Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сокини Суғд аз сӯи марзбонони узбак


Ахиран як сокини шимоли Тоҷикистон, ки ба гуфтаи наздиконаш, маризии рӯҳӣ дорад, аз сӯи марзбонони Узбакистон боздошт шудааст.

Ба қавли пайвандон, Гулмаҳмад Зокирови 32 - сола, сокини деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ки касалии рӯҳӣ дошт ва чанде қабл ғайб зада буд, ҳоло дар маҳбаси шаҳри Бекободи вилояти Тошканди Ӯзбакистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ба сар мебарад.

Дилшод Зокиров, бародари мавсуф рӯзи чоршанбеи 12 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳалли будубоши бародари маризаш аз як ҳамедҳаашон, ки нав аз маҳбаси Бекобод баргаштааст, маълум шуд ва то ин замон Гулмаҳмадро наздикон ва мақомоти милиса дар ҳудуди Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекарданд. Дилшод Зокиров мегӯяд, Фаридун, ҳамдеҳаи раҳошудааш аз зиндони Бекобод бо бародараш дар як маҳбас нигоҳдорӣ мешудаанд ва Гулмаҳмади бемор "дар як кунҷи зиндон ба худ гап зада менишастаасту касе ба ӯ аҳамият намедодааст."

Ба қавли сокинони Мастчоҳ, убуру мардум дар қаламрави деҳаи Садвини ноҳияи Мастчоҳ ва Бекобод андак озод буда, ӯзбакҳо аз он тараф ба Мастчоҳ барои фурӯши сабзавоту меваи худ мегузаранд.

Аммо ин танҳо мавриди боздошт ва бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбакистон нест. Моҳи июн марзбонони ӯзбак 5 чӯпони сокини рустои Моғиёни ноҳияи Панҷакентро бо рамаи гӯсфандону говҳояшон барои "ғайриқонунӣ убур кардани марз" бурда буданд.

Ҳамчунин Мардон Бӯриеви 74-сола, сокини деҳаи Фароби ноҳияи Панҷакентро ҳамроҳи 4 наберааш шоми 10 июл дар дараи Шохпази ҷамоати Фароб ҳангоми алафдаравӣ марзбонони узбак барои марзшиканӣ айбдор карда ба он тарафи марз мебаранд ва дар боздоштгоҳи ноҳияи Қаршӣ нигаҳдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG