. Вале ин гузаргоҳ чандин сол барои гузари озоди сокинон ва нақлиёт аз ду тараф бастааст.

Дар 4 рӯзи охир ин аллакай се мавриди истифодаи силоҳ аз сӯи марзбонҳои узбак дар марзҳои Узбакистон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказист, ки мунҷар ба захмӣ ва ҳатто ҳалок шудани афрод дар ин тирандозиҳо шудааст.

Шоми 28 июн дар марзи Узбакистон бо Қазоқистон марзбонҳои узбак ба сӯи қаиқи моҳигирон, ки дар рӯди Сирдарё шино мекард, тир кушоданд. Дар натиҷаи ин тирандозӣ шаҳрванди Қазоқистон Уалихон Ахметов чанд тир хӯрда, дар ҷои ҳодиса кушта шуд. Моҳигири дигар Женес Бекешев худро аз қаиқ ба дарё андохта, таавонистааст худро то соҳили воқеъ дар хоки Қазоқистон бирасонад.

Бекешев дар шарҳи ин қазия ба хабаргузории маҳаллии 365info.cz гуфтааст, “мо аз тарафи марзи Қазоқистон шино мекардем. Якбора аз тарафи марзи Узбакистон амр карданд, ки биистем. Аммо ҳамроҳи ман наистод. Баъди ин тир кушоданд. Ӯ ба даруни қаиқ афтод ва ман ибтидо фикр кардам, ки шояд пинҳон шудааст. Вале вақте бодиққат нигоҳ кардам, дидам, ки тир хӯрдааст. Ман худамро ба об андохтам ва то соҳили Қазоқистон шино кардам.”

Тирандозии дигар рӯзи 29 июн байни марзбонҳои узбаку қирғиз дар минтақаи марзии Ҳайдаркон (Айдаркен) рух додааст. Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ин тирандозӣ дар як қисмати ҳарӯз таъйин ва аломатгузорӣ нашудаи марз бо ҷазирақаламрав (анклав)-и Шоҳимардони Узбакистон, ки аз 4 тараф дар дохили Қирғизистон мондааст, дар пайи як баҳси лафзии марзбонҳо оғоз ёфтаааст. Бино ба ин манбаъ, “ҳайати марзбонии Узбакистон дар посух ба талаби низомиёни қирғиз дар мавриди вайрон накардани марзи давлатӣ ва анҷоми дидбонӣ дар фосилаи муайяне аз хатти марз, ба тарафи низомиҳои қирғиз оташ кушод.”

Марзи Узбакистон ва Қирғизистон.

Марзи Узбакистон ва Қирғизистон.

Дар хабари расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон омадааст, ки касе аз нирӯҳои Қирғизистон дар ин тирандозӣ осеб надид. Дар ин иттилоия дар бораи осеби ҷониби дигар чизе гуфта нашудааст. Ба фарқ аз қазияи захмӣ кардани як сокини Конибодому боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, Кумитаи марзбонии Узбакистон то ҳол ду бархӯрди дигари мусаллаҳона дар марзҳои ин кишварро шарҳ надодааст.

Аммо ҳукумати вилояти Бодканд, ки ҷазирақаламрави Шоҳимардон аз 4 тараф бо навоҳии ҳамин вилояти Қирғизистон иҳота шудааст, марзбонҳои Узбакистонро ба вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон айбдор карда, гуфтааст, дар натиҷаи тирандозии тарафҳо як марзбони узбак ҷароҳат бардошт. Аммо ин манбаъ мегӯяд, “қазия аллакай ҳал шуда ва вазъ дар марз бо Шоҳимардон ба ҳолати оддиаш баргардонда шуд.”

Марзи Узбакистон дар маҷмӯъ 6 221 километрро ташкил медиҳад. Ин кишвар аз ҷумла бо Қазоқистон 2203 километр, бо Туркманистон 1621, бо Тоҷикистон 1161, бо Қирғизистон 1099 ва бо Афғонистон 137 километр марзи мустақим дорад. Узбакистон бо кишварҳои дигари минтақа режими раводид ҷорӣ кардаву марзҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистонро симхорпеч ва минакорӣ кардааст. Бар асари таркиши минаҳо дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон дар 15 соли охир даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамин тавр, ҳар сол даҳҳо нафари дигар аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя дар қисматҳои баҳсии марз бо Узбакистон аз сӯи марзбонҳои узбак бо иттиҳоми убури ғайриқонунии сарҳад дастгир мешаванд.

Марзбонҳои Узбакистонро ҳамчунин ба истифодаи “беш аз ҳад” ва “ғайримутаносиб”-и силоҳ дар муқобили афроди гумонбар ба шикастани марз айбдор мекунанд, ки як намунаи навбатиаш ҳамин дастикам 3 тирандозӣ дар 4 рӯзи охир дар марз бо Узбакистон бо як куштаву ду захмиаш ном бурда мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG