Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 3 нафар бо иттиҳоми қатли Шурпаев


Хабарнигори доғистониасли Русия Илёс Шурпаев.
Хабарнигори доғистониасли Русия Илёс Шурпаев.

Мақомоти тоҷик боздошт шудани се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар куштори хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпаев тасдиқ карданд.

Сардори Ситоди ниҳодҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Ҳайдар Маҳмадиев дар Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳамчун гумонбари асосии куштор сокини ноҳияи Шаҳринав Масрурҷон Ятимов боздошт шуда, ҳангоми кофтуков аз манзили вай телефони ҳамроҳ ва соати дастии мақтул кашф ва мусодира шудаанд.

Ҳамин манбаъ афзуд, қаблан ду сокини шаҳри Душанбе, бародарон Муҳиддиновҳо, бо ҳамин иттиҳом боздошт шуда, мавриди бозпурсии ҳайати эъзомии полиси Маскав қарор гирифтаанд. Дар бораи ангезаҳои куштор хабар дода намешавад. Қаблан гуфта мешуд, як нафар дар Душанбе ва дигаре дар Хуҷанд боздошт шудаанд.

Полиси Маскав, ки куштори журналисти Русияро аз руи фарзияҳои марбут ба фаъолияти касбии мақтул, ғорату яғмо ва ангезаҳои хусусй таҳқиқ мекунад, мегуяд, аз руи занги телефонҳои ҳамроҳ муайян кард, ки қотилон ба Тоҷикистон парвоз кардаанд.

Собиқ мудири дафтар дар Қафқози Шимолй ва ахиран хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпаеви 32 сола шаби 21 март дар манзили кирояаш дар кучаи Вешние водии Маскав бераҳмона ба қатл расида, манзилаш ба оташ кашида шуд.
XS
SM
MD
LG