Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори "граф Монте-Кристо"-и тоҷик аз боздоштгоҳи Маскав


Маъруф Одинаев. Акс аз сомонаи ФСИН

Маъруф Одинаев. Акс аз сомонаи ФСИН

Мақомоти Русия мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи шаҳри Маскав фирор кардааст. Амалиёти ҷустуҷӯи ӯ идома дорад.

Мақомоти Русия мегӯянд, Маъруф Одинаев, як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон шоми 13 январ, соатҳои тақрибан 17 аз боздоштгоҳ дар Маскав фирор кардааст. Як манбаи Радиои Озодӣ дар раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав рӯзи 14 январ гуфт, Маъруф Одинаев аз боздоштгоҳ (СИЗО)-и рақами 5 дар кӯчаи Виборгская, маъруф ба боздоштгоҳи "Водник" фирор кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, шаҳрванди тоҷик бо асноди як маҳбуси дигар, ки бояд озод мешуд, фирор кардааст.

Додситонии Маскав ба таҳқиқи фирори ин шаҳрванди тоҷик, ки матбуоти Русия бо фирори граф Монте-Кристо ташбеҳаш додааст, шурӯъ кардааст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, Маъруф Одинаев, соли таваллудаш 1993, зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон буда, бар асоси қисми аввали моддаи 30(омодагӣ ба анҷоми ҷиноят) ва банди панҷуми моддаи 228-уми Кодекси ҷиноии Русия (фурӯши маводи мухаддир) дар боздошт қарор дошт. Ӯ қабл аз боздошташ дар баҳори соли 2015 дар як корхонаи қаннодии шаҳри Маскав кор мекардааст.

Гуфта мешавад, маҳбусе, ки асноди худро ба Маъруф Одинаев додааст, бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба намояндаи мақомот дар боздошт қарор дошт ва мӯҳлати боздошташ рӯзи 13 январ ба поён омада буд.

Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, як фарзияи асосӣ ин аст, ки Одинаев барои онки ин маҳбус ба ҷои ӯ дар боздоштгоҳ бимонад, ғолибан ба ӯ пул пешниҳод кардааст. Маъмурони боздоштгоҳи рақами 5 аз ғайб задани Маъруф Одинаев бо асноди як боздоштшудаи дигар танҳо нимашаб хабар ёфтаанд.

Раёсати Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН)-и шаҳри Маскав, ки масъулияти умури зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои пойтахти Русияро бар дӯш дорад, акси Маъруф Одинаевро дар сомонааш нашр карда, аз ҳама хостааст, то дар ҷустуӯи ӯ ба мақомот кумак кунанд.

Бино ба маълумоти омада дар сомонаи ин идора, Маъруф Одинаев чеҳраи осиёӣ, мӯи сиёҳ, чашмони қаҳваӣ ва қади миёна (165 -1 70 сантиметр) дорад. Ӯ дар сар шапкаи сиёҳ ва дар тан пуховики сурхи ҷигарӣ, ҷинси кабуд ва пойафзоли сиёҳ доштааст.

Аммо манбаи Озодӣ дар пулиси Маскав мегӯяд, ҷустуҷӯи ин ҷавони тоҷик бар асоси либосе, ки ӯ ҳангоми фирор дар тан дошт, душвор хоҳад буд. Ӯ мегӯяд, шабакаҳои қочоқбари маводи мухаддир танзимҳои муташаккиле доранд, ки метавонанд ба Маъруф Одинаев барои пинҳон шудан аз таъқиби мақомоти Русия кумак кунанд ва “эҳтимол дорад, ки ӯ алакай сару либосашро иваз карда, дар ягон паноҳгоҳи марбут ба наркобаронҳо пинҳон шуда бошад.”

Бино ба омори ФСИН, дар зиндонҳои Русия ҳудуди 7800 шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан нисфи онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG