Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як тоҷик баъди 6 моҳи фирор аз пулиси Маскав


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз ним сол пеш дар Маскав аз боздошт фирор карда буд, бо 20 грамм ҳероин ва шиносномаи қалбакӣ дастгир шудааст.

Дар Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳанӯз моҳи август аз боздошт фирор карда буд, дастгир кардаанд. Мақомоти пулиси пойтахти Русия як нафари гумонбар ба қочоқи маводи мухаддирро, ки ҳанӯз дар моҳи августи соли 2013 аз боздоштгоҳ фирор карда буд, дастгир кардаанд.

Пулиси Маскав мегӯяд, шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Қурбоннназари Исо моҳи август ҳамроҳ бо ду боздоштшудаи дигар дар МКАД – шоҳроҳи атрофи пойтахти Русия аз мошине, ки ӯро ба боздоштгоҳ мебурд, фирор карда буд. Ин ду нафарро баъди он фирори пурсарусадо зуд боздошт карданд, вале Қурбонназари Исо тавонистааст беш аз ним сол дар озодӣ ба сар барад.

Қурбонназари Исо бори аввал бо гумони қочоқи маводи мухаддир ба даст афтода буд. Пулиси Маскав мегӯяд, маълум мешавад, ки ӯ баъди фирор ҳам аз ин амали ҷиноияш даст накашидааст. Дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Маскав хабар дод, ки ҳангоми боздошт аз ин шаҳрванди Тоҷикистон як бастаи ҳероин кашф ва мусодира шудааст.

Билофосила дар пайи фирори он се боздоштшуда дар моҳи август дар қиболи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Бино ба гузориши расонаҳои Русия, Қурбонназари Исо дар натиҷаи як амалиёти вижа бо як бастаи иборат аз тақрибан 20 грамм ҳероин ва шиносномаи ғолибан қалбакии Тоҷикистон дастгир шуд. Баъди боздошти дувум алайҳи Қурбонназари Исо бо иттиҳоми “тавлид, фурӯш ва ҳифзи ғайриқонунии маводи мухаддир” боз як парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Ҳамин тавр, дар моҳи январ 3 тоҷикеро, ки аз як боздоштгоҳ дар вилояти Ярослдави Русия мехостанд фирор кунанд, дастгир карданд. Гуфта мешуд, 3 шаҳрванди Тоҷикистон шаби 14 январ талош кардаанд, то аз боздоштгоҳи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар шаҳраки Красний Бори ноҳияи Тутаевои вилояти Ярославл фирор кунанд. Вале, ба гуфтаи дафтари матбуоти бахши вилоятии ин Хадамот, ҳангоми фирор дастгир шуданд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати вилояти Ярославл гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон шабона аз ҳуҷраҳои худ дар қабати аввали бино берун шуда, ба қабати дувум рафтаанд ва мехҳои тирезаро канда, ба шикастани панҷараи оҳанин шурӯъ карда буданд, вале маъмурони боздоштгоҳ ҳарсеро дастгир ва аз фирори онҳо пешгирӣ кардаанд.

Дар пайи ин қазия қарор шуда, ки режими нигаҳдории боздоштшудагон дар ин боздоштгоҳ шадидтар карда шавад. Аз ҷумла тасмим гирифтаанд, ки ин маҳалли нигоҳдории муҳоҷирони хориҷиро бо шабакаҳои изофии назорати видеоӣ муҷаҳҳаз гардонанд.
Бо дарёфти иттилои бештар дар бораи қазияи фирор ва боздошти Қурбонназари Исо шуморо дар ҷараён хоҳем гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG