Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Синамои тоҷик: Дар дил ҳавасҳо дорем...


Замоне толори синамои "Ҷомӣ" аз маъруфтарин маконҳои намоиши филмҳои бадеӣ буд

Замоне толори синамои "Ҷомӣ" аз маъруфтарин маконҳои намоиши филмҳои бадеӣ буд

Шӯрои синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки шумораи толорҳои синамо дар шаҳрҳои калони кишвар камшумор шудаанд ва ё аз байн рафтаанд.

Шӯрои синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, ки шумораи толорҳои синамо дар шаҳрҳои калони кишвар камшумор шудаанд ва ё аз байн рафтаанд. Сафар Ҳақдодов, раиси Шӯрои синамогарон дар маросими таҷлили Рӯзи кинои тоҷик, ҷумъаи 16 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи барномаи вижае барои рушди кинои тоҷик қарор буд, 52 кинотеатр дар Тоҷикистон таъмиру бозсозӣ шавад, аммо ин барнома амалӣ нашуд. Панҷ соли пеш, дар соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон барои рушди кинои тоҷик барномаи вижае қабул кард, ки ба қавли Сафар Ҳақдодов, то имрӯз ҳамагӣ 20 дарсади он иҷро шудааст. Ин ҳунарманди тоҷик мегӯяд банде, ки дар ин барнома ҷой дораду тамоман иҷро нагардидааст, таъмиру бозсозӣ ва замонавӣ кардани кинотеатрҳои тоҷик аст.

Далели аслии амалӣ нашудани ин тарҳ набуди маблағ мебошад. Ба қавли ӯ, дар даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон ягон кинотеатри хубу замонавӣ бунёд нашудааст. Вай мегӯяд, дар баъзе шаҳрҳо, мисли Хоруғ тамоман кинотеатр намондааст. Дар Душанбе ва Хуҷанд ҳамагӣ чанд кинотеатр ҳаст, ки онҳо низ шароити хубе надоранд, гуфт Сафар Ҳақдодов. Раиси Шӯрои синамогарони тоҷик мегӯяд, то замоне кинотеатрҳои замонавӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз накунанд, филми тоҷик низ рушд намекунад.

Ба қавли Сафар Ҳақдодов, агар як сабаби ба кинотеатр кам рафтани мардум вазъи бади ин маконҳо бошад, сабаби дигар набудани филмҳои ҷолиб аст. Ширкати "Тоҷиккино" чанд соли охир бо далели камбуди молӣ натавонистааст филмҳои хубро наворбардорӣ кунад. Солҳои охир бо делелҳои мухталиф шумораи онҳое, ки барои тамошои филм ба кинотеатр меоянд шадидан коҳиш ёфт. Агар як далел набуди барқ бошад, далели дигар дастрасии шаҳрвандон ба таҷҳизоти замонавӣ, аст, ки тамошои филмро дар хонаҳо осон кардааст.

Барои намуна, рӯзи ҷумъа чанде аз ҷавонони пойтахт барои тамошои филм ба кинотеатри ба номи "Ҷомӣ” рафтанд, аммо аз сабаби набуди барқ натавонистанд дар ин рӯз филм бубинанд. Парвиз Ашӯров, сокини 23-солаи Душанбе, ки дӯстдухтарашро дар назди кинотеатри Ҷомӣ интизор буд, мегӯяд, ҳарчанд дар пойтахт ягон кинотеатри замонавӣ нест, аммо моҳе як маротиба бо дӯстдухтараш ба тамошои филм мераванд. Ӯ мегӯяд, филмҳои хориҷӣ барояш писанд аст ва филмҳои тоҷикиро боре ҳам тамошо накардааст.

Гулбаҳор, як сокини ҷавони пойтахт мегӯяд, то ҳол боре ҳам ба ягон кинотеатри пойтахт нарафтааст ва намедонад, ки дар пойтахт чанд кинотеатр аст. Кинотеатри "Ватан" дар замони Шӯравӣ яке аз машҳуртарин толорҳои синамои тоҷик ба ҳисоб мерафт. Аммо ҳудудан 10 сол аст, ки дар толори он ҳеҷ филме намоиш дода нашудааст.

Раҳим Мӯъминов, посбони ин муассиса мегӯяд, ҳоло дар толори ин кинотеатр ҷавонон рақсу тамрин мекунанд. “Баъзан аз рустоҳои дурдаст бо ёди филмҳои даврони ҷавонӣ пиронсолоне сар мезананд. Онҳо намедонанд, ки ин толори синамо аз кор бозмондааст", - гуфт дарбони кинотеатри "Ватан". Ба далели хуб набудани вазъи кинотеатрҳо дар Душанбе сокинон низ мегӯянд, чандон майли рафтан ба ин маконро надоранд. Аммо ба фарқ аз сокинони ҷавон, кӯҳансолон бо ёдоварӣ азӯ замони ҷавониашон мегӯянд, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёташон дар кинотеатрҳо гузаштааст.

Гулнора Валиева, як сокини Душанбе мегӯяд, вақте ки ҷавон буд, ҳар ҳафта дар кинотеатри "Ватан" филми наве тамошо мекард ва ҳоло надорад маротибаи охир кай ба хонаи кино рафтааст. Гулнора Валиева мегӯяд, ҳоло на вазъи кинотеатрҳо хубанд ва на филми ҷолибе намоиш медиҳанд, ки кас шавқманд шуда, ба он ҷо равад.

Дар Тоҷикистон ҳамасола 16-уми октябр ҳамчун Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мешавад. Имсол бошад, кинои тоҷик 85-солагии худро таҷлил кард. Зимни таҷлил аз рӯзи кинои тоҷик ҳунармандон мушкили кинотеатрҳоро баҳс карданд. Дар се соли охир дар Тоҷикистон 10 филми бадеӣ, 21 филми мустанад ва 10 филми кӯтоҳ наворбардорӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG