Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздикии марзи Сурия


Ин гурӯҳе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ аст, ки дар канори шаҳри Тал Тамри Сурия ва дар наздикии марз бо Туркия акс гирифтаанд

Ин гурӯҳе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ аст, ки дар канори шаҳри Тал Тамри Сурия ва дар наздикии марз бо Туркия акс гирифтаанд

Мақомоти Туркия мегӯянд, дар наздикии марзи ин кишвар бо Сурия 25 шаҳрванди хориҷӣ ва аксаран сокинони Тоҷикистонро боздошт кардаанд, ки баъзеашон бо оилаи худ қасди сафар ба Сурияро доштаанд.

Бино ба гузориши нашрияи "Миллият"-и Туркия, маъмурони амниятӣ 25 хориҷӣ ва аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мехостанд, ба Сурия бираванд, дастгир кардаанд.

Нашрияи "Миллият" дар вебсайти худ хабар дод, ки ин 25 нафар шоми 12 июл дар вокзали байнишаҳрии автобусҳои Ғозиёнтап дар наздикии сарҳади Туркия дастгир шуданд ва теъдоде аз онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ мебурданд. Нашрияи туркӣ мегӯяд, ҳангоми бозпурсӣ баъзе дар баёноташон навиштаанд, ки барои муҳоҷират ба Сурия мераванд ва теъдоди дигар гуфтаанд, бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамақида ҳастанд ва мехостанд, барои "ҷиҳод" дар Сурия ба сафи ин гурӯҳ бипайванданд.

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи рӯзномаи “Миллият”-и Туркия дар зарфи 3 рӯзи ахир дар шаҳри Ғозиёнтап дар амалиёте 45 хориҷӣ дастгир шудаанд, ки нияти рафтан ба Сурия доштанд. Мақомоти амниятии Туркия назорат бар гашту гузори хориҷиён дар ин минтақаро сахттар кардааст. Рӯзнома дар идома навиштааст, ки ҳамаи хориҷиёни боздоштшударо дар шифохонаи давлатии Эрсин Арслони Ғозиёнтап аз ташхиси тиббӣ гузаронидаанд ва ба боздоштгоҳи раёсати зиддитерори пулис бурдаанд ва қарор аст, ҳамаи онҳоро ба кишварҳояшон "депортатсия"кунанд.

Ду рӯз аз ин пештар расонаҳои давлатии Туркия гузориш доданд, ки дар амалиёте дар шаҳри Кочалӣ дар наздикии сарҳади Сурия 21 узви гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дастгир карданд ва се нафари онҳо хориҷиёне буданд, ки мехостанд ба Сурия бираванд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксарияти ҷавононе, ки ҳоло ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва дар сафи гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи Давлати исломӣ алайҳи ҳукуматҳои он кишварҳо меҷанганд, ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми ифротиён афтода ва аз онҷо ба Туркия ва сипас ба Сурия рафтаанд.

Бино ба гузоришҳо, то кунун бештар 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна рафтаанд ва баъзеашон ҳамсару фарзандонашонро ҳам бурдаанд. Яке аз ин ҷавонон, “Абухолиди Кулобӣ” ва ё Нусрат Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб буд, ки ҳафтаи пеш кушта шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ ва хешовандонаш ӯ замоне дар зарбаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шуд, ки мехост, ду ҷавони тоҷикро барои пайвастан ба ҷиҳодиён ба шаҳри Раққаи Сурия бубарад. Ва теъдоде аз ҷавонони тоҷике, ки аз Сурия пушаймон шуда баргаштаанд, гуфтаанд, ки аз тариқи қаламрави Туркия ва бемамониати зиёде вориди қаламрави Сурия шудаанд.

Давлати Туркияро муттаҳам мекунанд, ки барои пешгирӣ аз пайвастани хориҷиён ба сафи тундравони исломӣ дар Сурия ба қадри кофӣ кӯшиш намекунад, вале давлати Туркия ин гуфтаро рад кардааст. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури ин кишвар рӯзи 9-уми июл гуфт, кишвараш то кунун 1300 хориҷиро, ки бо гурӯҳи Давлати исломӣ робита доштаанд, аз кишвар ихроҷ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG