Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои миёни муштарӣ бо ошпази тоҷик бо куштор анҷом ёфт


Раёсати умумии Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт-Петербург Оламафрӯз Исмоилов, як шаҳрванди Тоҷикистонро дар куштор муттаҳам донист.

Бино ба хабарҳои матбуоти Русия, 11 апрел дар хиёбони Маскави шаҳри Санкт-Петербург дар ҷараёни моҷарое, ки дар он тақрибан 10 нафар ширкат доштаанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди Русия корд задааст ва ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ Назари Мирзода-консули ифтихории Тоҷикистон дар Санкт-Петербург, ин муноқиша ва даргузашти як нафарро таъйид кард, вале Оламафрӯзро қотил намедонад. Вай афзуд:

Мирзода: Воқеан як ҳафта пеш дар наздикии бозори Садовый дар хиёбони Маскав ду нафар аз мардуми қабардину балқар ба қаҳвахонаи тоҷикон омада хӯрок хурда пул надодаанд. Онҳо дар гузашта ҳам чанд бор чунин рафтор карда будаанд. Барои ҳамин соҳибони қаҳвахона, бачаҳои тоҷик хоҳиш кардаанд, ки пули хӯрокро диҳанд ва дигар ин гуна рафтор накунанд. Вале дар ҷавоб яке аз онҳо тапончаи пневматикиро бароварда дар дохили қаҳвахона ба тирпарронӣ сар кардааст.
Назари Мирзода

Назари Мирзода

Бачаҳои тоҷик чаҳор нафар будаанд, он ду нафарро ба берун баровардаанд, ки моҷаро нашавад. Вале як тир ба ошпази қаҳвахона расидааст. Ошпаз дар ҷавоб ба вай корд задааст. Аз ҷараёни ин ҳодиса камера аз боло наворбардорӣ кардааст ва наворҳо вуҷуд дорад. Дар навор чеҳраи одамонро ташхис кардан мумкин аст.
Баъди ҳамин ҳодиса ҳафтаи гузашта тақрибан 400 нафар тоҷиконеро, ки дар бозор кор мекарданд, барои пурсиш даъват карданд. Ду рӯз бозпурсӣ давом дошт. Рӯзи чаҳоршанбе ҳам 100 нафари дигарро даъват каранд, бачаҳоро бозпурсӣ мекунанд, азоб медиҳанд. Вале ҳанӯз одами кордзадаро дақиқ накардаанд. Оламафрӯз шахси гумонбар аст. Бо вай ду нафари дигар ҳам ҳастанд. Он одамоне, ки дар ҷанг иштирок доштанд, гурехтаанд, ҳоло онҳоро пайдо накардаанд.

Озодӣ: Шахсе, ки аз зарби корди шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, кӣ будааст?

Мирзода: Шаҳрванди ҷумҳурии Қабардину Балқар аст. Ман ҳам дар бозпурсии баъзеҳо ширкат доштам. Бозпурсӣ мекунанд ва ҷавоб медиҳанд. Мо ҷамъияти тоҷикон гуфтем, ки худамон ҳам шахси кордзадаро ҷустуҷӯ мекунем ва ёрӣ мерасонем.

Озодӣ: Маъмулан баъд аз чунин ҳодисаҳо аз ду тараф ба қасосгириро шуруъ мекунанд. Оё талошҳои қасосгирӣ мушоҳида намешавад?

Мирзода: Ҳоло ором аст. Ду сол пеш ҳам тақрибан 15 нафар қабардинҳо бо тоҷикон ҷанҷол карда буданд. Тоҷикон онҳоро аз бозор ронданд. Онҳо баромада рафтанд. Вале баъди ин куштори ахир ҳар рӯз дар бозор рейд (тафтиш) мегузаронанд, ки чаҳор нафар кормандони қаҳвахонаро пайдо кунанд. Мо ҳам дар тафтиш ба онҳо кӯмак мекунем. Мехоҳем бубинем, ки онҳо кистанд. Вале пайдо нашудаанд. Ин ҷанҷол барои надодани пули хӯрок сар шудааст. Қабардинҳо инро хуб медонад.

Озодӣ: Ба ҳар ҳол барои пешгирӣ аз имкони моҷароҳои баъдӣ шумо коре кардаед?

Мирзода: Бале, ду рӯз пеш дар Хонаи Миллатҳо бо иштироки намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикҳо, узбакҳо, қазоқҳову қирқизҳо, қабардину балқарҳо ва миллатҳои дигар ҳам буданд, дар он ҷо ҷаласае баргузор карданд. Аз додситонии шаҳр ва ноҳияҳои Санкт-Петербург ҳам дар он ҷо буданд. Мо дар бораи ин куштор сӯҳбат кардем ва ҳама изҳори назар карданд, ки мо дар оянда барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо бояд чӣ кор кунем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG