Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Партоби коғазу пластик ва пластмасса дар хиёбонҳои Душанбе ба манбаи даромади кӯдакон дар фароғати тобистона табдил шудааст.

Эҳсон Нозилшоеви 12-сола ҳамроҳ бо ҳамсину солҳои худ ҳар рӯз аз кӯчаву хиёбонҳо дар маҳаллаи "Гипрозем"-и Душанбе коғазпораву паластмасса ва пластикро ҷамъ оварда ва мефурӯшад. Дар ин маҳалла анборе фаъол аст, ки коғазу пластмасса мехарад.

Эҳсон Нозилшоев мегӯяд, ки "мо ин баклашкаҳоро аз кӯча ҷамъ меорему инҷо месупорем, пул мегирем, бо ин пулҳо либоси мактабӣ мехарем, дар мактаб истифода мебарем."

Зери ҳавои боз дар ин анбор аз партоби коғазу пластмасса ва пластик теппаҳо бунёд шудааст ва харидорони аслиро интизор аст. Харидорони аслии ин партобҳо соҳибони корхонаҳое ҳастанд, ки коғазпораҳову пластмассаро дубора коркард намуда ва маҳсулоти мавриди истифода тавлид мекунанд.

Лутфуллоҳ Мирзомуродов, масъули анбори партобҳо гуфт, ки аз ин партобҳо куттиҳои пластмасси барои мевагирӣ, аз коғазҳопораҳо коғази ташноб, қуттиҳои тухмгирӣ, тайёр мекунанд. Ӯ мегӯяд, ки селофанҳоро дубора коркард намуда ва боз селофан истеҳсол мекунанд ва аз пластмассаҳои мулоим, зарфҳо барои гирифтани кетчуп омода мешавад.

Таъсиси анбори партобҳо махсусан кӯдаконро дар ҷамъоварии партобҳо аз кӯчаву хиёбонҳо маъсул ва ҳавасманд кардааст. Ба гуфтаи мудири анбори партобҳо Лутфуллоҳ Мирзомуродов, "инро асосан кӯдакон аз партовгоҳу кӯчаҳо ҷамъ оварда, ба мо мефурӯшанд. Ин як ҳавасмандӣ аст, ки кӯдакон партобро дар кӯчаҳо намеандозанд. Бо ин роҳ партов ҳам дар шаҳр кам мешавад."

Қаблан дар Душанбе шикоят мешуд, ки сокинон партоби худро шабона пинҳонӣ ҳатто дар кӯчаву пушти манзилҳо меандозанд. Аммо ҳоло ин партоб ба як манбаи даромад ва таъмини хонаводаҳо табдил шудааст.

Зарина Тағоева, сокини Душанбе мегӯяд, ки "аз наздики партовгоҳҳо, аз бозорҳо, ҷамъ карда меорем. Дар ду-се рӯз як бор меорем. Ин дафъа овардам, 15 сомонӣ шуд. Бо ин пул ба кӯдаконам нон ё қанд ё чизи дигар мехарам."

Масъулони муҳити зист аз афзоиши партобҳои сунъӣ, махсусан паластику пластмасса дар кӯчаву хиёбонҳо ва махсусан рӯдхонаҳо нигаронии ҷиддӣ мекарданд. Зеро ба эътиқоди онҳо, ин теъдод партобҳо дар табиат ҳазм нашуда ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.

Аммо ба назар мерасад, ки бо таъсиси нуқтаҳои ҷамъоварии партобҳои ҳадди ақал дар ҷойҳои намоёни маҳалҳои зист, мушкили партоби пластмассаву пластик ҳал хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG