Пайвандҳои дастрасӣ

ВКД: Сокинони боздоштшудаи Тоҷикистон аз Русия ба Туркия рафтаанд


Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони боздоштушдаи кишвар дар марзи Туркия бо Сурия аз минтақаҳои Русия ба он ҷо рафтаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони боздоштшудаи кишвар дар Туркия, ки ба иддаои Истанбул қасди гузаштан ба Сурияро доштаанд, эҳтимол аз Русия ба он ҷо рафтаанд. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ВКД 13 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳеч мумкин нест, ки онҳо аз Тоҷикистон ба он ҷо рафта бошанд. Аслан гурӯҳҳои миёнарав аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ дар Русия сайди худро шикор карда, сипас ба Сурия мефиристанд."

Ӯ афзуд, аммо аз ҷузъиёти ин боздошт хабар надоранд ва танҳо чизе, ки маълумашон ҳаст, иттилои расонаҳост.

Ёвари сафири Тоҷикистон дар Анкара низ рӯзи 13 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар робита ба боздошти як гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар наздикии марзи Туркия бо Сурия, аз мақомоти Туркия маълумоти расмӣ ба даст наовардаанд.

Матбуоти Туркия қаблан хабар дод, ки шоми 12 июл дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Ғозиёнтеппа 25 нафар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бовар меравад, ки ин афрод, як бахши аъзами онҳо ҳамроҳ бо хонаводаҳои худ, қасди рафтан ба Сурия ба хотири пайвастан ба созмони тундрави "Давлати исломӣ"-ро доштанд.

Хабаргузории Догани Туркия рӯзи 12 июл гузориш дод, ки танҳо дар 3 рӯзи ахир – аз 10 то 12 июл – дар ин кишвар 45 шаҳрванди хориҷиро бо гумони қасди сафари Сурия ба хотири пайвастан ба сафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дастгир кардаанд. Бино бар ин манбаъ, 21 нафари аввал, ки шаҳрванди кадом кишвар будани онҳо нашр нашудааст, рӯзи 10 июл дар Истанбул ва 25 тани дигар, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 12 июл дар истгоҳи автобусҳои шаҳри Ғозиёнтеппа, воқеъ дар ҷанубушарқи Туркия, дар наздикии марзи ин кишвар бо Сурия, дастгир шудаанд.

Акси яке аз кӯдаконе, ки ҳамроҳи волидонаш дар марзи Туркия ва Сурия боздошт шудааст

Акси яке аз кӯдаконе, ки ҳамроҳи волидонаш дар марзи Туркия ва Сурия боздошт шудааст

Мақомоти Туркия то ҳол бо ҳамин бароварди “аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон” иктифо карда, ҳанӯз нагуфтаанд, ки аз ин 45 нафар мушаххасан чанд нафараш аз Тоҷикистон аст.

Туркия, ки танҳо бо Сурия 877 километр ва бо Ироқ 331 километр марзи мустақим дорад, ҳамеша як масири умдаи ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои тундрави мазҳабии фаъол дар Сурияву Ироқ рехтани ҷангҷӯён аз кишварҳои мухталиф дониста мешуд ва мақомоти ин кишвар пайваста дар бораи боздошти афроде, ки қасди сафар ба ҷанги Сурияву Ироқро доштанд, гузориш медоданд. Аммо боздошти якбора 45 нафар дар роҳи сафар ба Сурия ва он ҳам дар зарфи 3 рӯз хабаре бесобиқа аст.

Ҳамин тавр, ин барои бори аввал аст, ки чунин гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар Туркия аз роҳи ҷанги Сурия баргардонда мешаванд. То кунун шаҳрвандони тоҷик ба чунин сурати гурӯҳӣ дар Туркия ба даст наафтода буданд.

Аммо хабари боздошти гурӯҳи бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба Сурия барои пайвастан ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” дар ҳоле нашр мешавад, ки масъалаи пайвастани атбои Тоҷикистон ба сафи ин созмон ва гурӯҳҳои дигари тундрав дар Ховари Миёна хеле боз ба як мояи нигаронии ҷиддии мақомоти амниятии ин кишвар табдил ёфтааст. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, то имрӯз ширкати дастикам 412 нафар аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ мушаххас ва дар бораи кушта шудани то 100 шаҳрванди тоҷик дар ин ҷангҳои бегона гузориш шудааст.

Нашрияҳои “Hurriet” ва “Sabah” хабар доданд, ки як бахши аъзами ин ҷангиёни оянда зану фарзандони худро низ ҳамроҳи худ ба Сурия мебурданд.

Рӯзномаи “Sabah” аз қавли манобеаш менависад, ин 45 нафари боздоштшударо ба идораи муҳоҷират месупоранд ва онҳоро баъдан аз Туркия ихроҷ хоҳанд кард. Бино ба гуфтаи манобеи ин нашрия, мақомоти амниятии Туркия иттилоъ ба даст оварда буданд, ки шаҳрвандони зиёдии хориҷӣ қасди сафар ба Туркия ва гузаштан ба Сурия аз тариқи шаҳри марзии Ғозиёнтеппаро доранд. Амалиёти бозҷӯии мусофирон дар истгоҳи автобусҳои Ғозиёнтеппа, бино ба гузориши нашрияи “Sabah”, бар асоси ҳамин маълумоти иктишофӣ ба роҳ андохта шуда, дар ҳарфи ҳамагӣ 3 рӯз ба боздошти 45 нафар дар роҳи сафар ба ҷанги Сурия ноил шуд.

“Sabah” меафзояд, дастгиршудаҳоро ибтидо барои ташхис ба бемористон бурда, сипас дар бахши зиддитеррори пулис мавриди бозпурсӣ қарор додаанд ва баъди бозҷӯӣ онҳоро ба идораи муҳоҷирати Туркия месупоранд, то аснодашонро барои ихроҷ омода кунад. Туркия афродеро, ки дар роҳи сафар ба ҷанги Сурия дастгир мешаванд,

маъмулан бо ихроҷ аз қалавмраваш ба далели “даст доштан дар фаъолиятҳои ифротӣ ва террористӣ” муҷозот мекунад.

Матбуоти Туркия менависад, шишаҳои автобусеро, ки боздоштшудаҳоро аз маҳалли боздошти онҳо дар истгоҳи автобусҳои Ғозиёнтеппа ба бемористон ва сипас ба пулис мебурд, парда пӯшида буданд, то хабарнигорон аз гумонбарон акс бардошта натавонанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангҷӯст, ки аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ҷудо шуда, соли гузашта қаламравҳои бузургеро дар Сурия ва Ироқ тасарруф кард. Ин созмон, ки бо қатли омм ва ҳатто зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани мухолифонаш ва пайравони динҳои дигару шохаҳои дигаридини Ислом ном баровардааст,иддао дорад, ки ҳадафаш эҳёи «хилофати воҳиди исломӣ»-ст.

Аммо бисёре аз кишварҳои дунё ин гурӯҳро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти байналмилалӣ мешуморанд ва алайҳи «Давлати исломӣ» таҳти раҳбарии Амрико як эътилофи низомӣ таъсис ёфтааст. Ин эътилоф аз моҳи августи соли 2014 ба ин тараф пойгоҳҳои "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқро таҳти ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG