Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як тоҷики "муҷоҳид" дар Маскав


Пулиси Маскав мегӯяд, як узви гурӯҳи тундрави мазҳабии “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод”-ро, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, боздошт кардааст.

Бино ба гузориши пулиси Маскав, ин шаҳрванди бекори тоҷик рӯзи якшанбеи 8 сентябр, соати 12:40 , дар кӯчаи Белореченская дастгир шудааст. Пулис мегӯяд, ҳангоми боздошт аз ин гумонбар, ки танҳо соли таваллудаш – 1988 – гуфта мешавад, “ 5 тири калибраш 9 мм, граната(норинҷак)-и ҷангии навъи РГД-5, ҳамчунин 14,2 грамм маводи мухаддире, ки дар таркибаш ҳероин низ доштааст, кашф ва мусодира кардаанд.

Дафтари матбуоти пулиси Маскав мегӯяд, дар амалиёъти боздошти ин узви 25-солаи “Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод” нирӯҳои СОБР - воҳиди вижаи зудамали пулис – низ ширкат кардаанд. Алайҳи ин шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бар асоси моддаҳои 22 ва 228-и Қонуни ҷиноии Русия, яъне гардиши ғайри қонунии силоҳ ва мавоид мухаддир, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

“Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод” яке аз гурӯҳҳои тундрави мазҳабии марбут ба шабакаи террористии Ал-Қоида аст, ки Амрико ҳанӯз моҳи октябри соли 2004 ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ шомилаш кардааст. Ин гурӯҳ баъди анҷоми чандин ҳамлаҳо алайҳи нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Ироқ вирди забонҳо шуд. Гуфта мешавад, як нирӯи асосии бахши ироқии Ал-Қоида ҳамин гурӯҳ буд.

“Муҷоҳидин- ат-Тавҳид- вал- Ҷиҳод” дар Ироқ аз сӯи ҷангии урдунитабор Абӯмӯсаби Зарқавӣ, ки баъдан дар соли 2006 кушта шуд, таъсис ёфтааст. Ин гурӯҳ бо шеваҳои бераҳмонаи мубориза, аз ҷумла гаравгонгирии атбоъи хориҷӣ ва буридани сари гаравгонҳо, маъруф буд.

Боздошти шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон дар кӯчаи Белореченская танҳо мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Русия бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави мазҳабӣ нест.

Моҳи октябри соли 2010 дар вилояти Калуга фаъолияти як шӯъбаи маҳаллии созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир ошкор карда шуд. Бар асоси баёноти аъзои боздоштшудаи ин гурӯҳ, рӯзи 20 октябри ҳамон сол дар як амбор дар минтақаи “Проспект Мира”-и шаҳри Маскав 10 нафар ва рӯзи 7 декабр, дар марҳалаи дувуми ин амалиёт дар гӯшаҳои мухталифи пойтахти Русия боз 12 тани дигар дастгир шуданд. Мақомот ҳангоми боздошт аз ин афрод миқдори зиёди адабиёти ифротӣ ва дар панҷаҳои дасти дуи онҳо изи маводи мунфаҷира пайдо карда, онҳоро ба ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ аз соли 2008 дар Тоҷикистону Русия манъ шудааст, айбдор кард.

Яке аз боздоштшудаҳо бо номи Акбарҷон Отабоев шаҳодат дод, ки раҳбарони аслиишӯъбаҳои ин ҳизби пинҳонкор дар Маскаву вилояти Маскав Акмал Ғафуров ва Алишер Отаҷонзода буда, қасди бомбгузорӣ дар яке аз пулҳои роҳи оҳан дар шаҳри Маскавро дар сар доранд.

Дар ниҳоят, додгоҳ Отабоев ва Отаҷонзодаро бо ҷурми нигоҳ доштани маводи мунфаҷира ба дувуним соли зиндон ва Акмал Ғафуровро ба 3 соли зиндон маҳкум кард. То имрӯз Отабоев ва Отаҷонзода аз маҳбас раҳо ёфта, Ғафуров низ, бино ба гузориши расонаҳои русӣ, талош дошт, ба раҳоии пеш аз мӯҳлат аз маҳбас муваффақ шавад. Аммо чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башари Русия ин қазияро зери шубҳа қарор дода гуфтаанд, мақомот сароҳатан собит карда натавонистанд, ки оё дар воқеъ дар Маскаву вилояти Маскав шӯъбаи ҳизби Таҳрир амал мекард ваё инбофтаи навбатии хиёли онҳо ба хотири бузург нишондани “комёбӣ”-ҳояшон дар мубориза алайҳи ифротгароӣ буд?

Чор шаҳрванди дигари Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2012 бо айни иттиҳоми узвият дар Ҳизби Таҳрир дар вилояти Нижний Новгороди Русия дастгир шуданд. Дар оғоз маъмурони милиса тақрибан 10 шаҳрванди тоҷикро боздошт карданд, вале дар ниҳоят аксари онҳоро ба маҳзи набудани далели кофӣ раҳо карда, танҳо алайҳи чор нафар парванда боз карданд.

Аммо додгоҳи маҳаллӣ ибтидо дархости ҳабси ин чоргонаро радд кард ва онҳо то моҳи январи соли равон ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ қарор доштанд. Додгоҳ танҳо дар моҳи январ, дар пайи муроҷиати дувуми додситонӣ, ин 4 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабс гирифт.

Мақомоти додситонии вилояти Нижний Новгород гуфтаанд, ки дар ҷараёни амалиёти боздошт аз манзилҳое, ки ин 4 нафар иҷора менишастанд, васоили таркандаи худсохт, норинҷак, детонаторҳо ва тиру борут кашф ва мусодира шуда буд. Ба гуфтаи мақомот, ҳангоми кофтукоб дар хонаҳои ин афроди гумонбар ба ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир, ҳамчунин теъдоди бузурги адабиёт ба забонҳои арабиву русӣ, аз ҷумла китобҳое, ки Русия ба “рӯйхати сиёҳ”-и федеролии адабиёти ифротӣ шомил кардааст, наворҳои садоиву видеоӣ, шабномаҳо, чандин компутар ва ҳатто дастгоҳҳои мухобира ёфт шудааст.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли тафтишот хабар дод, ки ин зодагони Осиёи Марказӣ намояндагони шӯъбаи маҳаллии ҳизби Таҳрир буда, нафақат ба таблиғи ақидаҳои тундравона, балки ба таҳрики мардум ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бо ҳадафи таъсиси хилофати исломӣ низ даст доштанд.

Мақомот мегӯянд, ки раҳбари ин гурӯҳ зодаи Тоҷикистон аст ва ҳанӯз дар поёни соли 2011 бо як “маъмурияти идеологӣ”, яъне ба хотири афзоиши шумори аъзои ҳизб ба Нижний Новгород омадааст. Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешуд, ки ин нафар “ҳамчун раҳбари ин шӯъба ҷаласоти аъзо ва онҳоеро, ки бояд ба кори ин созмони мамнӯъи террористӣ ҷалб мешуданд, ташкил ва доир мекард, дарсҳое барпо мекард, ки дар он адабиёти ақидатии ин созмони мамнӯъи террористӣ ва китобҳои дигари мазҳабие, ки ба рӯйхати федеролии адабиёти ифротӣ шомил шудаанд, омӯхта мешуд.”

Як иттиҳоми асосӣ алайҳи аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла раҳбараш, ташкили ҳамин ҳалқаҳои дарсӣ ва талоши ҷалби сокинони мусалмони вилояти Нижний Новгород ба Ҳизби Таҳрир аст.

Ҳизб-ут-Таҳрир гурӯҳи пинҳонкори мазҳабиест, ки барои сохтани хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад. Фаъолияти ин гурӯҳ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистону Русия, расман манъ шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар соли 2012 дар ин кишвар 144 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав боздошт шудаанд, ки 36 тани онҳо ба ҳамкорӣ бо ҳизби Таҳрир айбдор мешаванд.
XS
SM
MD
LG