Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шахсияти тоҷики гумонбар дар қатли стилисти рус маълум шуд


Дмитрий Любашенко

Дмитрий Любашенко

Тоҷики боздоштшуда бо гумони қатли стилисти рус Мӯҳсин Раҳимов ном доштааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав шахсияти шаҳрванди тоҷики гумонбар дар қатли мутахассиси маъруфи мӯди Русия Дмитрий Любашенкоро мушаххас кардааст. Бино ба иттилоъи консулгарии Тоҷикистон дар Русия, нафаре ки бо гумони даст доштан даро ин ҷиноят ба ҳабс гирифта шудааст, Мӯҳсин Мансурович Раҳимов, таърихи таваллудаш 21 марти соли 1992 мебошад. Ба гуфтаи ин манбаъ, қазияи Раҳимов дар шӯъбаи пулиси ҳавзаи ҷанубиву шарқии шаҳри Маскав таҳти таҳқиқ қарор дорад ва ӯ тақрибан якуним моҳи дигар дар ҳабс хоҳад монд.

Бино ба маълумоти мақомоти дипломатии Тоҷикистон, Мӯҳсин Раҳимов дар ҷараёни бозпурсӣ даст доштанаш дар қатли Любашенкоро радд карда, гуфтааст, рӯзҳои 3 ва 4 июн, ки таърихи эҳтимолии қатли ин стилисти рус гуфта мешавад, сари кор буд. Аммо бо вуҷуди ирсоли дархости расмӣ ба ниҳодҳои зидахли Русия, то ҳол ба мақомоти консулгарии Тоҷикистон муяссар нашудааст, ки бо худи Мансур Раҳимов мулоқот кунанд.

Мӯҳсин Раҳимовро бо гумони даст доштан дар куштори Дмитрий Любашенко -муттахассиси мӯди Русия боздошт кардаанд. Куштор дар аввалҳои моҳи июн дар Маскав рух дода, ба гуфтаи мақомоти Русия, аз шахси гумонбар телефони марбут ба Любашенкоро пайдо кардаанд.

Любашенко, яке аз шахсиятҳои машҳур дар доираҳои ҳунарии Русия, дар авоили моҳи июн дар хонаи худаш аз зарби корд ҷон дода буд.

Ин аввалин мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик бо гумони даст доштан дар қатли шахсиятҳои маъруфи Русия нест.


Масрурҷон Ятимов ва наҷмиддин Муҳиддинов дар додгоҳ

Масрурҷон Ятимов ва наҷмиддин Муҳиддинов дар додгоҳ

Дар соли 2008 ду шаҳрванди Тоҷикистон - Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов - бо ҷурми қатли Илёс Шӯрпоев, хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия (ОРТ) дар шаҳри Маскав аз сӯи додгоҳи олии Тоҷикистон ҳар кадом ба 21 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи тафтишот, Ятимов ва Муҳиддинов Шӯрпоевро 21 марти ҳамон сол дар Маскав кушта, як рӯз пас тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Азбаски Қонуни асосии Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонашро манъ мекунад, муҳокимаи ин ду нафар дар додгоҳи олии Тоҷикистон анҷом шуд. Ин ду нафарро ҳам тавассути телефони мобили Шӯрпоев, ки онҳо бо худ ба Тоҷикистон оварданд, муқаррар ва боздошт карда буданд.


Илёс Шӯрпоев

Илёс Шӯрпоев

Сабабҳои қатли Дмитрий Любашенко ҳанӯз эълон нашудааст. Вале дар мавриди Шӯрпоев бархе расонаҳо ҳадс мезаданд, ки куштори ӯ шояд ба рағбаташ ба ҳамҷинсгароӣ рабт доштааст. Бино ба хабарҳо, хабарнигори ОРТ қотилони худро дуруст аз боғе, ки дар Маскав ҳамчун ҷои мулоқоти ҳамҷинсгароён маъруф аст, пайдо карда, ба манзили иҷорааш ба "меҳмонӣ" оварда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG