Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти як фоҷиа: Фақат Гулрӯ зинда монд...


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

​Як тифли дусола аз ноҳияи Мастчоҳ дар пайи ба ҷарии 300 метр сарозер шудани мошине дар масири Хуҷанд - Душанбе зинда мондааст.

Гулрӯ Абдураҳмонзода, як тифли дусола аз ноҳияи Мастчоҳ ягона мусофири "Ҳундай Старекс" будааст, ки баъди сарозер шуданаш ба ҷарии 300 метр дар ҳудуди ҷамоати Хушекати ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе, зинда мондааст.

Абдуллоҳ Ҳоҷиев – муовини сардори дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ рӯзи 16 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи якшанбе, 15 ноябр ҳангоми бозгашти хонаводаи Гулрӯ Абдураҳмонзода аз Мастчоҳи нав ба Мастчоҳи кӯҳна ё Мастчоҳи Кӯҳӣ рух додааст.

"Мошин 300 метр ҷар шудааст, вале ин кӯдак умуман осеб надидааст. Баъд аз садама ӯро ба бемористони ноҳияи Айнӣ бурдаанд. Сипас наздиконаш омада, ӯро аз он ҷо гирифтаанд. Ҳоло дар дасти наздиконаш аст," - афзуд Ҳоҷиев.

Дар пайи ин садамаи маргбор ронандаи 32-сола Равшанбек Наботов ва мусофиронаш Кӯчак Мирзоев, Муҳаббат Латифова, Санавбар Абдураҳмонова, Халилуллоҳ Абдураҳмонзода, дар маҷмӯъ панҷ нафар, ҷон бохтаанд.

Абдулло Ҳоҷиев мегӯяд, ки ҷасади ронанда Равшанбек Наботовро дар ноҳияи Мастчоҳи Куҳӣ ба хок супурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз аз ронанда мусофирони дигар ҳама аз як оила буда, Кӯчак Мирзоев ва Муҳаббат Латифова - зану шавҳар, Санавбар Абдураҳмонзода - духтари онҳо ва Халилуллоҳ Абдураҳмонзода набераашон будааст.

“Азбаски фарзандони Кӯчак Мирзоев дар Мастчоҳи нав зиндагӣ доранд, онҳо ҷасади падар ва аъзои дигари ҳалокшудаи оилаашонро ба он ҷо бурда, гӯронданд,” – гуфт ӯ.

Ҳоҷиев мегӯяд, ин садама баъди гузаштан аз нақби “Шаҳристон” дар роҳ ба сӯи ноҳияи Айнӣ рух дода, дар лаҳзаҳои садама модари Гулрӯ ин тифли яксоларо аз тирезаи мошин ба берун партофтааст. Вай бовар дорад, “шояд аз тиреза ба берун ҳаво додани кӯдак сабаб шудааст, ки ӯ зинда монад. Вагарна ӯ ҳам қурбони ин садама мешуд.”

Вазорати корҳои дохилии дохилии Тоҷикистон иллати ин садамаи маргборро “боришоти зиёди барфу борон ва фаромадани сангпораҳо” донистааст.

Шоҳроҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ аз ҷодаҳои пурхатар ба ҳисоб мераванд. Хабари садамаҳои ҳалокатбор ба вижа дар фасли сармо, ки ин ҷодаҳоро барф мепӯшонад, зиёд мерасанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар рӯзи 14 ва 15 ноябр ба ҷуз аз садамаи маргбори хонаводаи Кӯчак Мирзоев, боз ду садамаи ҳалокатбор дар масири Душанбе - Хуҷанд ва Айнӣ - Панҷакент сабт шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 14 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, дар километри 238-ум ба ақиби автомашинаи тамғаи “Дулан”, таҳти идораи ронандаи 38-сола аз ноҳияи Бохтар бархӯрда, дар натиҷа як мусофири 31-солаи мошини "Опел" - сокини шаҳри Истаравшан ба ҳалокат расидаааст.

Рӯзи 15 ноябр бар асари аз кӯҳ фаромадани сангпора дар роҳи Айнӣ -Панҷакент автомашинаи тамғаи “БМВ” ба садама дучор шуда, дар пайи он як мусофираш ҷон бохтааст.

Бино ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ 1514 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин садамаҳо 446 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG