Пайвандҳои дастрасӣ

Ронандаи фирорие, ки дар Кӯлоб 7 наврасро бо мошин зад ва яке аз онҳоро кушт, дастгир шудааст.

Маъмурони пулиси шаҳри Кӯлоб, як ронандаи фирориро, ки ҳафт навраси ширфурӯшро зер кард ва аз ҷои ҳодиса гурехт, дастгир кардаанд. Дар раёсати умури дохилии Кулоб рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Наимҷон Муродов, сокини ҳамин шаҳр дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯӣ дастгир шуд. Ба гуфтаи онҳо, ташхиси мошин ва ҳаракатҳояш собит кард, ки маҳз Наимҷон кӯдаконро зер кардааст.

Дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ин пеш хабар дод, ки Наимҷон Муродов бомдоди рӯзи 8-уми август ҳангоми ҳаракат аз самти рустои Сангпар ба шаҳри Кӯлоб, қоидаҳои ронандагиро риоят накарда ва ба ҳашт навраси ширфурӯшро, ки камтар аз 16-сол доранд, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи ин садама, Ҷамшед Бекназарови 14-сола дар маҳалли ҳодиса ҳалок шудааст ва Макнунаи Абдукарими 16-сола, бародараш Меҳриддини 14-сола, сокинони рустои Сангпар ҷароҳат бардоштанд. Ба қавли манбаъ аз раёсати умури дохилии шаҳри Кӯлоб, дар маҷмӯъ дар ин садама 7 наврас осеб дидаанд ва мӯҳраи яке аз ин наврасон сахт осеб дидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Наимҷон Муродов дар гузашта барои авбошӣ ба зиндон маҳкум шудааст. Ин дафъа ба эҳтимоли қавӣ Наимҷон Муродов бо гуноҳи қатли амдӣ ба солҳои тулонии зиндон маҳкум мешавад.

Дар Тоҷикистон рӯзона даҳҳо садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ мепайвандад ва ҳадди аққал як нафар ҷони худро аз даст медиҳад, вале фирор аз маҳалли садама камтар дида мешавад. Аз ҷумла вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 13-уми август хабар дод, ки дар натиҷаи ду садамаи нақлиётӣ дар як рӯз як тифли 2-сола ва як навраси 14-сола ҷон додаанд. Ҳодисаи аввал дар ноҳияи Ховалинг ва дуввумӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ба вуқӯъ пайвастааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG