Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 19 тонна алюминиум


Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки қасди интиқоли ғайриқонунии 19 тонна алюминиумро доштааст.

Дафтари равобит бо ҷомеаи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 19 феврал ба расонаҳо гуфтааст, ки марзбонони қирғиз рӯзи 18 феврал дар дидбонгоҳи “Достук”, воқеъ дар минтақаи Лайлаки ноҳияи Бодканд, як шаҳрванди Тоҷикистонро барои нақзи қавоиди марзӣ, боздошт карданд.

Ба иттилои ин манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон қасд доштааст, то 19 тонна алюминиумро ба таври ғайриқонунӣ ба Қирғизистон интиқол бидиҳад. Ба таъкиди ин манбаъ, ҳазинаи умумии маводи қочоқии алюминиум 900 00 соми қирғизӣ, муодили 12 ҳазор доллари амрикоӣ будааст.

Ин манбаъ меафзояд, пас аз таҳияи асноди лозимӣ, шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо маводи қочоқиаш ба кормандони минтақавии гумруки Қирғизистон супорида шуд. Хадамоти марзбонии Тоҷикистон то ҳол дар маврид ин ҳодиса изҳори назар кардааст.

Боздошти ин шаҳрванди Тоҷикистон бо 19 тонна алюминиуми қочоқӣ дар ҳолест, ки аввали моҳи гузашта низ аз қочоқи ҳудуди 2 тонна алюминиум дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷилавгирӣ шуда буд. Ин ҳодиса низ дар манотиқи марзии Лайлаки ноҳияи Бодканд сурат гирифта буд.

Аз ин қабл, дар моҳи июли соли гузашта марзбонони қирғиз дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 13 тонна алюминиумро ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷикистон боздошт карда буданд, ки арзиши тақрибии ин миқдор алюмини қочоқӣ 16,5 ҳазор доллар ҳисоб шуда буд. Ин алюмини қочоқиро дар рустои Жаштики вилояти Бодканд боздошт карда буданд.

Дар ҳоли ҳозир дар феҳрасти кишварҳое, ки барои транзити алюминуми қаламрави онҳо истифода мешавад, Қирғизистон шомил намешавад.

Се рӯзе пеш марзбонони қирғиз се шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт кардаанд. Бино ба иттилои Кумитаи давлатии марзбонони Қирғизистон, ин афрод дар минтақаи Максати ноҳияи Лайлаки ин кишвар дастгир шудаанд. Боздоштшудагон бо худ шиноснома ё асноди дигар надоштаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, сокинони Тоҷикистон ба хотири дарёфти кор вориди Қирғизистон шуда, аммо барои фаъолият дар ин кишвар иҷозатнома надоштаанд. Афроди боздоштшуда ҷарима шуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шудаанд.

Аммо мавориди боздошти сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон бо қочоқ, ба хусус маводи сухтӣ дар марзи Қирғизистон дар гузашта ҳам ба мушоҳида расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG