Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тотористон фаъолияти гурӯҳи Ихлос манъ шуд


 Рустам Сафин-имом-хатиби масҷиди гурӯҳи исломии Ихлос
Рустам Сафин-имом-хатиби масҷиди гурӯҳи исломии Ихлос
Додгоҳи олии ҷумҳурии Тотористони Русия дастур додааст, ки ба хотири фаъолиятҳои ифротӣ гурӯҳи исломии Ихлос баста шавад.

Рӯзи чоршанбе дар муҳокимаи гурӯҳ дар шаҳри Қазон тахминан 50 пайрави гурӯҳи Ихлос ҳузур доштанд. Онҳо мегӯянд, ки бознигарии ҳукми додгоҳро талаб хоҳанд кард.

Моҳи январ полис гурӯҳи Ихлосро аз масҷидаш дар шаҳри Қазон маҳрум кард, зеро ба қавли мақомот онҳо бинои масҷидро, ки моли давлат аст, таври зарурӣ таъмиру тармим накардаанд.

Соли 2009-ум имом-хатиби масҷиди гурӯҳи Ихлос Рустам Сафин бо ҷурми узвият дар гурӯҳи манъшудаи ҳизб-ут-таҳрир ба муддати ду сол шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд.
XS
SM
MD
LG