Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

4 июн Рӯзи байналмилалии пуштибонӣ аз кӯдакони бегуноҳи қурбонии табъиз буд. Дар ин рӯз Озодӣ ба сарнавишти кӯдаконе мепардозад, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Духтари 14-солаи тоҷик, ки мегӯяд, як сол пеш дар Русия аз ҷониби як марди муҳоҷири тоҷик таҷовуз шудааст, дар дил алам дорад, ки ин мард ҷазои амалашро нагирифтааст. Ин духтар, ки Гавҳар ном дорад ва нахост насабаш гуфта шавад, дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Вай ҳанӯз дар 13-солагӣ ҳамроҳ бо модар ва хоҳари 5-солааш ба Русия ҳиҷрат карда буд.

Падари Гавҳар баъд аз он ки маълум шуд, ҳамсараш саратон дорад, оилаашро аз хона ронд ва модар маҷбур шуд, дар ҷустуҷӯи рӯзӣ ба Русия равад. Он вақт
Гавҳар дар синфи 7-ум мехонд. Ӯ намехост, аз ҳамсинфонаш ҷудо шавад, аммо нигоҳубини ӯ ва хоҳарашро касе ба ӯҳда нагирифт ва модар ночор онҳоро бо худ бурд. Онҳо дар Русия дар хонаи як кампири рус зиндагӣ мекарданд, ки яке аз ҳуҷраҳояшро ду муҳоҷири тоҷик иҷора гирифта буданд

Ба нақли ин духтараки 14-сола ӯ ва хоҳари 5-солаашро модараш дар назди зани рус монда худаш ба кор мерафтааст. Ин духтари ноболиғ, ки аз сӯй марди тоҷик таҷовуз шудааст бо ҳаяҷон мегӯяд, модараш ҳамеша субҳи барвақт ба кор мерафт ва онҳо дертар аз хоб бедор мешудаанд. Пиразани рус ҳам маъмулан ҳар субҳ ба мағоза мерафтааст. Аз ин рӯ замоне, ки марди тоҷик вориди хонаи хоби ду духтари ноболиғ шудааст на пиразан ва на модари онҳо дар хона набудааст.

Гавҳар мегӯяд: «Саҳари барвақт очаам кор рафта буду худам ҳоло хоб будам. Марди ҳамсоямон омада, хоҳарамро хонаи дигар бурду худаш ба ҷойгаҳи ман даромад. Ҳамин қадар гиря кардам, ки акаҷон, накунед, гӯш накард. Сахт тарсидам. Боз гуфт, агар ба касе бигӯӣ, мекушамат. Аз тарси бисёр шаш рӯз очама гуфта натонистам.»

Ба нақли ин духтари ноболиғ, замоне хоҳари 5-солааш пушти дари хона гиря карда нишаста будааст, пиразани рус омада, чаро гиря карданашро пурсидааст. Духтари 5-сола низ мегӯяд, «акам апама чӣ коре кард, ки гиря дорад.» Ҳангоме зани рус вориди утоқи хона мешавад, Гавҳар сахт тарсида буд. Хомӯш мегирист ва ба саволҳои пай дар пай пиразан посух намедод.

Гавҳар мегӯяд, ҳоло дигар метарсад, ҳатто ба кӯча барояд.

Модари Гавҳар мегӯяд, аз таҷовуз шудани духтараш ӯро пиразани рус огоҳ карда, ҳатто барои ба додгоҳ кашиданаш низ кумак намудааст. Аммо марде ки духтарашро таҷовуз кардааст гурехта, ба Тоҷикистон омадааст. Додситонии Тоҷикистон бошад, бо баҳонаи он, ки макони ҳодиса кишвари дигар аст аз таҳқиқи парванда худдорӣ кардааст.

Зебунисо, модари Гавҳар аз зурии ашк бо мо чандон роҳат гап зада натавонист. Вай мегӯяд духтараш дар Севастополи Русия таҷовуз шудааст. Ӯ бо гиря мегуфт аз як ҷониб агар бемории саратон азияташ диҳад, аз ҷониби дигар бепадар будани ду духтари ноболиғ ва таҷовуз шудани яке аз онҳо зиндагияшро ба ҷаҳаннам табдил додааст.

Зебунисо ҳамагӣ 36 сол дорад ва мегӯяд зиёд мехоҳад ҳама дарди дилашро ба ҷомеа бигӯяд, аммо аз он, ки ояндаи духтаронаш «насӯзад» на танҳо ошкоро чизе гуфта наметавонад, балки аз хунукназарии мақомот низ ба ҷое додхоҳӣ рафта наметавонад. Ӯ мегӯяд марде, ки духтарашро таҷовуз кардааст сокини ноҳияи Рӯдаки мебошад ва пас аз фирор ба Тоҷикистон аз тарси мақомоти Русия шиносномаву насабашро дигар карда, дубора ба Русия рафтааст.

Модар ду бор ба Русия мактуб кард, аммо ҷавоб гирифт, ки ҳанӯз гумонбарро пайдо накардаанд. Додситонии Тоҷикистон ба ин номаҳо ва баёноти хаттии зани рус қонеъ нашуда талаб кардааст, ки Гавҳар дубора экспертиза шавад.

Модари Гавҳар мегӯяд: «Ман ин корро ҳам кардам, аммо баъдаш баҳона пеш оварданд, ки гӯё мӯҳлати даъво гузашта бошад. Ман наздики як сол мешавад талош дорам то аз ҳаққи духтарам дифоъ кунам. Вале ҳама талошҳоям бенатиҷа мондаанд. Охир ҳамагӣ пас аз чанд ҳафтаи ба Русия рафтанамон ин ҳодиса рӯй дод. Пул надоштам, сари вақт ба Тоҷикистон биёям. Бо кӯмаки пиразани рус, ки ба мақомоти дахлдор баромад, маро ба Тоҷикистон равон карданд. Мехостам, як порча замин харида, хона созам, то духтаронам дар кӯча намонанд. Ҳоло пул надорам, ки худамро табобат кунам. Ё духтаронамро ба мактаб бимонам. Ман ҳам мехоҳам духтарам таҳсил кунад. Мисли ман бесавод нашавад.»

Талошҳои ин зан дар ҳоле ҷараён доранд, ки усулан волидайн таҷовуз шудани фарзандони ноболиғи худро пинҳон медоранд ва ҳам намедонанд, фишори сахти равониероо, ки ба сари кӯдак меояд, чӣ гуна бояд рафъ намуд.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси маркази бӯҳронии Кумитаи занон мегӯяд, модарон бештар фикри обрӯи худро мекунанд, на ҳолати равонии кӯдакро. Ба қавли хонум Кенҷаева дар соли ҷорӣ ҷиҳати кӯмаки равонӣ ягон нафар аз духтарони ноболиғ, ки таҷовуз шуда бошад муроҷиат нашудааст. Дар соли 2013 бошад танҳо 4 духтари ноболиғро барои гирифтани кӯмаки равонӣ ба ин марказ бурдаанд. Вай меафзояд: «Вақте духтарчаҳои таҷовузшударо меоранд, дар ҳолати сахти равонӣ қарор доранд. Ҳатто баъзе аз онҳо аз гап тамоман мемонанд. Онҳоро аз чанд ҷониб фишор меоранд. Модарон ба ҷои он, ки кӯдаконро рӯҳан дастгирӣ кунанд, баръакс ҳамеша онҳоро гунаҳкор мекунанд, ки обрӯяшонро паст кардаанд. Соли гузашта як духтари 13-соларо оварданд, ки аз ҷониби як ҷавони 26-сола таҷовуз шудааст. Вақте ҳамроҳаш сӯҳбат кардем, вай гуфт, ҳатто омодааст, маргро қабул кунад. Аммо модараш бепарво гаштаву баргашта «чаро ин корро накардӣ? Чаро он корро накардӣ?» гуфта сарзанишаш мекард. Агар мо ба вай кӯмаки равонӣ намекардем, эҳтимол буд духтарча худкушӣ кунад.»

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус ҷинояти сангин ҳисоб меравад ва барои анҷоми он ҷазои ҷиноӣ пешбини шудааст. Дар қисми 3 банди а-и моддаи 138-и Қонуни ҷинои Тоҷикистон, барои таҷовуз ба номуси ноболиғи то синнӣ 14 сола аз 12 то 25 сол ва ҳатто ҳабси якумрӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин дар моддаи 139-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои «амалҳои маҷбурии характери шаҳвонидошта» нисбати шахси ноболиғ, аз 7 то 10 соли зиндон дар назар аст.

Абдуқаюм Юсуфӣ, ҳуқудони тоҷик мегӯяд: «Ман дақиқан гуфта наметавонам ,ки солҳои охир таҷовуз ба номуси ноболиғон кам шудааст ё не. Аммо ин категорияи ҷиноятҳо аз сабаби паст будани дониши ҳуқуқии мардум аксар вақт ошкорношуда мемонад. Аз ҷониби дигар ин хусусияти миллии мо аст, ки дар аксар ҳолатҳо дар сурати будани чунин ҷиноят аз ҷониби хешовандон ё волидони ноболиғи қурбонии таҷовуз ошкор намешаванд. Зеро ба хотири шарманда нашуданашон аз шикоят худдорӣ мекунанд.»

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯяд дар соли ҷорӣ ягон мавриди таҷовузи ноболиғ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо соли гузашта дар кишвар 51 мавриди таҷовуз ба номус сабт шуда буд, ки дар миёни қурбониёни онҳо ноболиғон низ ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG